Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

 

 Ҳамасола ҷаҳони муосир рӯзи 10 декабрро ҳамчун «Рӯзи ҳуқуқи инсон» ҷашн мегирад. Ин рӯз вобаста аст ба рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон. Яъне 10 декабри соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса ин санади таърихӣ қабул гардида буд. Дар ҳақиқат нақши ин санади муътабар барои инсоният хеле муҳим ва бузург мебошад.

 Пеш аз ҳама Эъломия тавонист, ки сарфи назар аз сохти давлатдорӣ, мафкураву эътиқоди динӣ ва одату анъанаҳои халқҳои ҷаҳон дар худ ҳуқуқу озодиҳои   асосии инсонро дар бар гирад. Ва сарфи назар аз ин хусусиятҳои номбаршуда, тамоми инсонҳо аз ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ бояд бархурдор бошанд.

Санади мазкур агарчи хусусияти эъломиявӣ дошта башад ҳам, дар тамоми ҷаҳон ва аз ҷониби кулли одамон ҳамчун санади муътабар қабул шудааст ва қариб 77 сол мешавад, ки ба халқи ҷаҳон хизмат мекунад.

Эъломия доираи васеи ҳуқуқҳоро фаро мегирад ва он замина гузошт барои қабули беш аз 60 санад вобаста ба ҳуқуқи инсон, ки онҳо дар маҷмуъ қоидаҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсонро ташкил дода, барои эътирофу эҳтиром ва ҳифзу пешрафти ҳуқуқи инсон нақши муассир доранд.

    Қобил ба зикр аст, ки дар мазмун ва муҳтавои Эъломияи ҳуқуқи инсон саҳми сазовори гузаштагони халқи тоҷик низ баръало таҷассум ёфтаанд. Ҳанӯз соли 539 пеш аз мелод Куруши Кабир дар эъломияи худ дар бораи ҳуқуқ ба ҳаёти арзанда, озодӣ ва баробарии одамон, аз байн бурдани зулм нисбат ба инсон, ғуломӣ хамчун таҳқир ба шаъну эътибори инсонӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳуқуқи инсон таъкид карда буд, ки онҳо ҳамчун арзишҳои бунёдӣ дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дарҷ гардиданд.

    Боиси ифтихор аст, ки 6-уми ноябри соли ҷорӣ дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатнома таҳти унвони “Устувоми Куруш: Эъломияи нахустини ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ” қабул гардид. Қабул гардидани ин санад ба таҳкими арзишҳои умуми башарӣ, густариши ҳамдигарфаҳмӣ миёни тамаддунҳо ва мусоидат ба рушди  муколамаи фарҳангҳо дар доираи ЮНЕСКО саҳми арзанда мегузорад.

    Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 10-уми декабр ҳамчун «Рӯзи ҳуқуқи инсон» ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат ҳар сол ҳафтаи аввали моҳи декабр ҳамчун ҳафтаи ҳуқуқи инсон эътироф шудааст ва чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд.

    Мақсад аз ҷашнгирии «Рӯзи ҳуқуқи инсон» ва баргузории чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ба ҷомеа ва ҳар як фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риоя ҳуқуқи инсон; нақши ҳуқуқи инсон дар таҳким ва рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар як фард мебошад.

     Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сифати қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани худ, ҳуқуқи инсонро ҳамчун арзиши муҳими ҷомеаи демократӣ қабул карда, тамоми санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонид ва баҳри амалшавии онҳо корҳои зиёдеро ба иҷро расонидааст.

    Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, муқаррар намуд, ки онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти конунгузор ва иҷроия буда, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мешаванд.

    Дар қонунгузории миллӣ тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосӣ танзими ҳамаҷониба пайдо карданд. Давлат ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба моликият ва мерос, таҳсил, меҳнат, манзил, ҳуқуқ ба истироҳат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад. Ислоҳоти институтсионалӣ, ки бо мақсади таҳким бахшидани механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон амалӣ карда мешаванд, дар рушди ҳуқуқи инсон нақши муҳим доранд. Яке аз қадамҳои устувори ҷумҳурӣ дар ин самт таъсис додани мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки дар фаъолияти худ баҳри рушди ҳуқуқи инсон чораҳои дахлдорро андешида истодааст.

    Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ мебошад ва барои ҳар як инсон шароити зиндагонии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад. Фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як фарди ҷомеа, мақсади олии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмолалӣ Раҳмон тамоми кушишу талошҳои худро баҳри амалӣ намудани ин мақсади олӣ сарф менамоянд. Ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таъкид менамояд ва тадбирҳои зарурӣ барои расидан ба ин мақсади олӣ андешида мешаванд.

    Расидан ба ин мақсади олӣ баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва ҳар як фардро талаб мекунад, зеро эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон қисми ҷудонашавандаи зиндагӣ, фаъолият ва рафтори ҳар як узви ҷомеа мебошад. Амалӣ шудани ин арзишҳои муҳим аз тарафи ҳама моро ба мақсадҳоямон мерасонад.

 

Муовини сардори шуъбаи

ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки

Дастгоҳи Ваколатдор оид ба

ҳуқуқи инсон дар ҶТ

Низомов А.Б.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор