Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъизи нажодӣ бевосита аз принсипҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ, ба мисли баробарӣ ва худмуайянкунии халқу миллатҳо ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон манша мегиранд.

Бояд қайд кард, ки таҳти мафҳуми баробарии ҳуқуқӣ ин баробарии имкониятҳо фаҳмида мешавад, яъне ҳамаи одамон новобаста аз баромад ва вазъи иҷтимоӣ баробар ва иштирокчии баробарҳуқуқи ҳаёти ҷамъиятӣ эътироф шудаанд ва дорои иродаи озод мебошанд.

Ҳуқуқи озодӣ аз табъизи нажодӣ яъне озод будани шахс аз ҳамагуна амалҳои табъизи нажодӣ, мавриди табъиз қарор дода нашудан вобаста ба аломати ранги пӯст, нажод ё пайдоиши этникиро дар назар дорад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳуқуқ ба баробарӣ ва мавриди табъиз қарор нагирифтан принсипҳои асосии ҳифзи ҳуқуқи инсон ба шумор мераванд.

Стандартҳо ва воситаҳои байналмилалии универсалӣ ва минтақавии ҳифз аз табъиз аз инҳо иборатанд:

- Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ;

-Эъломияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои ақаллиятҳо;

-Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ;

-Мулоҳизоти тартиби умумии №23 Кумитаи ҳуқуқи инсон дар бораи ҳуқуқҳои ақаллиятҳо;

-Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ;

-Мулоҳизоти тартиби умумии №14 (2000) Кумита оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ;

-Конвенсияи дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак;

-Конвенсия дар бораи пешгирии ҷиноятҳои генотсид ва ҷазо барои он;

-Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи пешгирии ҷиноятҳои апартеид ва ҷазо барои он;

-Конвенсияи ЮНЕСКО дар бораи ҳифз ва ҳавасманд намудани гуногунии шаклҳои хештангароии фарҳангӣ;

-Конвенсияи чорчӯбавии Шӯрои Аврупо дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ ва дигарҳо.

Таҳти мафҳуми “табъизи нажодӣ" ҳама гуна фарқиятгузорӣ, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятдиҳие фаҳмида мешавад, ки ба аломатҳои нажод, ранги пӯст, баромади авлодӣ, миллӣ ё этникӣ асос ёфта, мақсади онҳо ё оқибати онҳо нобудсозӣ ё пастзании эътироф, истифода ё баробар амалӣ накардани ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ё ҳама гуна дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад (М.1 Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ).

Аз мазмуни моддаи мазкур бармеояд, ки табъизи нажодӣ ин табъиз нисбати шахси дигар вобаста ба аломатҳои нажод, ранги пӯст, баромади авлодӣ, миллӣ ё этникӣ мебошад.

Калимаи “нажод”  бештар ба симои зоҳирӣ, башараи ҷисмонӣ монанд карда мешавад. Масалан, сохтори устуғонҳо, ранги пӯст, таркиби мӯй ва ғайра.

Калимаҳои сафедпӯст, сиёҳпӯст, аврупоид, африқотабор, афроамерикоид, муғулоид бештар барои муайян кардани нишонаҳои нажодӣ истифода мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аксари санадҳои байналмилалии танзимкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсонро, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шудаанд, аз ҷумла Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодиро ба тасвиб расонидааст.

Ҳамзамон, Тоҷикистон, вобаста ба санадҳои батавсибрасонида мунтазам аз иҷрои онҳо Гузоришҳои миллӣ  пешниҳод мекунад.

Айни ҳол аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон чор маротиба Гузоришҳои миллии даврӣ вобаста ба иҷрои Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ пешниҳод шудаанд. Гузориши даврии муттаҳидаи дувоздаҳум-сенздаҳуми Тоҷикистон соли 2020 ба Кумита оид ба барҳам додани табъизи нажодӣ пешниҳод шуд ва моҳи апрели соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати миллии худ стандартҳои байналмиллалии батасвибрасонидаашро ба роҳбарӣ гирифта, ҳамчун иштирокчии Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ ба худ уҳдадорӣ гирифтааст, ки барои дар сатҳи ҷумҳурӣ азнав дида баромадани сиёсати ҳукумат, инчунин беътибор намудани санадҳои мусоидаткунандаи табъизи нажодӣ ва манъи табъизи нажодӣ чораҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, қонунгузории миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шудааст.

Қонунгузории миллӣ баробарӣ дар назди қонунро кафолат дода, табъизро манъ мекунад.

Меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистон ба пуррагӣ имконияти зуҳурёбии табъизро аз рӯи аломатҳои нажод, миллат, забон, мансубияти миллӣ, эътиқоди динӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкӣ истисно мекунад.

Дар меъёрҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла, Кодексҳои меҳнат ва ҷиноятию маъмурӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ”, “Дар бораи фарҳанг”, “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», “Дар бораи хизмати давлатӣ” манъи вайронкунии баробарии ҳуқуқ ё табъиз пешбинӣ карда шудаанд.

Мусоидат ба риояи ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Чунин ваколату вазифа бевосита аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” бармеояд.

Тибқи Қонуни мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз ба ҳисоб меравад.

Дар ин самт Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон як қатор корҳоро ба сомон расонидааст.

Аз ҷумла, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориҳои судманди худро бо мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҳуқуқҳимояткунанда мунтазам ба роҳ монда, баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ мунтазам силсилаи вохӯрию ҷамъомадҳо дар маҳалҳо бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сокинон баргузор намояд.

Ҳамчунин, бо мақсади мустаҳкам намудани фаъолияти иттилоотонии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ дар сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи рафъи тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Гузоришҳои даврии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсияи мазкур, тавсияҳои Кумитаи СММ дар бораи рафъи тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Нақшаи миллии иҷрои тавсияҳои Кумитаи мазкур ва дигар маводҳо ҷой дода шудаанд.

Ба ғайр аз ин матни Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи рафъи тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ ба забони давлатӣ тарҷума ва дар  Маҷмӯи санадҳои байналмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҷой дода шуда, дасраси аҳолӣ гардидааст.

Инчунин, дар сомонаи мақомот мақолаҳо дар мавзӯи “Масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ақаллиятҳои миллӣ”, “Баробарии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манъи табъиз”, “Ақаллиятҳои миллӣ аз ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бархӯрдоранд” ва дигарҳо нашр шудаанд.

Бо мақсади пешбурд ва мониторинги ҳуқуқҳои дар Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи рафъи тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ пешбинишуда аз ҷониби кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мониторинги фаъолияти вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, Дастгоҳи Суди Олии ҶТ, раисони шаҳри Исфара, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Спитамен, ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе гузаронида шуданд.

Аз натиҷаи мониторингҳо бо маrсади таъмини риояи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ дар фаъолияти мақомоти зикршуда тавсияҳои дахлдор пешниҳод шуда, ба кормандони сохторҳои дахлдори мақомот кӯмаки методӣ расонида шуд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар мониторингу чорабиниҳои иттилоотие, ки кормандони мақомот мегузаронанд, тарғибу ташвиқ ва шарҳи муҳтавои сиёсати давлатро дар ин самт тақвият диҳад.

 

Ашуров М., сардори шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор