Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки самти пешгирии зӯроварӣ дар оиларо ба танзим медарорад, ин пеш аз ҳама ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудаааст, иборат мебошад.

Қонуни мазкур ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва дигар аъзои оила, пешгирӣ ва барҳам додани зуроварӣ дар оила пешбинӣ шуда. ҳамчунин баҳри иҷрои банди 22 шарҳи хотимавии Кумитаи СММ оид ба бартараф кардани  табъиз нисбат ба                занон, ки тибқи он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули қонуни алоҳида доир ба ин масъала тавсия шуда буд, таҳия гардидааст.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар Маърӯзаи худ барои солҳои 2009-2010 таҳия ва қабули Қонуни мазкурро тавсия намудааст. Мақсади асосии санади ҳуқуқии мазкур ҳимояи ҳуқуқи оила ҳамчун асоси ҷамъият, танзими ҳуқукии муносибатҳо вобаста ба пешгирии зуроварӣ дар оила, мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти пешгирии зуроварӣ дар оила, ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароити зуроварӣ дар оила мусоидаткунанда ва дигарҳо мебошанд.

Айни ҳол дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 ва ѓайраҳо қабул гардида, амал менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иҷтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсия оид ба пешгирии ҳамагуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон ва Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдакро эътироф намудааст, ки масъалаҳои пешгирии зуроварӣ дар оиларо дар ин ё он сатҳ ба танзим медарорад.

Бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, иттилоотонии аҳолӣ аз тарафи мутахассисони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ мунтазам дар воситаҳои ахбори омма баромадҳо доир гардида, дар матбуоти даврӣ мақолаҳо чоп мегарданд.

Ш. Раҳматова

Сармутахассиси

шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои

иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фаҳангии

Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор