Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

ДАСТГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ҶОНИБИ ДАВЛАТ

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирӣ ва таъмин намудани шароити зиндагии арзанда ба ҷавонон ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ аз гуфаҳои боло далолат медиҳанд.

Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ташаккулу камолоти ҷавононро бо мақсади амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон пешбинӣ карда, истифодаи самараноки неруи зеҳнӣ ва маънавии онҳоро ба манфиати ҷомеа муайян менамояд.

Дар асоси Қонуни мазкур ҷавонон ҳуқуқ доранд дар амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон ширкат варзанд, тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ гиранд, намуди кумак ва хизматрасониҳоро қабул намоянд ё рад кунанд, захираҳои моддӣ, молиявӣ, меҳнатӣ, иттилоотӣ ва табииро дастрас ва истифода намоянд ва аз ҳуқуқҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.

Ҳамзамон, Қонун муайян кардааст, ки ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон аз ҷониби субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон дар доираи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳифз ва таъмин карда мешаванд.

Давлат барои амалисозии босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди заминаҳои илмӣ, таҳлилӣ, иттилоотӣ, таълимӣ, омодасозии кадрӣ ва касбии сиёсати давлатии ҷавонон шароит ва заминаи зарурии илмию амалӣ ва идоракуниро фароҳам меорад.

Сарвари давлат дар ҳар як мулоқоту вохурӣ ва суханрониҳояшон нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо мақсади дастгирии ҷавонон ба масъулин дастуру супоришҳо медиҳанд, насиҳатҳои падарона мекунанд ва бо боварии комил иброз менамоянд, ки ҷавонон ояндаи миллатанд, қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт.

Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки Роҳбари давлат аз ҷавонони кишвар умеди бузург доранд, ташаббусҳои созандаашонро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоянд. Маҳз боварии Пешвои муаззами миллат ва амалишавии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардидааст, ки шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон ва ҷалби онҳо ба касбу кори гуногун ҳамасола зиёд гардида истодааст.

Имрўз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таълимии миёна, касбӣ ва олии кишвар ва берун аз кишвар ва таъмин намудани ҷавонони соҳибкасб ба ҷойи кор тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст. Танҳо ҷавононро лозим аст, ки аз ҳуқуқу озодиҳо ва шароити мусоиде, ки барои онҳо аз ҷониби давлат фароҳам оварда шудааст, самаранок истифода намуда, хонанд, касб омўзанд ва соҳиби ҷойи кор гардида, зиндагии худро беҳтар намоянд.

Ҳар як ҷавони кишвар вазифадор аст, ки рисолати хешро дар назди хотираи ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда дарк намуда, тамоми нерӯи ҷисмониву ақлонии худро ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии сарзамини аҷдодиямон сафарбар намояд.

Имрўзҳо мо шоҳиди он гардида истодаем, ки ҷавонони Тоҷикистон дар озмунҳо ва мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардида, обурўи ватани худро дар ҷаҳон баланд бардошта истодаанд, ки боиси ифтихори мо - тоҷикон мебошад.

Ҷавонон бояд болаёқат ва фаъол бошанд, ҷавонони болаёқат, фаъол ва ташаббускор ҷавононе, ҳастанд, ки қобилияти муносиб, майлу рағбат ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва ба корҳои ҷамъиятӣ доранд, иштироккунандаи фаъоли чорабиниҳои оммавӣ мебошанд ва дар таҳсил, шуғл ё меҳнат рафтори намунавӣ доранд.

Ҳамин тариқ, ҷавонон бояд ба боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқ бошанд ва дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари азизамон саҳми худро гузоранд.

 

 

Х. Давлатов - Роҳбари  Намояндагии Ваколатдор

оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон

 

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор