Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Барои халқи Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ санаи таърихӣ

ва тақдирсоз аст

 

“Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти

аосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди

пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдоду санаҳои муҳиме ҳастанд, ки аҳамият ва мақому манзалати онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ баландтар мегарданд ва мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзу густариши ин дастоварду бозёфти гаронбаҳо ҳидояту роҳнамоӣ месозанд. Барои халқи Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи чунин санаи таърихӣ ва тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Воқеан 27-уми июни соли 1997 рўзи муборак ва солест, ки дар таърихи пуршарафи халқи куҳанбунёд ва мутамаддини мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Дар ин соли хуҷаста Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳалаи нави таърихи худ қадам ниҳод.

Ваҳдати миллии Тоҷикистон, ки бо ҷонбозиву талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фитрати халқи сулҳхоҳу матинирода ба даст омад, ҳамчун рамзи эҳёи миллати куҳанбунёди тоҷикон неъмати волост.

Воқеан ҳам, Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 ба имзо расид, давлати ҷавон ва тозаистиқлолро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшид. Пеш аз ҳама, ваҳдат барои мо аз он ҷиҳат боарзиш аст, ки ин падида ба ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва садди роҳи таназзули давлати мо шуд. Ин Созишномаи таърихӣ замоне имзо шуд, ки дар кишвар ҷанги бераҳмонаи бародаркуш давом мекард ва худ рӯи амал омадани созишномае, ки заминаи таъминкунандаи сулҳ аст, на ба ҳар ҷониб манфиатовар буд. Махсусан, ба ҷонибҳое, ки чунин нобасомониро асос гузошта, манфиат меҷустанд. Маҳз ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳадафҳои умумимиллӣ бар ҳадафҳои ҷудогона пирӯз шуданд.

Хушбахтона, дар баробари таъмин шудани сулҳу салоҳ чархи иқтисодии кишвар ҳам оҳиста-оҳиста ба гардиш даромад. Ҳазорҳо корхонаҳои нав ба фаъолият пардохтанд, мардуми бекор бо ҷойи корӣ таъмин шуданд ва ба ин васила, сатҳи зиндагии мардум низ рӯ ба беҳбудӣ овард.

Ваҳдати миллӣ дар маҳаки давлатдории навини тоҷикон меистад, зеро он ибтидои давлатдории навини тоҷикон аст. Маҳз ваҳдату ягонагӣ буд, ки рушди босуботи соҳаҳои мухталиф таъмин шуд, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд шинохта шуд. Тоҷикон баъди ҳазор сол бори дигар собит карданд, ки чун миллати асилу тамаддунпарвар соҳибдавлату соҳибмиллатанд.

Кайд кардан бамаврид аст, ки ваҳдати миллӣ на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои ҷаҳониён мактаби эътимодбахшу тақдирсоз аст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон бо роҳи осоишта, яъне музокира ҳаллу фасли низоъро ба хубӣ нишон дод. Омӯзиши ин мактаби бузург барои пойдории сулҳу оромӣ хеле муҳим аст.

Сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун таҷрибаи камназир барои барқарор кардани оромӣ дар бисёр давлатҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ин мактаби бузург боиси ибрати ҷаҳониён гаштааст.

Албатта, Ваҳдат, пеш аз ҳама, худ аз сиёсати созандаву сулҳҷӯёна дарак медиҳад. Мо медонем, ки пас аз барқарор шудани сулҳ, ҳукумату давлат ба вазъи иҷтимоии аҳолӣ афзалияти бештар дод. Натиҷаи амалишавии сиёсати иҷтимоии кишвар, яъне беҳбудии зиндагии мардум буд, дар қалби сокинон меҳри Ваҳдату ягонагӣ фурӯзонтар гардид.

Ваҳдат барои мо раванди дигаргунсозиҳои зиёдро пеш овард. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд: «Мо фарҳанги сулҳ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллиро қадр ва ҳифз менамоем, зеро сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи мо дастоварди бузурги таърихӣ ва зиёда аз ин, заминаи асосии дигаргунсозиҳои демократӣ мебошад».

Барои ҳамин бори дигар таъкид мекунам, ки асоси пешрафт ин – сулҳу оромист. Ва хушбахтона, мо онро дорем! Аз ин ҷост, ки кишварамон ба таври назаррас пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ намудааст. Ҳамаи ин дастовардҳо туфайли истиқлолият, сулҳу ваҳдат ба даст омадаанд. Акнун барои ҳифзи ин дастоварди бузург ҳар як сокини ин меҳан масъул аст.

Агар дар тамоми кишварҳои ҷаҳон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў ҷавҳари асосии сиёсати давлатро ташкил дода, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ арзиши олӣ эътироф гардида бошад, Ваҳдат - беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоту рущди миллат, ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст.

Итминони комил дорем, ки мо халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватанпарастӣ таҳти парчами истиқлолу озодӣ ва ваҳдату созандагӣ муттаҳид гардида, барои шукуфоӣ ва пешрафти Ватани маҳбубамон талош меварзем.

 

 

сармутахассиси Шуъбаи

ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои

иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ                                   

Ш. Раҳматова

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор