Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Мавзуъ: “Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини

сулҳу субот ва амнияти кишвар”

Имрӯз дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Мизи муддавар бахшида ба 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки аҳли кормандони муассиса баргузор мегардад.

Сараввал, иҷозат диҳед дар симои шумо тамоми аҳли сарбозони далеру шуҷои Ватан, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро ба ҷашнгирии ин санаи фархунда табрику таҳният гуфта, барои родмардони ҷасури Ватан хушбахтӣ, саломатӣ ва қувваҳои бозандаву далерӣ дар роҳи ҳифзи кишвари маҳбубамон матонату ҷасорат орзу намоям.

Ҳар кишвар дорои артиши миллии  худ аст, зеро артиш яке аз унсурҳои асосии таъмини амнияти давлат ва кафили мавҷудияти он ба шумор меравад. Чунки бунёди Артиши миллии мустақил ва муқтадир эҳтимолан имкони пешгирии ҷанги таҳмилӣ, ғорати моликияти давлатӣ ва заминаи рушди кишварро дар ҳама шароити кунунӣ таъмин менамояд.

Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис  дода шуд, ки раванди тезутундшавии  вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ ҳам дар кишвар камбуданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд.

18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23 феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид. Минбаъд ин сана расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд, ки мо имрӯз 32-юмин солгарди онро таҷлил намуда истодаем.

Аз ҷониби дигар, Эъломия “Дар бораи истиқлолияти давлатӣ” аз 9 сентяби соли 1991 муқаррар месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифз намудани истиқлолияти бадастомада ва таъмини якпорчагии сарзамини худ ҳуқуқи таъсис додани Қувваҳои  Мусаллаҳро дорад.

Роҳбари кишвар Артиши миллиро ҳамчун кафили асосии бақои истиқлол тавсиф намуда, қайд карданд, ки «Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай ба мероси худ аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ва дигар заминаҳои моддиву техникиро соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсӣ ва пойгоҳи аввалия ташкил карда шуд, ба мо лозим омад, ки корро дар ҷои холӣ оғоз намоем. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилот мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллии тоҷик ба вуҷуд омад. Он ба дараҷаи кофӣ қудрат дорад, ки мамлакатро аз таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ ҳифз намояд».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар паёмҳои худ ба масъалаи фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса дода, таъкид менамоянд, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ҳимояи марзу буми Ватан ва таъмини амнияти миллатро қарзи шаҳрвандӣ, масъулияти инсонӣ ва уҳдадории табиии худ донад. Ин аст, ки Президенти мамлакат дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2024 оид ба масъалаҳои пешбурди манфиатбори амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот зикр намуда, дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои мушаххасро ба миён гузоштанд.

Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Кувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳанӯз дар рӯзҳои аввали таъсисёбиаш дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлол барқарор кардани сохти конститутсионӣ, дар мубориза ба муқобили дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ошӯбҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, имрӯз ба як нерӯи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтааст.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлату Ҳукумат фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷоъи Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки он ҷавонмардонеро, ки барои сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.
Артиши миллии мамлакат туфайлӣ ғамхорию дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 32 сол ба сохтори воқеии муқтаддири ҳарбӣ табдил ёфт.

Бо таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузории ҳарбӣ низ ташаккул ёфт ва як қатор санадҳои муҳими меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар таҳрири нав қабул гардиданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи  ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», “Консепсияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Консепсияи корҳои тарбиявӣ дар Қӯваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон” тадбирҳои мушахас дар таҳкими Артиши миллӣ ва таъмини амнияти миллӣ ба шумор мераванд.

Таҳким ва такмили Қувваҳои мусаллаҳ ҳамчун сохтори ҳарбӣ чӣ дар сатҳи ҳуқуқӣ ва чӣ дар сатҳи амалӣ ҳамеша идома дорад.

Айни ҳол дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат қушӯнҳои хушкигард, зудамал, дохилӣ, қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ амал менамоянд. Бо назардошти зарурати ҳифзи сарҳадоти кишвар соли 1997 Қумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил дода шуд, ки аз соли 2005-ум инҷониб ҳимояи марзҳои кишварамонро қувваҳои сарҳадӣ ба ӯҳда доранд.

Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, хоса Пешвои миллат дар самти ҳифзи марзу буми Ватан қобили васфу ситоиш аст. Шукргузорӣ аз амнияти сартосарии кишвар намуда, содиқона пайи хизмат ба халқу Ватан гардидан вазифаи ҳар фарди ҷомеаи ватандор аст. Хушбахтона, имрӯз ҳамаи шароитҳо барои хизмат дар сафи неруҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фароҳам оварда шуда, ҳолатҳои будубоши сарбозон ба маротиб беҳтар гардидааст. Аз ин рӯ, мебояд, ки ҳар фарди худшинос хизмат ба Ватанро бо масъулияти баланд дарк намуда, пайи иҷрои ин қарзи фарзандӣ камари ҳиммат бандад.

Хизмат кардан ба Ватан маънои ба ҷой овардани хизмати падару модар ва ҳимоя намудани марзу буми Ватани аҷдодӣ ва тамомияти арзии Ватанро дорад. Дар асл Артишро бе ҷавонон тасаввур кардан мумкин нест.
Зеро, ҷавонон дар ҷомеа нақши муҳиму арзишманд доранд.

Метавон гуфт, ки имрӯз дарки масъулият ва ҳисси ватанпарастии ҷавонони мо хеле боло рафтааст. Ба таври ихтиёрӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ рафтани ҷавонон аз ин шаҳодат медиҳад. Шумораи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ мераванд, сол аз сол афзуда истодааст.
Барои ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷалб намудани ҷавонон, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва комиссияҳои тиббӣ, аз ҷумла падару модарон нақши муҳҳим доранд.

Моро лозим аст, ки аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ оиди вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ва хатарҳои афзуда истодаи терроризму экстремизм ба кишварҳо бо ташвиш сухан ронда, дар чунин шароит ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромию суботи ҷомеаро аз вазифаҳои муҳиму муқаддаси сохторҳои низомӣ ва ҳар шаҳрванд медонанд, камари ҳиммат баста, паи амалигардонии он гардем.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, бори дигар мехоҳам мардуми сарбаланди кишварро ба муносибати 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳар як хонадон тинҷию оромӣ, ҳаёти орому осуда ва бурдбориҳои нав ба навро таманно намоям.

 

 

Раҷабов Беҳруз - сармутахассиси ШҲДҲИХМҲС 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор