Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Биё, эй ҳамватан то ҷонфидои ин Ватан бошем...

       Ҳеҷ як давлат бе артиши тавонову разманда вуҷуд дошта наметавонад. Ин аст, ки давлатдорон барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи марзҳояшон ҷузъу томҳои мухталифи артиш созмон медоданд.

      Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард. Дар тӯли 32 соли фаъолият сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз неруҳои заминӣ, қувваҳои ҳарбӣ, неруҳои ҳавоӣ, қувваҳои махсус, неруҳои дифои ҳавоӣ, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қувваҳои амниятӣ иборатанд.

        23 феврали соли 1993 нахустин сафороии ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани мудофиаи кишвар, баҳри баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароитҳои техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамояд.  

       Дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъият дар ин самт ниҳоят душвор буд. Дар қисмҳои ҳарбӣ шароит он қадар хуб ба чашм намерасид. Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд.

       Тибқи талаботи моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

       Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои тундрав рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд. Хушбахтона Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, ба сӯйи қуллаҳои баланд равона аст.

       Имрӯз сокинони мамлакат дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ муҳофизи худро дида, онро сипари боэътимод медонанд. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дараҷаи касбияти аскарону афсарон ва вазъи моддию техникии имрӯзаи Артиши миллӣ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии он ба куллӣ фарқ менамояд.

       Аз ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат бармеояд, ки ифтихори миллӣ, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надода ин Ватани азизамон Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намоем ва онро азизу муқаддас донем. Ба қадри Модар – Ватан, муқаддасоти миллӣ - Истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ, суботу озодӣ, арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забон таъриху маданияти халқи худ бирасем ва барои наслҳои оянда мероси арзандае боқӣ гузорем.

        Артиш чун мактаби мардонагӣ ба ҳисоб рафта, дар баробари тамринҳои низомӣ сарбозон соҳиби касбу ҳунар мегарданд. Ҳимояи амну амнияти мардум вазифаи артиши неруманд аст, ки аҳамияти ҳифзи марз ва ҳаёти осоишта ба артиш вобастагии амиқ дорад.

        Ба муносибати таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Воқеан, ҳифзи истиқлолу озодии давлат ва расидан ба чунин ҷашнҳои бузург, пеш аз ҳама, натиҷаи хизмати содиқонаву ватандӯстонаи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад.”

        Мо итминони комил дорем, ки ҳомиёни Ватан бо садоқати бепоён нисбат ба давлату миллат минбаъд низ баҳри таҳкими интизоми ҳарбӣ, таъмини волояти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва баланд гардидани қобилияти ҳарбӣ ва иқтидори мудофиавии кишвар талош менамоянд ва рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва давлат бо сарбаландӣ иҷро намуда ҷонфидои ин Ватан мегарданд.

       

                    Биё, эй ҳамватан то ҷонфидои ин Ватан бошем,

                    Ба ҷон омодаи ҳар як нидои ин Ватан бошем.

                    Канораш гарму роҳатбахш чун домони мо дархост,

                    Ҳама фарзандҳои бовафои ин Ватан бошем.

 

 

     Сафаргули Шамсулло -

      сармутахассиси шуъбаи

      далатии ҳифзи ҳуқуқҳои                                                                   

      иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ                                                        

      Дастгоҳи ВҲИ 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор