Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

 

Ҳуқуқ ба иттилоот яке аз ҳуқуқҳои бунёдии инсон ба ҳисоб рафта, дар стандартҳои байналмилалӣ ҳамчун озодии хештангароӣ, ки барои мустаҳкам намудани демократия ва иштироки ҷомеа дар идораи давлат зарур аст, дарҷ шудааст.

Тибқи ҳуқуқ ба иттилоот аҳли ҷомеа бояд имконияти иштирок дар мубодилаи озоди иттилоот дошта бошад.

Бояд қайд кард, ки амалишавии ҳуқуқ ба иттилоот ба беҳтар шудани сифати идоракунии давлат, муҳити маблағгузорӣ, паст гардидани коррупсия, фаъол шудани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тақвияти нақши он дар қабули қарорҳо мусоидат менамояд.

Меъёрҳои асосии дастрасӣ ба иттилоот дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии зерин, ба мисли Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон (моддаи 10), Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (моддаи 19), Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди корупсия (моддаи 13), Конвенсияи Орхун ва дигар санадҳо пешбинӣ шудаанд.

Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон муқаррар менамояд, ки “Ҳар инсон ба озодии ақида ва озодона баёни намудани он ҳақ дорад; ин ҳуқуқ озодии бемамониат нигоҳ доштани ақидаи худ, бо ҳар восита ва сарфи назар аз ҳудудҳои давлатӣ, ҷустуҷӯ, дастрасу интишор намудани иттилооту андешаро дарбар мегирад.

Банди 2 моддаи 19 Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ муқаррар менамояд, ки: “Ҳар як инсон ба изҳори мустақилонаи ақидаи худ ҳуқуқ дорад; ин ҳуқуқ озодии ҷустуҷӯ кардан, ба даст овардан ва паҳн намудани ҳама гуна маълумот (иттилоот) ва андешаро, сарфи назар аз ҳудудҳои давлатӣ, шифоҳӣ, хаттӣ ё тавассути матбуот ё шаклҳои бадеӣ ё дигар воситаҳои изҳори онҳоро бо интихоби худ дарбар мегирад”.

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди корупсия дар моддаи 13 талаб менамояд, ки давлатҳо барои таъмини дастрасии самараноки иттилоот барои аҳолӣ чораҳои дахлдор андешанд.

Мақсади Конвенсияи Орхун тақвият додани ҳифзи ҳуқуқи инсон ба муҳити зисти солим барои саломатӣ ва осудаҳолии ӯ, дастрасӣ ба иттилоот, иштироки ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо ва дастрасӣ ба адолати судӣ оид ба масъалаҳои муҳити зист ба шумор меравад.

Аз мазмуни санадҳои зикргардида бармеоянд, ки ҳуқуқ ба иттилоот ҳуқуқи ҷустуҷӯи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он, паҳн намудани иттилоотро дарбар мегирад.

Принсипи асосии санадҳои мазкур бештар ошкоро будани иттилоот мебошад, ки дар ҳолатҳои ниҳоят маҳдуд риоя карда намешавад.

Чунончӣ, банди 3 моддаи 19 Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешбинӣ менамояд, ки маҳдудкунии ҳуқуқи мазкур бояд тавассути қонун муқаррар карда шавад ва барои мақсадҳои зерин зарур бошад:

a) барои эҳтироми ҳуқуқ ва эътибори шахсони дигар;

b) барои ҳимояи амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ё саломатӣ ва ахлоқи аҳолӣ.

Давлатҳои иштирокчии санадҳои зикргардида бо мақсади амалишавии самараноки ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот бояд дастрасии васеъро ба иттилооти ҳукуматӣ, ки дорои манфиати ҷамъиятӣ мебошанд, ҳамчунин дастрасии осон, зуд, самаранок ва амалии онро таъмин намоянд ва дар сурати рад намудани пешниҳоди иттилоот онро асоснок намоянд. Яъне давлатҳо бояд иттилооти калидиро оид ба чорабиниҳое, ки мақомоти давлатӣ баргузор менамоянд, интишор намоянд ва ба дархости аҳолӣ саривақт ҷавоб диҳанд ва дастрасӣ ба санадҳоро таъмин намоянд.

Ҳамчунин, давлатҳои иштирокчӣ бояд қонунгузории миллии худро ба меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ намоянд ва дар сурати мутобиқат накардан меъёрҳои байналмилалиро истифода намоянд, ки ин дар қонунгузории аксар давлатҳо, хусусан дар моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳалли худро ёфтааст.

Бояд қайд кард, ки дар самти дастрасӣ ба иттилоот аз натиҷаи баррасии Гузориши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Шарҳи умумии Даврӣ (даври сеюм) аз ҷониби давлатҳо-иштирокчии Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон (Коста-Рика, Испания ва Шветсария) ба Тоҷикистон тавсияҳо оид ба мустаҳкам намудани таҳкурсии ҳуқуқӣ барои таъмини дастрасӣ ба иттилоот, қатъ намудани таҷрибаи муҳосираи дастрасӣ ба веб-сайтҳо ва хизматрасонии алоқаи мобилӣ пешниҳод шуданд.

Бо мақсади таъмини рушди устувор ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ муҳайё шудааст.

Моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахборро кафолат додааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ дар самти дастрасӣ ба иттилоот даҳ қонун қабул шудаааст, ки ба таъмини дастрасӣ ба иттилоот нигаронида шудаанд. Ҳамчунин санадҳои зиёди зерқонунӣ низ дар ин самт қабул шудаанд.

Меъёрҳои конститутсионии ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот рушди минбаъдаи худро дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, “Дар бораи иттилоотонӣ”, “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”, “Дар бораи ҳифзи иттилоот», “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”  ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ёфта, механизмҳои амалишавии ин меъёрҳо таъмин шудаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот” ҳуқуқи ҳар шаҳрвандро ба ҷӯстуҷӯи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он аз мақомоту ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо, ки ин иттилоотро қонунан дороянд, пешбинӣ намудааст.

Қонунгузории миллӣ дар маҷмуъ ғояҳои асосии дастрасӣ ба иттилоотро кафолат дода, тибқи он ҳар шаҳрванд барои дастрас намудани иттилоот ва паҳн намудани он ҳуқуқ дорад. Мақомоту ташкилотҳо вазифадор шудаанд, ки иттилооти дархостшавандаро пешниҳод намоянд.

Дар хулоса бояд қайд кард, ки ҳангоми пешбурди ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот талаботи меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ қатъӣ ба роҳбарӣ гирифта шуда, эҳтиёҷоти шаҳрвандон ба иттилооти аҳамияти иҷтимоӣ дошта саривақт қонеъ гардонида шавад.

Ҳамчунин, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот чораҳо оид ба таъмини амнияти иттилоотӣ ва нигоҳ доштани фазои иттилоотии солим, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, рушди устувор ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ андешида шаванд.

 

 

Ашуров М., сардори шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор