Такмили қонунгузорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳуқуқи кўдак ин ҳуқуқу озодиҳое аст, ки бояд ҳар як кўдак новобаста аз ҳар гуна тафовути нажодӣ, ҷинсӣ, забонӣ, динӣ ва ҷойи таваллуд, баромади миллӣ ва иҷтимоӣ, ҳолати молумулкӣ, табақавӣ ё дигар ҳолат аз он бархурдор бошад. Барои ташаккули бомуваффақияти шахсияти кўдак ў бояд дар муҳити меҳру муҳаббат, дар оила миёни ашхоси наздик ва меҳрубон ба воя расад. Вазифаи калонсолон – кўмак ба кўдак дар омодагӣ ба ҳаёти мустақил, аъзои комилҳуқуқи ҷомеа гардидан, барои ташаккули муқаррарии ҷисмонӣ ва ақлонии кўдак шароити мусоидат ташкил кардан аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 баён намуда буданд: “Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст”. Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ ва рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар баробари дигар ҳуқуқҳои дар қонун нисбати кӯдакон муқарраршуда, яке аз онҳо ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ мебошад. Бинобар ин ҳифзи саломатӣ ва рушди кӯдак дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад, зеро саломатии аҳолӣ ва хусусан насли наврас яке аз омилҳои муҳими таъмин намудани солимии миллат, бехатарии давлат ва рушди ҷомеа арзёбӣ мегардад.
Таъмини ҳифзи саломатӣ ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак аз Конститутсия сарчашама гирифта, дар асоси он як қатор қонунҳои мушахас, стратегия ва барномахои давлатӣ вобаста ба ҳимояи манфиатҳои бехтарини кўдакон кабул гардида, амал шуда истодаанд. Дар баробари ин, хифзи ҳуқуқу озодиҳои кўдакон дар кодексҳои гражданӣ, оила, меҳнат ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишѓол менамоянд.
Заминаи муҳими меъёрии ҳуқуқии дар самти таъмин гардидани имкониятҳои иҷтимоии кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар санадҳои муҳими ҳуқуқӣ, стратегия ва барномаҳои дахлдор, аз ҷумла Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикситон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак», «Дар бораи ҳимояи ѓизодиҳии табиии кўдакон», «Дар бораи варзиши кўдакон ва наврасон», «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиѓон» низ қабул гардиданд, ки санадҳои ҳадафмандонаи меъёрии ҳуқуқӣ буда, ҳуқуқу манфиатҳои кўдакону наврасонро ҳифз менамоянд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри 2008, №532 Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳукуқи кўдак таҳти раисии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, шонздах аъзо аз ҳисоби шўъбаҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо ва идораҳои дахлдор шомили он мебошанд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак низ дар ҷаласаҳои он бо ҳуқуқи машварати овоз иштирок карда метавонад. Зерсохтори Комиссияи мазкур хамчун шуъба ва бахш дар назди мақомотҳои иҷроичи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадаҳшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо кору фаъолият доранд ва мақоми доимоамалкунанда буда, сиёсати давлатиро ба хотири таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кўдак бо мақсади тадбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ўхдарориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кўдак ва дигар шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кўдак бармеоянд, амалӣ менамояд.
Баҳри иҷрои уҳдарориҳои байналмилалӣ ва тавсияҳои СММ оид ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон соли 2016 ниҳоди Ваколатдор оил ба ҳуқуқи кӯдак, ки ҳамзамон муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, таъсис дода шуд.
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда 26 октябри соли 1993 Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро тасдиқ намуд.
Яке аз астовардҳои муҳимтарини ҷумҳурӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон, ки аз сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, ин қабули гардидани Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаҳои амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда барои солҳои 2023-2027 ва Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2023-2027 мебошад. Аз ин лиҳоз кӯдакону модароне, ки аз соли 2019 то соли 2024 аз урдугоҳҳои Сурия ва Ироқ ба ватан баргардонида шуда буданд, ба оилаҳо супорида шуданд.
Рўзи байналмилалии ҳифзи кудакон, ки хамасола санаи 1 июн ҷашн гирифта мешавад, соли 1949 моҳи ноябр бо қарори Анҷумани Шўрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар 51 давлатҳои дунё таҷлил гардида буд.
Моҳи ноябри соли соли 1949 дар Анҷумани Шўрои федератсияи байналмилалии демократии занон масъалаи ҳамаҷониба ҳифз намудани кудакон аз ҷиҳти ҳуқуқӣ, моддӣ ва маънавӣ садо дода буд. СММ ташаббуси таъсиси ин рўзро хуб арзёбӣ намуда, баҳри таъмини бехатарии насли наврас иқдомҳои беназирро пиёда намуд. Чунончи, соли соли 1959 барои давлатҳои аъзои СММ Эъломияи ҳуқуқи кудак пешҳод намуда, соли 1989 Ковенсия оид ба ҳуқуқҳои кудакро қабул намуданд.
Моҳи майи соли 2000 ду протоколи иловагӣ ба Ковенсия оид ба ҳуқуқҳои кудак: оид ба манъи иштироки кўдакон дар низоъҳои мусаллаҳона ва оид ба манъи фурўши кўдакон, фоҳишагии кўдакон ва порнографияи кўдакон қабул гардиданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибитиёру ҳуқуқбунёд баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои кўдакон, таъмини иҷтимоиву иқтисодии онҳо ва минҷумла ѓамҳорӣ баҳри ятимону бепарасоторон ва кўдакон аз оилаҳои камбизоат пайваста дастгирии ҳамаҷониба мекунад.
Имрӯз кӯдакони мо соҳиби шароитҳои беҳтарини муосир буда, хушбахт аз он ҳастанд ки дар фазои сулҳу субот нафас мекашанд. Аз ҳама муҳим аз ҳуқуқҳои худ бархурдоранд ва имкониятҳои ҳуқуқии худро комилан истифода бурда метавонанд.
Мастоншоева Фарзона - Роҳбари Намояндагии
Ваколатдор оид ба ҳуқуи инсон дар ВМКБ








