Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ҚУВВАИ БАРҚ ПУРЗӮР ГАРДИД

Мусаллам аст, ки расидан ба истиқлоли энергетикӣ, яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат маҳсуб меёбад. Барои ноил гардидан ба ин ҳадафи стратегии кишвар давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 28-уми декабри соли 2024 доир ба ин ҳадафи стратегии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз ҷумла иброз доштанд: «Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст».

Сарвари давлат дар ҳамин Паём аз таҷдиду навсозӣ гардидани чанде аз агрегатҳои неругоҳҳои кишвар ва сохтмони дигар неругоҳ ёдовар шуда, минҷумла таъкид намуданд: «Ҳоло корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони неругоҳи «Себзор» ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд. То имрӯз ду агрегати неругоҳи «Норак» ва се агрегати неругоҳи «Қайроққум» пурра навсозӣ карда шуд. Соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар неругоҳи «Қайроқум» иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гардида, ба 174 мегаватт мерасад. Инчунин, як агрегати дигар дар неругоҳи «Норак» таҷдид шуда, иқтидори он 40 мегаватт зиёд мегардад ва сохтмони неругоҳи «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом расонида мешавад».

Президенти мамлакат дар Паёми фавқуззикр мужда расониданд, ки аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.

Пӯшида нест, ки дар мамлакат норасоии неруи барқ мушоҳида мегардад. Албатта, ин мушкилӣ муваққатӣ буда, ба таъбири Пешвои миллат шуруъ аз моҳи майи соли 2027 он пурра бартараф хоҳад шуд.

Дар замони муосир неруи барқ барои зиндагии мо ниҳоят муҳим аст, зеро аксари фаъолиятҳои инсон аз он вобастагии зиёд доранд. Неруи барқ, қабл аз ҳама, ба хонаҳо ва корхонаҳои мо рӯшноӣ ва имкони кору зиндагии муосир фароҳам месозад. Бинобар ин, истифодаи оқилонаву сарфакоронаи неруи барқ ва саривақт пардохт намудани маблағи он вазифаи ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвар мебошад.

Мутаассифона, имрӯзҳо дар ҷомеа нафароне пайдо мешаванд, ки ба хотири напардохтани маблағи истифодаи неруи барқ даст ба содир намудани кирдорҳои ғайриқонунӣ мезананд. Аз ин лиҳоз, бо мақсади пешгирӣ намудани чунин кирдорҳо соли ҷорӣ ба кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 15-уми апрели соли 2025) моддаи 382 дар таҳрири нав ифода карда шуд. Тибқи он барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ (аз 1 500 то 2 250 сомонӣ), ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ (аз 2 250 то 3 750 сомонӣ) ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад (аз 15 000 то 22 500 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки қаблан дар асоси моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки он аз ду қисм иборат буд, тибқи қисми 1 моддаи мазкур барои худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти қувваи барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ, бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ (аз 225 то 375 сомонӣ), ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист (аз 1 125 то 1 500 сомонӣ) ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад (аз 7 500 то 15 000 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешуд.

Дар асоси қисми 2 он бошад барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ (аз 375 то 750 сомонӣ), ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ (аз 3 000 то 3 750 сомонӣ) ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад (аз 15 000 то 22 500 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин мегардид.

Ҳамакнун, дар баробари пурзӯр гардидани ҷавобгарии маъмурӣ барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ, ҳамчунин ҷавобгарии ҷиноятӣ низ муқаррар карда шуд.

Чунончи, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 15-уми апрели соли 2025) ба он моддаи 253 (1) зери номи вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ илова карда шуд. Дар асоси қисми 1 ин модда аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт (аз 27 375 то 41 025 сомонӣ), нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се (3) сол ҷазо дода мешавад.

Тибқи қисми 2 он агар ҳамин кирдор ба миқдори калон, аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 60 000 то 90 000 сомонӣ),  ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то шаш (3 то 6) сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се (3) сол ҷазо дода мешавад.

Қисми 3 моддаи зикргардида муқаррар менамояд, ки агар кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда ба миқдори махсусан калон, аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то даҳ (6 то 10) сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ (5) сол ҷазо дода мешаванд.

Лозим ба зикри хос аст, ки риоя намудани Конститутсия ва қонунҳои мамлакат вазифаи конститутсионии ҳар як шаҳрванд мебошад, зеро надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарӣ озод намекунад.

Бинобар ин, шаҳрвандонро зарур аст, ки ҳангоми истифода бурдани қувваи барқ талаботи қонунро риоя намуда, ба вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи он роҳ надиҳанд, ҳамчунин қувваи барқро сарфакорона истифода баранд ва дар амалӣ гаштани ҳадафи стратегии мамлакат – истиқлоли энергетикӣ саҳмгузор бошанд.

 

 

 

Сайнозимзода Фирӯз –

сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва

сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор