Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

НАҚШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ТАҚВИЯТИ

ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ СУДӢ

 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» яке аз дастовардҳои муҳимми замони соҳибистиқлолӣ ба шумор рафта, дар он самтҳои асосии сиёсати давлат дар ин ё он соҳа муайян мегарданд, ҳуҷҷати стратегиест, ки дурнамои кишварро барои даҳсолаҳо муайян месозад ва ниҳоят ҳамчун санаде баромад менамояд, ки барои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар вазорату идораҳо дастури фаъолият маҳсуб меёбад.

Дар паёмҳои Президенти мамлакат масъалаҳои гуногуни ҳаёти кишвар баррасӣ мегарданд, бахусус дар онҳо вобаста ба шохаи сеюми ҳокимияти давлатӣ, яъне ҳокимияти судӣ, мушкилоту монеҳо дар фаъолияти он, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо дар ин соҳа, таъмини вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, ҳалли масоили ташкилии фаъолияти судӣ, такмили қонунгузории кишвар дар ин самт ва масъалаҳои дигари марбут ба фаъолияти мақомоти судӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешаванд.

Чунончи, Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 30-юми апрели соли 2001 масъалаи такмили қонунгузорӣ дар самти фаъолияти мақомоти судиро ба миён гузошта таъкид намуданд, ки бо мақсади идомаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ беҳбудии фаъолияти судҳо, таъмини мустақилият ва дахлнопазирии судяҳо мо зарур шуморидем, ки дар бораи судҳои Тоҷикистон қонуни ягона қабул намоем. Зимнан, Президенти кишвар ёдовар шуданд, ки лоиҳаи ин қонун ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳод шудааст ва изҳори боварӣ намуданд, ки он дастгирӣ меёбад.

Ҳамин тавр, соли 2001 Маҷлиси Олии кишвар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабулу ҷонибдорӣ намуда, 6-уми августи соли 2001 аз ҷониби Президенти мамлакат ба имзо расид. Бо қабули Қонуни конститутсионии мазкур, 5 қонуни конститутсионӣ, яъне қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 3-юми ноябри соли 1995 қабул шуда буданд, аз эътибор соқит дониста шуда, меъёру муқаррароти онҳо дар Қонуни конститутсионии фавқуззикр танзим ёфтанд.

Лозим ба ёдоварист, ки соли 1995 Маҷлиси Олӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул карда, 3-юми ноябри соли 1995 аз ҷониби Президенти кишвар ба имзо расид. Тибқи Қонуни конститутсионии мазкур Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти мустақили ҳокимияти судӣ бо мақсади ҳифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис дода шуд.

Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 20-уми апрели соли 2006 иброз доштанд, ки ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ бе мавҷудияти низоми дақиқан муайяншудаи мустақилу беғарази судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии содиқ ба халқу Ватан, омодаи ҳифзи амнияти миллату давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъминкунандаи қонунияту тартибот дар ҷомеа аз имкон берун аст.

Роҳбари давлат дар ҳамин Паём зарур шумориданд, ки ба хотири рушду такомули минбаъдаи ҳокимияти судии кишвар Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ якҷоя бо мақомоти дахлдори давлатӣ барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти шароити имрӯзаи мамлакат таҳия ва пешниҳод намоянд.

Ҳамин тавр, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми июни соли 2007 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки он тадбирҳои мушаххасро бобати амалӣ намудани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар бар мегирад.

Зимнан, Барномаи фавқуззикр дар такмили қонунҳои амалкунанда, қабули кодексу қонунҳои нав, ташкили сохторҳои нави судӣ ба монанди коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ, таъсис додани вазифаи коромӯз - судя, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои соҳавӣ ва ниҳоят дар таҳкиму тақвияти ҳокимияти судӣ нақши назаррас касб намуд.

Идома додани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар паёмҳои Президенти мамлакат аз 15-уми апрели соли 2009 ва 24-уми апрели соли 2010 махсус таъкид мегардад. Чунончи, Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 15-уми апрели соли 2009 бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии давлат ва ташкилоту муассисаҳо мувофиқи мақсад ҳисобиданд, ки ислоҳоти судӣ идома дода шуда, барномаи нави мукаммали соҳа барои солҳои минбаъда таҳия карда шавад. Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 24-уми апрели соли 2010 ба Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ супориш доданд, ки бо дарназардошти масъалаҳои зерин лоиҳаи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқиро ҳарчи зудтар таҳия ва пешниҳод намоянд:

- якум, омӯзиши ҳамаҷонибаи масъалаи минбаъд ба мансаби судягӣ бемуҳлат таъин намудани судяҳое, ки дар ин мансаб зиёда аз даҳ сол фаъолият намуда, худро ҳамчун судяи кордон ва босалоҳияту поквиҷдон нишон додаанд;

- дуюм, дар таркиби судҳои умумӣ таъсис додани мансаби судяҳои маъмурӣ ва оилавӣ аз ҳисоби воҳидҳои амалкунанда ва ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сеюм, бо дарназардошти васеъ гардидани салоҳияти судҳо андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти судяҳо дар мавриди қабули қарорҳои қонуниву асоснок ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар фаъолияти онҳо;

- чорум, таҳия ва пешниҳоди Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ.

Ҷиҳати иҷрои талаботи Паёми зикршуда бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми январи соли 2011 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 тасдиқ гардид. Бобати таъмини иҷрои Барномаи фавқуззикр як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла оид ба ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳа, баланд бардоштани сатҳи тахассусии онҳо, ҳалли масъалаҳои дигари ташкилии фаъолияти судӣ роҳандозӣ шуда, дар ин раванд қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав (аз 26-уми июли соли 2014), Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 22-юми июли соли 2013) қабул гардида, ба як қатор санадҳои қонунгузорӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.

Илова бар ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия дар таҳрири нав қабул ва 18-уми марти соли 2015 аз ҷониби Президенти кишвар ба имзо расид. Қонуни зикршуда асосҳои ҳуқуқии фаъолияти адвокатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои адвокатҳо ва ташкили адвокатураро муқаррар менамояд.

Дар Паёми Президенти кишвар аз 23-юми апрели соли 2014 оид ба ташаккули низоми судии мамлакат, баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа ва ба сатҳи байналмилалӣ баровардани он, инчунин доир ба такмили қонунгузории мамлакат дар ин самт ибрози назар карда шуд.

Дар ҳамин Паём Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки «бо мақсади рушди низоми судии кишвар, баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо, нақш ва мавқеи суд дар таъмини воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ҳоло барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои се соли оянда таҳия шуда истодааст». Бинобар ин, Президенти мамлакат зарур донистанд, ки барномаи зикргардида то охири соли 2014 пешниҳод карда шавад.

Ҳамин тариқ, лоиҳаи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 таҳия гардида, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми январи соли 2015 тасдиқ карда шуд. Барномаи мазкур бо мақсади идома додани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар мамлакат, таҳкими фаъолияти ҳокимияти судӣ, таъмини мустақилият, такмили сохтор ва масоили дигари марбут ба фаъолияти он қабул карда мешавад.

Бобати иҷрои муқаррароти ин барнома доир ба такмили меъёрҳои қонунгузории мурофиавӣ вобаста ба тартиби баррасии парвандаҳо ва дигар масъалаҳое, ки барои таҳкими мурофиаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ аҳаммиятнок мебошанд, ба кодексҳои мурофиавии гражданӣ, мурофиавии иқтисодӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таѓйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Афзун бар ин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2015 Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Мақсади Консепсияи мазкур дар ташаккул додани асосҳо барои инкишоф ва мукаммалгардонии минбаъдаи низоми давлатии ёрии ҳуқуқии ройгони дастрас ва ихтисоснок барои аҳолӣ иборат мебошад. Ҳамзамон, дар ин раванд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ такмил дода шуданд.  

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 26-уми декабри соли 2018 бори дигар ба масъалаи такмили фаъолияти мақомоти судӣ таъкид намуда, аз ҷумла иброз доштанд: «Пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои дарпешистода кафолати ҳамаҷонибаи адолати судиро талаб мекунад. Зарур аст, ки барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ таҳия карда, дар доираи он сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ такмил дода шавад ва ҷиҳати баррасии босифату саривақтии парвандаҳо ва иҷрои санадҳои қабулнамудаи мақомоти судӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд». Бинобар ин, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати адлия ва Хадамоти иҷро муваззаф шуданд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқиро барои солҳои 2019-2021 таҳия ва пешниҳод намоянд.

Дар натиҷа, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми апрели соли 2019 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ карда шуд. Барномаи мазкур идомаи барномаҳои пешинаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ маҳсуб ёфта, амалисозии тадбирҳои заруриро ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани ҳокимияти судӣ ва такмили қонунгузорӣ доир ба фаъолияти судҳо, хадамоти иҷро, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ менамояд.

Бо мақсади иҷрои барномаи зикршуда, Кодекси манзили  Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 18-уми марти соли 2022), Кодекси гражданӣ зери номи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 24-уми декабри соли 2022) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» (аз 8-уми июни соли 2022) бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия аз ҷониби Президенти мамлакат ба имзо расиданд.

Бояд хотирнишон сохт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26-уми апрели соли 2013 низ масъалаи дар таҳрири нав таҳия намудани кодексҳои манзил ва граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъкид шуда буданд.

Хулоса, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар таҳкими мустақилияти судҳо, баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, фароҳам сохтани шароити беҳтари кору фаъолият барои кормандони мақомоти судӣ, баланд бардоштани масъулияти судяҳо, таъмини баамалбарории адолати судӣ ва инкишофи қонунгузории соҳа мусоидат намуда, дар маҷмуъ нақши онҳо дар тақвияти фаъолияти мақомоти судии кишвар назаррас мебошанд.

Фирӯз Сайнозимзода,

сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва

сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор