Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ВА СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ

 

Коррупсия яке аз зуҳуроти хатарноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти кишвар ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф шудааст. Бинобар ин, муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, давлату Ҳукумати кишвар мунтазам барои паст намудани шиддат ва сатҳи коррупсия кўшишҳо ба харҷ медиҳанд.

Хотирнишон бояд сохт, ки аз рўзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолити давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили мубориза бар зидди коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Чунончи, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат ироа мегарданд,  оид ба хавфу хатарҳои коррупсия, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои манфии онҳо аз ҷиҳати илмиву амалӣ ибрози андеша карда, тарзу усулҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия ва кирдорҳои коррупсиониро масъалагузорӣ менамоянд ва дар заминаи ин ҳуҷҷатҳои расмӣ дар самти муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб чораҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ андешида мешаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки пас аз ба тасвиб расонидани «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия», яъне шуруъ аз 25-уми сентябри соли 2006 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то кунун зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуда, барномасозии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ роҳандозӣ гардид.

Мусаллам аст, ки сиёсати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ сиёсати ҳадафмандона ва аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок буда, барои пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири манфии коррупсия, инчунин бартараф намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда равона шудааст. Сиёсати ҳуқуқии зиддикоррупсионии кишвар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан дар паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Чунончи, Роҳбари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2001 зикр намуданд, ки «вазифаи муҳимтарини ҷомеаи дорои иқтисодиёти бозаргонӣ мубориза бо коррупсия мебошад». Ҳамзамон, Сарвари давлат дар Паёми зикршуда оид ба қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзўр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахўрӣ)» аз 21-уми июли соли 1999, № 1262 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10-уми декабри соли 1999, № 875 хотирнишон сохта, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки иҷрои санадҳои мазкурро таъмин намоянд.

Бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблаѓҳои буҷетӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2007, № 143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар иртибот ба таъсис ёфтани мақоми махсусгардонидашуда – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2007 ёдовар шуда, зикр намуданд, ки «ҷиҳати таъмини истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти назоратӣ, бартараф намудани тафтишҳои молиявии дубора ва такрори вазифаҳо, беҳтар намудани мубориза бо коррупсия Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис ёфт».

Барои ба танзим даровардани фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва муайян кардани мансубияти ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20-уми марти соли 2008, № 374 ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми сентябри соли 2007, № 414 «Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо» қабул гардиданд.

Тазаккур бояд дод, ки сиёсати зиддикоррупсионӣ навъе аз сиёсати ҳуқуқӣ маҳсуб меёбад. Тавре Президенти кишвар дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми апрели соли 2013 таъкид намуданд: «Пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии давлат боқӣ мемонад».

Зимнан, дар мамлакат дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ таҳия ва қабул гардидаанд. Чунончи, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (28-уми декабри соли 2012, № 925), «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» (7-уми августи соли 2020, № 1714) қабул шуда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2008, № 34 «Стратегияи мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ва бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, № 1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2013-2020» ва аз 3-юми августи соли 2021, № 222 «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тасдиқ гардида, ба як қатор санадҳои қонунгузории соҳавӣ бо мақсади мутобиқ гардонидани онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи мубориза бар зидди коррупсия таѓйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми феврали соли 2014, № 138 Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» таъсис дода шуд. Мақсад ва вазифаҳои асосии Марказ таъмини арзёбии шаффоф ва одилонаи дониши довталабон ва баробарҳуқуқии онҳо барои дарёфти таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии мамлакат, гузаронидани пажўҳишҳо ва арзёбии сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ тавассути тест; ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ; тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар дар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳо; ташкили мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот ва иштирок дар барномаҳои байналмилалии арзёбии дониши хонандагон иборат мебошанд. Дар баробари ин, Маркази миллии тестӣ дар пешгирӣ намудани кирдорҳои коррупсионӣ саҳми назаррас мегузорад. Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми январи соли 2015 дар иртибот ба таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар коҳишёбии шиддати коррупсия иброз намуданд, ки соли 2014 бори аввал қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ роҳандозӣ шуд, ки он талаби замон буда, омили асосии коҳишёбии шиддати кирдорҳои коррупсионӣ дар ин соҳа гардид. Масалан, солҳои қаблӣ то 20 фоизи довталабон ва падару модарони онҳо аз натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ шикоят мекарданд, вале соли 2014 аз 52 ҳазор нафар довталабон танҳо 400 нафар шикоят намуданд, ки ин рақам ҳатто як фоизро ҳам ташкил намедиҳад. Дар Паёми зикргардида Президенти мамлакат ёдовар шуданд, ки «мо дар паёмҳои гузашта ва дар дигар мулоқоту чорабиниҳо доим хотирнишон месозем, ки кирдорҳои коррупсиониро маҳкум мекунем ва мубориза бо ин падидаи номатлубро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлат мешуморем».

Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як анъаъна ва иқдоми неке ба роҳ монда шудааст, ки дар асоси дастуру супоришҳое, ки аз паёмҳои Президенти кишвар бармеоянд музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла, кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва андозаи нафақаву стипендияҳо зиёд карда мешаванд. Масалан, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беҳтар намудани шароити зисту зиндагонии шаҳрвандон ва таъмини шоистаи ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолии мамлакат зиёда аз 25 фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси баланд бардоштани музди меҳнат, андозаи нафақа ва стипендияҳо ба тасвиб расидаанд, ки аксарияти онҳо дар заминаи дастуру вазифаҳои паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, ки дар маҷмуъ ба коҳиш ёфтани шиддати коррупсия дар кишвар мусоидат намуданд. Бинобар ин, ҷиҳати паст намудани сатҳи коррупсия мувофиқи мақсад ҳисобида мешавад, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар соли 2024 масъалаи баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ба миён гузошта шавад.

Ҳамин тавр, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бар зидди коррупсия нақши баѓоят бузург доранд, зеро дар паёмҳои Президенти мамлакат ҷиҳати садди устувор гузоштан дар роҳи кирдорҳои коррупсионӣ тарзу усулҳои муқовимат ба ин падидаи номатлуб баён гардидаанд. Илова бар ин, бо назардошти хавфу хатари зиёд доштани коррупсия мубориза бар зидди он самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат зикр шудаанд. Дар асоси талаботи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия чораҳои ташкиливу ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардидаанд.

 

Сайнозимзода Фирўз –

Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва

сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор