Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Конститутсия кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон 31-умин солгарди қабули Конститутсияи аввалини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарафманди кишварамон ва муҳимтарин рӯйдоди таърихи навини халқи тоҷик мебошад. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 6-уми ноябри соли 1994 бо дастгирию талошҳо ва иродаи устувори халқи тоҷик санади тақдирсоз - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.  

Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 қайд карданд: “Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад”.

 Аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷҷассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондустонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос кардааст ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор додааст. Эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар вазифаи ҳар як шахс мебошад ва ба ин хотир мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти Қонуни асосии кишварро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем.

Тибқи талаботи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инсон ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар худ орзуву ормони чандинасраи халқи моро баҳри бунёди ҷомеаи адолатпарвар инъикос намудааст, барои эъмори давлати муосири миллӣ, пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, ташаккули низоми ҳуқуқӣ, суботи сиёсӣ, таъсиси низоми самарабахши мақомоти ҳокимияти давлатӣ, таҳкими ғояҳои инсондӯстона дар тафаккури ҷомеа ва шинохти Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ нақши созгору таърихӣ дорад.

Бо қабули Конститутсия мардуми Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот карданд, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ боз дорад.

Тибқи талаботи моддаи 11-и Конститутсия Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибати хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмиллалӣ муайян мекунад.

Воқеан, Конститутсия ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.

Дар моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Ҳуқуқ  ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

Дар моддаи 40 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс ҳуқуқ, дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад. Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад. Моликияти зеҳнӣ таҳти ҳимояи қонун аст.

Бо қабул гардидани Конститутсия сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ташаккул ёфт, аз ҷумла инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардид.

Конститутсия ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯи ояндаи неку пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем ва дар Ватани азизамон барои ҳар як шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндагӣ ва фаъолиятро муҳайё созем. Конститутсия барои таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор додани инсон ва ҳуқуку озодиҳои ӯ, манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, инчунин, бунёди ҷомеаи адолатпарвар асос гузошта, кафолати таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон гардид. Маҳз дар Конститутсияи соли 1994 эъмори Тоҷикистон ҳамчун давлат дар асоси принсипҳои сохибистихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва ягонагӣ муайян гардида, заминаҳои ҳуқуқии бунёдӣ корҳои давлатдорӣ таҳким ёфт.

Бо мақсади иҷрои саривақтӣ ва самараноки фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” аз 30 декабри соли 2023, №668 ва банди 5 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-533 аз 18 марти соли 2024 “”Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” санаи 23 октябри соли 2024 мизи мудаввари ҷумҳуриявии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ, созмонҳои байналмиллалӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма ташкил ва гузаронида шуд.

Ҳамин тариқ, сиву як соли амали Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон собит аз он месозад, ки ин санади тақдирсози миллат, бунёдгузори давлати мо на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аввилиндараҷа буда, ин нуқта зарурат ба шарҳ надорад ва итминон дорем, ки барои рушду инкишофи ин сарзамин ва миллати куҳанбунёд боз садсолаҳо хизмат хоҳад кард.

     Сармутахассиси

 шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои

 иқтисодӣ, ичтимоӣ ва фарҳангӣ

  Ш. Раҳматова

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор