Нақши ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд
Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол зарурати таъсиси низоми самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ ва механизмҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи инсонро ба миён овард. Дар асоси Конститутсия дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирӣ намудани ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ чораҳои муассир андешида шуда, як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд қарор дорад. Яке аз нишондиҳандаҳои демократӣ будани давлат ин сатҳи озодӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Ҷомеаи шаҳрвандии бе ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон озод ва самаранок амалкунанда буда наметавонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатии худ ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, арзишҳои миллӣ ва меъёру принсипҳои умумиэътирофшударо дар ҳамин соҳа эътироф намудааст.
Бо қабул шудани Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ эътироф шуда, онҳо муайянкунандаи ҳадафҳо, муҳтаво ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти шохаҳои қонунгузор ва иҷроияи ҳокимият ва таъмини онҳо ба воситаи ҳокимияти судӣ гардиданд. Дар доираи Конститутсия ҳуқуқ ва озодиҳои инсон тасдиқи ҳамаҷонибаи худро ёфтаанд.
Мутобиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. “ Инчунин дар моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.” Аз муқаррароти конститутсионии мазкур бармеояд, ки давлат эътироф, риоя ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро на танҳо кафолат додааст, инчунин эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Дар низоми механизмҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон падидаи Омбудсменро низ ҷудо менамоянд. Дар сатҳи оммавӣ низ вобаста ба босамар будани фаъолияти он дар мавриди ҳимоя ва ривоҷи минбаъдаи ҳуқуқҳои инсон пайваста таъкид мегардад. Зиёда аз ин, аз давлатҳое, ки мақсади бунёд намудани ҷомеаи шаҳрвандиро доранд, талаб карда мешавад, ки ин падидаи ҳуқуқиро дар қаламрави худ таъсис диҳанд. Аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дорад, моҳи апрели соли 2007 Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон – Луиза Арбур ташриф оварда, бо мақсади шомил гардонидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зумраи давлатҳои тадбирандеш дар самти ҳуқуқи инсон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, то институти Омбудсменро таъсис диҳад.
Дар ин давра аксарияти санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон аз ҷониби Тоҷикистон ба тасвиб расонида шуда, барои амалисозии онҳо чораҳои дахлдор роҳандозӣ карда шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иқдом ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст. Сарвари давлат ҳанӯз соли 2007 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буданд, ки “Бо мақсади густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, инчунин баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар мамлакатамон вақти ҳалли масъалаи таъсис додани институти миллии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон расидааст. Ин сохтор ҳамчун яке аз институтҳои демократӣ бояд робита ва ҳамкории мақомоти давлатиро ба ҷомеаи шаҳрвандӣ боз ҳам тақвият диҳад. Зарур аст, ки барои таъсиси чунин сохтор тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ андешида шаванд.”
Нуктаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ин самт пайгирона ғамхорӣ менамояд ва ин иқдоми навбатии ӯ дар пешрафти ҳифзи ҳуқуқи инсон дар мамлакат мебошад.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” омадааст, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, таъсис дода шудааст.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар доираи салоҳияти дар қонун муқарраршуда ҷиҳати амалисозии вазифаи асосии худ, яъне тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барад.
Таъсис додани мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон - давлате, ки ҷонибдории худро ба принсипҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ баён намудааст, аҳамияти басо муҳим дорад, зеро ноил шудан ба ҳадафҳои мазкур танҳо тавассути эътироф, эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон имконпазир аст.
Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон механизмҳои мавҷудаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро (мақомоти судӣ, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқро) пурра менамояд ва мақомоти куллан мустақил буда, аз ҳамаи имкониятҳои ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон бархурдор аст. Ин сохтор ҳамчун яке аз институтҳои демократӣ бояд робита ва ҳамкории мақомоти давлатиро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ боз ҳам тақвият бахшад.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи фаъолияти худ ҷиҳати ҳифз, риоя, эҳтиром ва пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон корҳои зиёде ба анҷом расонид. Аз ҷумла, ҷиҳати рушди мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду Стратегияи фаъолияти мақомот (барои солҳои 2011-2015 ва 2016-2020) амалӣ карда шуд ва айни ҳол Стратегияи навбатии фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 амалӣ мегардад, ки дар он самҳои афзалиятноки фаъолияти мақомот дар ин давра муайян шудааст. Фаъолияти Сомонаи интернетии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст; ҳамасола Маърӯзаҳои солонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлатҳои муқарраршуда ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод карда шуда, ҷиҳати иҷрои тавсияҳои он тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд; нашри маҷаллаи «Ахбори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аз соли 2012 инҷониб идома дорад. Барномаи давлатии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 амалӣ гардонида шуда, айни ҳол Барномаи давлатии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 амалӣ мегардад; фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда дар байни омбудсманҳои Осиёи Марказӣ аз тарафи Кумитаи ҳамоҳангсози ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи инсони СММ мусбӣ арзёбӣ шуда, ба он мақоми «В» дода шуд; бо мақсади густариш додани фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ 3 Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба шаҳрвандон хизмат мерасонанд; ҷиҳати такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, нисбати онҳо хулосаву пешниҳодҳои дахлдор ирсол карда мешаванд.
Ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сол аз сол тақвият меёбанд.
Дар ин раванд мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати инкишоф, риоя ва барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат менамояд.
Мутахассиси пешбари шуъбаи
байналмилалӣ, иттилоотӣ,
таҳлилӣ ва ташкилӣ
Қодирқулов Худойдод








