Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

   Оила омили субот ва рушди ҷомеа

(Ба муносибати Рўзи байналмилалии оила)

Оила яке аз падидае мебошад, ки арзиш ва анъанаҳои он решаи таърихӣ дошта, тули асрҳо ташаккул ёфтааст. Маҳз оила дар рушди ҳар як шахс дар ҷомеа нақши асосӣ дорад. Аксари равандҳои иҷтимоӣ аз хусусиятҳои шахсии ҳар як шахсе, ки дар оила тарбия меёбанд, вобастаанд.

Бо назардошти мустаҳкам кардани арзишҳои оила ва рушди ҷомеа  Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи 47/237 аз 20 сентябри соли 1993 санаи 15 майро ҳамчун «Рӯзи байналмилалии оила» эълон кард, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Ҳадафи ҷашн гирифтани ин рўз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилиҳои оиладорӣ мебошад ва он имкон медиҳад, ки огоҳӣ аз масъалаҳои марбут ба оилаҳо ҷиҳати баланд бардоштани донишу малакаи шаҳрвандон дар бораи маърифати оиладорӣ, равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ ба вазъи оилаҳо таъсир расонад.

Ҳанўз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди оила  тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи кафолати ҳимояи давлатии оила, ҳамчун асоси ҷамъият ва амалишавии ҳуқуқи ҳар шахс ба ташкили оила қувваи конститутсионӣ касб намуд.

Принсипи мазкур дар моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи худро ёфтааст, ки тибқи он “Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд”.

Дар радифи ин меъёри конститутсионӣ таҳкими заминаҳои ташаккули оила ва дастгирии оилаҳо бо дарназардошти арзишҳои фарҳанги миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф шуда, аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар дар ин раванд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ,  барномаҳои дахлдори давлатӣ таҳия ва қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд.  Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, “Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила”, “Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028”, “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030”, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ѓайраҳо аз ҷумлаи чунин ҳуҷҷатҳо мебошанд.

Оила манбаи муҳаббат, эҳтиром, ҳамбастагӣ, омили субот, рушди ҷомеа ва садоқат аст, ки ҳар як ҷомеаи мутамаддин бар он сохта мешавад ва бидуни он инсон вуҷуд дошта наметавонад. Бинобар ин, некуаҳволии оила ченаки тарақиёт ва пешрафти мамлакат мебошад. Тибқи маълумоти омории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 75197 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари баромад ва вохўрию суҳбатҳояш оид ба бунёди оилаи солиму устувор, тарбияи фарзандони солеҳ, таълиму тарбияи наслҳои имрўзу оянда дар рўҳияи ватандўстӣ, баҳри пойдорию устувории Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда, оилаи солиму фарзандони солеҳро асоси давлату миллати устувору солим арзёбӣ менамояд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати “Рўзи модар” қайд намуданд: “Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд”.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки бо назардошти тағйири вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷомеа, инчунин тарақиёти техналогия муносибат миёни инсонҳо тағйир ёфт ва дар шакли нисбатан нав ба роҳ монда шуда, боиси пайдоши муносибатҳои нав гашт, ки дар натиҷа ин раванд ба институти муҳими ҷомеа, яъне оила ва оиладорӣ низ бетаъсир намонд. Теханология ҳаёту фъолияти инсониро осон намуда, шароити наверо барои кору зиндагӣ фароҳам оварда, анъана ва арзишҳои оиладориро тағйир дод. Дар натиҷаи ин дигаргуниҳо оилаи намуди нав пайдо гашт, ки аз оилаҳои намуди анъанавӣ ба куллӣ фарқ мекунад.

Бекоршавии ақди никоҳ ҳамоно ташвишовар буда, ҳоло ҳам теъдоди зиёди оилаҳои ҷавон аз ҳам ҷудо мешаванд. Тибқи маълумоти омории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2024 дар Бахшҳои САҲШ 9012 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст. Аз маълумоти омории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, ки дар соли 2024 аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ 14080 парванда вобаста ба бекор кардани ақди никоҳ баррасӣ гардида, аз ин шумора 8299 ақди никоҳ бекор карда шудааст.

Яке аз сабабҳои пошхўрии оилаҳо эҳёи баъзе урфу одатҳои анъанавӣ, ки аксар вақт иштибоҳан як ҷузъи анъанаҳои динӣ ҳисобида мешаванд, ба амалисозии ҳуқуқи занон барои ихтиёрдории озодона аз ҳаёт ва солимии ҷисмонӣ ва равонии онҳо халал мерасонад. Ҳамзамон, як гурўҳ занони ҷавон аз табақаи пешрафтаи иҷтимоӣ мебошанд, ки пас аз издивоҷ дар оила бо ақидаҳои анъанавии қолабӣ ба сар мебаранд. Баъзеи онҳо ба вазъияти худ тоқат намекунанд, ки боиси муноқишаҳо, аз ҷумла зўроварии равонӣ, ҷисмонӣ ва иқтисодӣ гардида, дар натиҷа оилаҳо аз ҳам ҷудо мешаванд. Дар айни замон духтароне, ки пас аз ҷудошавӣ ба хона бармегарданд, зўроварии хешовандон ва дўстони худро таҳаммул намекунанд, аммо оқибатҳои шадиди зўроварӣ ва фишори хешовандон боқӣ мемонад.

Кам кардани синни никоҳӣ яке аз сабабҳои дигари пошхурии оилаҳо ба ҳисоб меравад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҷавонон пеш аз он ки соҳиби касбу ҳунар шаванд, оила барпо мекунанд ва дар натиҷа ба мушкилиҳо рў ба рў шуда, оқибат зери фишори ҷисмонию равонии ҳамсар ё аъзои оилаи онҳо қарор гирифта, аз ҳам ҷудо мешаванд.

         Аз маълумоти омории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, ки дар соли 2024 аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти кам кардани синни никоҳӣ 3975 парванда баррасӣ гардида, аз ин шумора 3804 парванда қонеъ карда шудааст.

Муроҷиатҳои шаҳрвандон, маълумотҳо аз воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба ҳолатҳои мазкур дар назорати доимии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар ҷомеа ҳанўз ҳолатҳои муносибати бад ва ѓайриинсонӣ  нисбати занон, духтарон ва кўдакон ҷой дорад.

Пошхӯрии оилаҳо паёмадҳои манфиро дар пай дорад. Яке аз онҳо ин боис гаштан ба тағйири фазои тарбиявии кӯдак мебошад, ки дар тарбияи яке аз тарафҳо қарор мегирад. Ин муҳит ба руҳияи кӯдак бе таъсир намонда, дар раванди инкишофи минбаъдаи ӯ, инчунин ҳангоми барпо намудани оила ва оиладорӣ нақши таъинкунанда дорад.

Бинобар ин, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки нисбати ҳама гуна шаклҳои зўроварӣ нисбати занону духтарон, пошхӯрии оилаҳо бетараф набошад, дар таъмини баробарҳуқуқии мардону занон саҳми арзандаи худро гузорад.

Дар ин раванд мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати амалисозии ҳуқуқи ҳар шахс ба ташкили оила, риоя ва барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат менамояд.

 

 

                                                                    Машрабзода А.- муовини сардори   

                                                                    Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои 

                                                                    иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии

                                                                    Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи

                                                          инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор