Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Эътироф ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ақаллиятҳои миллӣ дар санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсон, бахусус дар Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи байналмилалӣ оид ба рафъи ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи таъмини ҳуқуқҳои шахсони ба ақаллиятҳои миллӣ мансуббуда, Эъломияи соли 1992 дар бораи ҳуқуқи шахсони ба ақаллиятҳои миллӣ ё этникӣ, динӣ ё забонӣ мансуббуда (Эъломияи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар бораи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ), Эъломияи соли 2001 Дурбан ва дигарҳо пешбинӣ шудаанд.

Сиёсати этникӣ дар Тоҷикистон ба муттаҳидии халқи Тоҷикистон равона шуда, ба муносибатҳои байни миллату халқиятҳо мусбӣ таъсир мерасонад ва мушкилоти ҷиддӣ вобаста ба якхела набудани аҳолӣ ба назар намерасад.

Халқи Тоҷикистон аз намояндагони зиёда аз 120 миллату халқиятҳо иборат буда, ба пуррагӣ ташаббусҳои давлатро дар самти сиёсати этникӣ ва конфессионӣ дастгирӣ менамоянд.

Меъёрҳои баробарии ақаллиятҳои миллӣ, роҳ надодан ба табъиз аз рӯи нишонаҳои миллӣ ва нажодӣ, ки дар қонунгузорӣ муайян шудаанд, ба пуррагӣ риоя ва ҳаллу фасл карда мешаванд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ақаллиятҳои миллиро ба худмуайнкунӣ эътироф намуда, дорои якчанд меъёрҳое мебошад, ки  бевосита ба муносибатҳои этникӣ дахл доранд.

Дар меъёрҳои Кодекси меҳнат ва ҷиноятӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ”, “Дар бораи фарҳанг”, “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»  манъи вайронкунии баробарии ҳуқуқ ё табъиз пешбинӣ карда шудаанд.

Ақаллиятҳои миллӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ҷамъиятҳои худро дар шакли иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис додаанд, ки ба эҳтиёҷоти намояндагони ақаллиятҳои миллӣ ҷавобгӯ мебошад. Тибқи маълумоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 то инҷониб дар ҷумҳурӣ 61 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, ки онҳо аъзои фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, дар ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иқтисодии кишвар самаранок иштирок мекунанд.

Қонунгузории ҷумҳурӣ ба ҳар як шаҳрванд новобаста аз аломатҳои ҷинс, нажод, ранги пӯст, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ ё дигар мавқеъ, баромади миллӣ ё иҷтимоӣ ҳуқуқу озодиҳои якхеларо кафолат дода, баробарии тамоми забонҳоро дар ҳудуди ҷумҳурӣ эътироф менамояд.

Дар ҷумҳурӣ ба ақаллиятҳои миллӣ озодии интихоби забони муошират, ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти умумии миёна ва иттилоот бо забони модарӣ кафолат дода шудааст. Ҳуқуқи интихоби озоди забони таҳсил тавассути таъсис додани шумораи зарурии муассисаҳои дахлдори таҳсилотӣ, синфхонаҳо, гуруҳҳо, инчунин муҳайё намудани шароити дахлдор барои фаъолияти онҳо таъмин карда мешавад.

Дар парламент, вазорату идораҳо, мақомоти судӣ намояндагони миллатҳои узбек, қирғиз, рус ва дигарҳо, аз ҷумла дар мансабҳои роҳбарикунанда кору фаъолият мекунанд.

Дар радифи пешравиҳо дар самти мазкур баъзе камбудиҳо ҷой доранд. Нарасидани китобҳои дарсӣ бо забонҳои ақаллиятҳои миллӣ ва омӯзгорон барои мактабҳои ақаллиятҳои миллӣ, кам будани намояндагии ақаллиятҳои миллӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатии сатҳҳои гуногун ва дигарҳо аз қабили ин камбудиҳо мебошанд.

Зарур аст, ки кӯшишҳо оид ба ҳавасманд намудани иштироки ақаллиятҳои миллӣ дар ҳаёти сиёсии кишвар ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дастгирӣ карда шаванд.

Бо мақсади пешбурд ва мониторинги ҳуқуқҳои дар Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи рафъи тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ пешбинишуда аз ҷониби кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон соли 2020 мониторинги фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гузаронида шуд.

Аз натиҷаи мониторинг оид ба тақвияти корҳо дар самти пешбурд ва риояи ҳуқуқҳои дар Конвенсияи мазкур пешбинишуда тавсияҳо пешниҳод карда шуданд.

Ҳамзамон ба мақсади тақвияти корҳои ташвиқотию тарғиботӣ вобаста ба ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ дар сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мақолаҳо дар мавзӯи “Масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ақаллиятҳои миллӣ” ва “Баробарии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манъи табъиз” нашр шуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон минбаъд низ корҳоро дар самти пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ақаллиятҳои миллӣ ва амалисозии тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ ва Кумитаҳои СММ дар самти мазкур тақвият медиҳад.

Сардори

Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои

шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи ВҲИ                                  

Ашуров М.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор