Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Барои рушди энергетика дар мамлакат корҳои зиёд ва назаррас ба анҷом расиданд.

 

Мо бояд ба маданияти истифодабарӣ ва сарфакории

неруи барқу газ ва об эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар

кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо, чунин

маданияти энергетикиро дар мактабҳо аз хурдсолӣ

тарғиб менамоянд”.

                                                                                                                                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон

 

Дар Паёми Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 - уми декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, таъкид карда шуд, ки вазорату идораҳои дахлдор, шахсони масъул вазифадор гаштанд, ки доир ба татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии соҳа, аз ҷумла лоиҳаҳо дар самти паст кардани талафоти барқ, тадбирҳои муассир андешанд.

Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ғайриимкон аст. Дар солҳои истиқлоли давлатӣ, алалхусус дар ҳафт соли охир, дар ниҳоди энергетикии кишвар таҳаввулоти калоне ба амал омад. Рушди босуръат ва истифодаи техникаю технологияҳои муосир моро водор месозад, ки дар ҳама зинаҳо: истеҳсол, интиқол, тақсимот ва истифодабарии барқ чораҳои иловагӣ андешем.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати созандаю бунёдкоронаи Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми мамлакат ба бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд оғоз намуданд ва дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика ба муваффақияти бузург ноил гардиданд.

Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки 27 - уми марти соли 2025 баргузор шуд, изҳори нигаронӣ карда аз истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024 - 2025 барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии мавҷуда ва пешгирии чунин ҳолатҳо ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд.

Дар маҷлис таъкид гардид, ки барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шавад. Дигар онҳое, ки барқро беинсофона ва ғайриқонунӣ истифода мебаранд, яъне ба хазинаи давлат даст мехалонанд, ба ҷомеа ва оянда хиёнат карданӣ мешаванд, беҷазо нахоҳанд монд. Боло рафтани мақоми Хадамоти давлатии назорати энергетикӣ низ ба назорати истифодаи мақсадноки неруи барқ, таҳияи дурусти ҳисобу китоби барқи фоиданок ва кам шудани талафот мусоидат хоҳад кард.

Намояндагони халқ дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули лоиҳаи Қонуни мазкурро амри зарурӣ дониста, ба тарафдории он овоз доданд. Зикр гардид, ки пурқувват намудани ҷавобгарӣ нисбат ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ хеле муҳим ва саривақтӣ буда, даровардани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии кишвар дар ин самт на танҳо аҳамияти иқтисодӣ дорад, балки ба таҳкими фарҳанги истифодаи оқилона ва сарфакоронаи қувваи барқ мусоидат мекунад.

15 апрели соли 2025 Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. Тибқи тағйир ба моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» як нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли 2025 75 сомонӣ муқаррар гардидааст, ки муҷозоти ҷаримавӣ аз рўи ин нишондод ҳисоб карда мешаванд. Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ дар моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима пешбинӣ гардидааст

Тавре гуфтем, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 апрели соли 2025 дар Кодекси ҷиноятӣ моддаи 2531 ҳамчунин дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур аломатҳои вазнинкунандаи ҷиноят ба миқдори калон, бо истифода аз мақоми хизматӣ, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ба миқдори махсусан калон муайян карда шудааст, ки боиси татбиқи ҷазои вазнинтар мегардад.

Дар бисёр кишварҳо тасарруфи барқ ҳамчун ҷиноят эътироф шудааст, ки ин ба амалҳои байналмилалии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ мувофиқат менамояд. Ин метавонад барои баробар кардани усулҳо дар мубориза бо чунин вайронкуниҳо ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт кумак кунад.

Дар ин ҷо принсипи инсондӯстӣ ба инобат гирифта шудааст, яъне қонунгузор пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ ба гунаҳгор имконият медиҳад, ки ислоҳ шавад ва танҳо агар гунаҳгор ислоҳ нагардад ва давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ боз чунин кирдорро содир кунад, мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор мегирад.

Ҳар истифодабарандаи қувваи барқ уҳдадор аст, ки таҷҳизоти ҳисоби барқиро бо тартиби муқарраргардида насб намуда, сипас ба истифодаи қувваи барқ шуруъ намояд. Аз ин рӯ, асбобҳои андозагирии барқӣ бояд аз стандарти давлатӣ ва назорати техникӣ гузаронида шуда, бо гузоштани пломбаҳои муқарраршуда ва ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ карда шаванд. Истифодабарандагон ҳуқуқи худсарона ва бе риояи тартиби муқарраршуда кандани плобаҳои асбобҳои андозагирии барқиро надоранд.

 

Ёрдамчии Ваколатдор оид ба

ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Салоҳиддинзода М.

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор