Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи Алянси Авруосиёии Омбудсменҳо тақвият меёбад.

Яке аз масъалаҳои муҳими ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон ин ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ҳамтоёни худ, созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти ҳуқуқи инсон мебошад. Масъалаи мазкур ҳам дар санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳам дар қонунгузории миллӣ дарҷ шудааст.

Принсипҳои марбут ба мақоми Ниҳодҳои миллӣ оид ба пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон (Принсипҳои Париж), ки санади асосӣ барои  Ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон мебошад, онҳоро  ўҳдадор месозад, ки бо мақомот ва сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самтҳои ҳуқуқи инсон, инчунин дигар ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон ҳамкориҳоро ба роҳ монанд. Гузашта аз ин, тибқи банди 5.6 Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои  давлатҳои аъзои Шўрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи Универсалии Даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2023 тасдиқ шудааст, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ўҳдадор гардидааст, ки ҳамкориҳоро бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои миллии  ҳифзи ҳуқуқи инсони дигар давлатҳо, дигар созмонҳо ва ВАО пайваста вусъат бахшад.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ дар қатори дигар вазифаҳо дар моддаи 11 сухан дар бораи ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тасдиқ кардан ё ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон меравад.

Бо дарназардошти талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд пайваста тавсеа меёбанд.

Яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамкорӣ дар доираи Алянси Авруосиёии Омбудсменҳо мебошад.

Нахуст масъалаи созмон додани ин ниҳод аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Федератсияи Русия Татьяна Москалькова санаи 5 декабри соли 2017 ба вуҷуд омад ва худи ҳамин сол амалӣ гашт.

Ҳуҷҷати оинномавии Алянс - Ёддошти тафоҳум мебошад, ки аз ҷониби ҳимоячии ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Арманистон, раиси инспкексияи Генералии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ақиқатчии (Омбудсмени) Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Федератсияи Русия ба имзо расидааст.

Айни ҳол ба Алянси Авруосиёии Омбудсменҳо 10 давлатҳои зерин шомиланд: Арманистон, Баҳрайн, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Сербия, Тоҷикистон ва Узбекистон.

Ҳадафи асосии Алянс ин ба роҳ мондан ва густариш додани ҳамкориҳои самаранок дар ҷодаи таъмин намудани ҳуқуқхои шаҳрвандӣ ва инфиродӣ бар зидди дилхоҳ вайронкуниҳо  ба шумор меравад.

Ба ҳайси вазифаҳои асосии Алянс шомил мебошанд:

- паҳн намудани донишҳо оиди усулҳои ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва инфиродӣ;

- ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини ҳимояи ҳуқуқҳо;

- ба амал баровардани ҳамкориҳои байналмилалӣ бо созмонҳои дахлдори байналмилалӣ ва минтақавӣ, омбудсменҳои хориҷӣ ва ассотсиатсияҳои омбудсменҳо дар доираи ваколатҳое, ки барои тарафҳо муқаррар гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки дар фаъолияти худ Алянс ба масъалаҳои сиёсӣ дахл намекунад.

Ҷаласаи нахустини Алянс санаи 9 ноябри соли 2018 дар шаҳри Москва барпо гардид, ки аз ҷониби иштирокчиёни он Протокол оиди мақоми нозирӣ дар назди Алянс ба имзо расид. Таҳияи чунин ҳуҷҷат имкон дод, ки доираи иштирокчиёни Алянс васеъ карда шавад ва ҳамчунин нишон дод, ки Омбудсменҳои минтақаи ҷуғрофии авруосиё ҷиҳати аъзогии минбаъда ба он ҳавасмандӣ пайдо намудаанд. Тасдиқи ин гуфтаҳо ба сафи Алянс пайвастани Муғулистон мебошад.

Дар рафти ҷаласаи дуввуми Алянс 18 декабри соли 2019 Омбудсменҳои Сербия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он шомил гардиданд. Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзо намудани протоколи ҷаласаи Алянс узви ин созмон гардид.

Барои ҳалли масъалаҳои ташкилии фаъолияти Алянс Котиботи Алянс аз ҳисоби кормандони  дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия ташкил карда шуд.

Дар рафти ҷаласаи чаҳоруми Алянс моҳи ноябри соли 2020 ба сафи Алянс Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Қазоқистон пайваст.

Масъалаи сомонаи нави Алянс дар рафти ҷаласаи шашуми он матраҳ гардид. Бояд қайд намуд, ки дар ин ҷаласа ба ғайр аз узви Алянс, инчунин  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони (Омбудсмен) Ҷумҳурии Озарбойҷон,  раиси Комиссияи доимӣ оид ба ҳуқуқи инсон, муносибатҳои миллӣ ва воситаҳои ахбори оммаи Палатаи намояндагони  Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Белорус, Омбудсмени асосии Туркия ва Намояндаи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Туркманистон ба ҳайси нозир иштирок доштанд.

Навоварии муҳими  ҷаласаи ҳаштуми Алянс, ки соли 2023 баргузор гардид, ин ба Алянс аъзо гардидани Шоҳигарии Баҳрайн ба ҳисоб мерафт.

Ҳамин тариқ, ҷуғрофияи узвият ба Алянси Авруосиёии Омбудсманҳо сол то сол густариш меёбад.

Иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Алянс қабл аз ҳама дар шакли иштирок ва баромад дар ҷаласаҳои Алянс зуҳур меёбад. Ин аст, ки аз лаҳзаи ҳамроҳшавии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Алянс, яъне шурўъ аз соли 2019 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чандин ҷаласаҳои он дар мавзуҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар давраи короновируси КОВИД – 19, ҳифзи ҳуқуқхои муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонон, рақамикунонӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон баромад намуданд.

Ҳамчунин дар ҳошияи баргузории ҷаласаҳои Алянс чандин масъалаҳои ҳуқуқи инсон, хусусан ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар шакли дуҷониба бо давлатҳо - аъзоёни  Алянс мусбӣ ҳал гардиданд.

Ҳамин тариқ, аъзоёни Алянси Авруосиёии Омбудсманҳо танҳо бар як ақидаанд, ки пешравии самаранок ва ҳифзи ҳуқуқи инсон метавонад на танҳо бо роҳи ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва густариши шаклҳои нави ҳамгироӣ, балки бо роҳи ҳамроҳшавии ояндаи ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки таҷриба ва амалияи беҳамторо доро мебошанд, низ ба миён ояд.

 

 

                                                                Умед Бобозода – Ваколатдор оид

                                                                 ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии

                                                             Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор