ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ҲАМЧУН МЕХАНИЗМИ МИЛЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ГУРЕЗАҲО
Дар ҷаҳони муосир масъалаҳои гурезаҳо ва паноҳҷӯяндагон бо омили низоъҳои мусаллаҳона, таъқибҳои сиёсӣ, вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва фоҷиаҳои табиӣ аҳаммияти бузург касб кардааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва иштирокчии чандин конвенсия ва шартномаҳои байналмилалӣ, уҳдадор шудааст, ки ҳуқуқи гурезаҳо ва паноҳҷӯяндагонро ҳимоя намояд.
Лозим ба ёдоварист, ки санади ҳуқуқии байналмилалии бунёдӣ дар самти танзими ҳуқуқу озодиҳои гурезаҳо ин Конвенсияи СММ «Дар бораи мақоми гурезаҳо» мебошад, ки он 28-уми июли соли 1951 қабул шудааст. Ин конвенсияро Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-уми октябри соли 1992 тасдиқ кард ва он 7-уми декабри соли 1993 дар мамлакат мавриди амал қарор дода шуд.
Ҳамчунин, Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи СММ «Дар бораи мақоми гурезаҳо» 31-уми январи соли 1967 қабул шуда, 4-уми октябри соли 1967 мавриди амал қарор гирифт. Протоколи мазкурро Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-уми июли соли 1994 тасдиқ намуд.
Бо мақсади иҷрои санади ҳуқуқии байналмилалии зикргардида ва Протоколи иловагӣ ба он, дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» се маротиба (солҳои 1992, 1994 ва 2002) қабул карда мешавад. Қонуни зикршуда (соли 2002) асосҳо ва тартиби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза донистани шахсони паноҳҷўянда, инчунин мақоми ҳуқуқии гурезаҳоро муайян намуда, кафолатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва манфиатҳои онҳоро муқаррар мекунад.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» мафҳуми гуреза бо тариқи зайл маънидод шудааст: «Гуреза – шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, дар қаламрави он қарор дорад ва бинобар сабабҳои комилан асосноки дар давлати мансубияти шаҳрвандии худ бо аломатҳои нажодӣ, эътиқоди динӣ, шаҳрвандӣ, мансубият ба гурўҳи муайяни иҷтимоӣ ё эътиқоди сиёсӣ дучори таъқиб гашта, аз таъсири ин сабабҳо наметавонад ё намехоҳад аз ҳимояи он давлат истифода намояд, ё шахсе, ки шаҳрвандии муайян надошта, бинобар чунин ҳолатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва бо сабаби мавҷуд будани ҳамин гуна хавф наметавонад ё намехоҳад ба давлати истиқомати доимии худ баргардад».
Мусаллам аст, ки гурезаҳо ҳамчун қишри осебпазири ҷомеа маҳсуб ёфта, онҳо ба ҳифзу ҳимоя дар ҳудуди ин ё он давлате, ки истиқомат мекунанд, бештар ниёз доранд.
Дар Қонуни зикргардида мақомоти давлатие, ки татбиқи сиёсати давлатиро нисбат ба гурезаҳо амалӣ менамоянд, ваколатҳо ва ҳамкориҳо миёни онҳо танзим шудаанд. Чунончи, тибқи моддаи 4 мақомоти давлатие, ки оид ба масъалаҳои гурезаҳо фаъолият менамоянд, инҳо мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд. Дар моддаи 5 ваколатҳои мақомоти зикргардида ба таври мушаххас пешбинӣ шудаанд. Ин ниҳодҳо дар маҷмуъ, ҳуқуқу озодиҳои гурезаҳоро ҳимоя менамоянд ва ҳамчун механизмҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи гурезаҳо баромад мекунанд.
Ҳамчунин, дар мамлакат яке аз дигар механизмҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи гурезаҳо, ин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Қобили кайд аст, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мақсади амалисозӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон механизмҳои махсус таъсис дода шудаанд, ки мавқеъ ва нақши онҳоро коршиносони соҳа баланд арзёбӣ менамоянд. Ҷиҳати ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурўҳи кишварҳои ташаббускор дар соҳаи ҳуқуқи инсон давлати моро зарурат пеш омад, ки ҷиҳати таъсис додани механизмҳои махсусгардонидашуда дар соҳаи ҳуқуқи инсон тадбирҳо андешад. Аз ин лиҳоз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 30-юми апрели соли 2007 бо мақсади пурзӯр намудани фаъолият ва густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, инчунин баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон таъсис додани ниҳоди миллии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро масъалагузорӣ намуда, зарур шумориданд, ки барои таъсиси он тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ андешида шаванд.
Дар натиҷа, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи парламенти кишвар қабул ва ҷонибдорӣ гардида, 20-уми марти соли 2008 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Ҳамин тавр, бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риояву эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон, шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шуд. Фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воситаҳои мавҷудаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро пурра мекунад.
Тибқи моддаи 3 Қонуни зикршуда Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои худ мустақил буда, ба ягон мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдор ҳисоботдиҳанда намебошад.
Мувофиқи моддаи 11 Қонуни зикргардида вазифаҳои асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мусоидат намудан ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд, таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу oзoдиҳoи инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи онҳо, инчунин салоҳияти дигаре, ки боби 3 Қонуни фавқуззикр муқаррар намудаанд, мебошад.
Зимнан, яке аз вазифаҳои асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқҳои вайроншудаи шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо мебошад. Бинобар ин, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиатҳои шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳоро қабул ва баррасӣ менамояд ва дар ин самт бо мақомоти давлатии кишвар, Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии дахлдор, хусусан Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва адолат» ҳамкорӣ менамояд.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола бо фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли дахлдор қабул карда мешавад, ки дар он банди алоҳида оид ба масоили гурезаҳо муқаррар карда мешавад. Чунончи, бо мақсади иҷрои банди 205 Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 18-уми июни соли ҷорӣ бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии гурезаҳо, ки ҳамасола 20-уми июн ҷашн гирифта мешавад, мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти дигари давлатӣ, Дафтари миллии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва адолат” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар мизи мудаввар як қатор таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои гурезаҳо ва паноҳҷўяндагон манзур гардиданд.
Ҳамин тавр, ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо на танҳо амри ҳуқуқӣ, балки қарзи инсондӯстӣ ва нишонаи ҷомеаи демокративу адолатпарвар мебошад. Бинобар ин, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун механизми миллии ҳимояи ҳуқуқи гурезаҳо якҷо бо мақомоти дигари давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баҳри ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои гурезаҳо кӯшиш менамояд.
Фирўз Сайнозимзода,
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва
сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ








