Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

 

Паёми Президент - роҳнамо ба суи инноватсия

ва рақамикунонӣ дар Тоҷикистон

 

                                                                                                                                                                                                                                            “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии

                                                                                                                                                                                                                                              соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани

                                                                                                                                                                                                                                              шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ

                                                                                                                                                                                                                                               қадамҳои устувор гузошта истодааст”.                       

                                                                  Эмомалӣ Раҳмон

 

Тавре  ки ба мардуми шарафманди Тоҷикистон маълум аст санаи 28 декабри соли 2024 Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ироа гардид.

Ин Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун паёмҳои қаблӣ ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар бар гирифта, моро баҳри садоқат ба Ватан, хизмати софдилона ва илмомӯзӣ роҳандозӣ менамояд.

Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба раванди инноватсия ва рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷойгоҳи махсус дода, баҳри пешрафти самти мазкур пешниҳодҳои муфиду саривақтӣ намуданд.

Агар аз нигоҳи илмӣ назар намоем, рақамикунонӣ равиши табдил додани маълумотҳои ҳаммонанд ва тартиботи корӣ ба формати рақамӣ буда, он дар маҷмӯъ раванди истифодаи технологияҳои рақамиро ҷиҳати автоматикунонии тиҷорат, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва самаранокии ташкилоту корхонаҳоро дар бар мегирад.

Бо ибораи содда, рақамикунонӣ ин ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти инсон мебошад, ки дар натиҷа ҳаёти ҷамъиятӣ тағйир ёфта, сифати он беҳтар мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёми навбатӣ пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт  солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.

Дар ин раванд, Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муваззаф гардиданд, ки бо дарназардошти амалисозии ҳадафҳои пешбинигардида, то охири соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Қайд карда шуд, ки дар ҳуҷҷати зикршуда ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Дар ин замина санаи 8 январи соли 2025 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ
ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030 ба тасвиб расида, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардид, ки ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.

Бояд қайд намуд, ки  дар ҳошияи Паёми навбатии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки барои тасдиқи нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро муваззаф гардониданд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд.

Инчунин, ҳангоми ироаи Паём дастур дода шуд, ки дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:

Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.

Дуюм, то шабакаҳои панҷ– ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.

Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.

Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.

Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.

Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.

Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.

Дар ин раванд мақомотҳои дахлдорро зарур аст, ки ҳангоми таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҷодаи инноватсия ва рақамикунонӣ ба таъмини ҳифзи сирри маълумот ва ҳуқуқу уҳдадориҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои рақамӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки истилоҳи «ҳуқуқҳои рақамӣ» як категорияи бисёрҷанба буда, фаҳмиши он дар тӯли якчанд марҳила инкишоф ёфтааст ва бояд пайваста такмил дода шавад.

Дар истилоҳ “ҳуқуқҳои рақамӣ” объекти мустақили муомилоти шаҳрвандӣ ва тиҷоратӣ мебошанд, ки дар робита ба онҳо муносибатҳои ҷамъиятӣ ташаккул меёбанд. Яъне ҳуқуқҳои корпоративӣ, шартномавӣ, зеҳнӣ ва дигар ҳуқуқҳои маданӣ вобаста ба табиати ҳуқуқии объектҳои рақамӣ ва хусусияти муносибатҳои моликият, ки дар раванди татбиқи (истифодаи) технологияҳои рақамӣ ба миён меоянд.

Аз нигоҳи таҳлилгарон ҳуқуқҳои рақамӣ маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошанд, ки муносибатҳои иҷтимоиеро, ки вобаста ба истифодаи маълумоти рақамӣ ва технологияҳои рақамӣ ба вуҷуд меоянд, танзим мекунанд. Ҳуқуқҳои рақамии инсон, ки бо озодии баён ва дахолатнопазирӣ зич алоқаманданд, ба одамон имкон медиҳанд, ки ба васоити рақамӣ дастрасӣ пайдо кунанд, истифода баранд, эҷод ва нашр намоянд ва ба компютерҳо, дигар дастгоҳҳои электронӣ ва шабакаҳои коммуникатсионӣ дастрасӣ дошта бошанд.

         Маврид ба ёдоварист, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар шумурда, олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа меҳисобад ва баҳри пешрафти таълими насли ҷавон ҳамеша талош варзида, хоҳони ҳамқадами замон будани давлату миллат мебошад.

         Дар ин аснод, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми навбатии худ пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шуда, ба ин Донишгоҳ мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони самти мазкур дода шавад. Илова бар ин, дастур доданд, ки дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис дода шавад.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.

Вобаста ба ин, Сарвари давлат дар паёми худ ироа намуданд, ки муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад.

Бояд қайд намуд, ки ин пешниҳод яке аз иқдомҳои навбатии  Пешвои миллат дар ҷодаи илм буда, ба пешрафти давлат аз лиҳози илмиву иқтисоди такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар ин раванд мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст, ҷиҳати тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатӣ ба риоя ва эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат намояд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин раванд рақамикунонии соҳаи ҳуқуқи инсон низ рӯзмарра ба ҳисоб рафта, нақши ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ки масъули мусоидат баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар «воқеияти рақамӣ» мебошад бузург арзёбӣ мегардад.

         Мусаллам аст, ки дар раванди рақамикунонӣ ва истифодаи таҷҳизотҳои рақамӣ арзу шикояти шаҳрвандон вобаста ба поймолшавии ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо ҳангоми истифодабарии хизматрасонии рақамӣ зиёд мегардад.     

         Қайд кардан ба маврид аст, ки алакай дар соли сипаригашта ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар шароити рақамикунонӣ муроҷиатҳои шаҳрвандон ворид гаштаанд, ки самтҳои ҳифзи маълумоти шахсӣ, дастраси ба хизматрасониҳои электронии давлатӣ, дастраси ба интернет, дастраси ба маълумот ва ғайраро дар бар мегиранд.

         Бахуссус дастрасӣ ба иттилоот тибқи Стратегияи фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-25, яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти мазкур ба шумор рафта, аз ҷониби ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади муайян намудани ҳолати риояи ҳуқуқ ба иттилоот дар фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатӣ оид ба мутобиқати онҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет» аз 10 июли соли 2017, No344 пайваста мониторинг гузаронида мешавад.

                Дар ин аснод, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазифаи худ мешуморад, ки баҳри риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд ва таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз мусоидат намуда, ҷиҳати такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон саҳми арзандаи худро гузошта, ҳамкориҳоро бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тақвият бахшад.

        

Довудов М. Р.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор