Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

1 июн - Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Ҳамасола дар ҷаҳон санаи 1 июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад ва ин яке аз қадимтарин идҳои байналмилалӣ аст, ки аз соли 1950 инҷониб дар саросари љаҳон қайд карда мешавад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” низ 1 июнро ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муқаррар намуда, ҳамасола ин ид дар кишварамон ҷашн гирифта мешавад.

Пайдоиши ин ҷашн ба миёнаҳои асри ХХ рост меояд. Соли 1949 дар Париж конгресси занон баргузор гардид, ки дар он савганди муборизаи беамон барои сулҳи пойдор ҳамчун кафолати ягонаи хушбахтии кӯдакон садо дод. Зеро пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ мушкилиҳои ҳифзи саломатӣ ва некӯаҳволии кӯдакон аз ҳарвақта бештар муҳим буданд. Худи ҳамон сол, дар ҷаласаи Маскав дар Шӯрои Федератсияи байналмилалии демократии занон, мувофиқи қарорҳои Анҷумани 2-юми он ба ҷашни мазкур асос гузошта шуд. СММ ин ташаббусро дастгирӣ намуда, ҳифзи ҳуқуқ, ҳаёт ва саломатии кӯдаконро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ эълон кард. Пас аз як сол, 1 июни соли 1950 аввалин Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид, ки пас аз ин ид ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.

Тавре маълум аст, кӯдакон аз ҷумлаи шахсоне мебошанд, ки бо сабабҳои синну сол ва нишондиҳандаҳои ҷисмонию ақлониашон ҳуқуқ ва манфиатҳои худро ба таври мустақилона ҳимоя карда наметавонанд, бинобар ин онҳо қисми осебпазири ҷомеа эътироф шуда, ба ҳифзи махсус аз ҷониби давлат ва калонсолон ниёз доранд.

Рӯзи байналмилалии кӯдакон, пеш аз ҳама, ёдраскунӣ ба калонсолон дар бораи зарурати эҳтироми ҳуқуқҳои кӯдакон ба ҳаёт, озодии ақида ва дин, таҳсилот, истироҳат ва фароғат, муҳофизат аз зӯроварии ҷисмонӣ ва равонӣ, ҳифз аз истисмори меҳнати кӯдакон дар ҳолатҳои зарурӣ мебошад, ки барои ташаккули ҷомеаи инсондӯстона ва одилона равона шудааст.

Аввалин ҳуҷҷати ҳуқуқии байналмилалӣ, ки дар он ҳуқуқи кӯдак дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак мебошад, ки онро СММ 20 ноябри соли 1989 қабул кардааст.

Конвенсия ба чор принсипи бунёдӣ, аз ҷумла таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак, манъи табъиз, ҳуқуқи кӯдак ба ҳаёт, зинда мондан ва рушд ва ҳуқуқ ба шунида шудан асос ёфтааст, ки тавассути онҳо ҳуқуқҳои кӯдакон бояд таъмин гарданд.

 Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкурро соли 1993 ба тасвиб расонда, ҷиҳати амалишавии он тамоми тадбирҳои зарурии қонунгузорӣ, маъмурӣ ва дигар чораҳоро меандешад. Воқеан, имсол аз ба тавсиб расонии Љумҳурии Тољикистон 30-сол пур мешавад.

Ҳуқуқҳои кӯдакон дар Тоҷикистон аз Конститутсия сарчашма гирифта, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ва дигар қонуну кодексҳои соҳавӣ  ҳифз карда мешаванд.

Қонунгузории ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳуқуқи кӯдак бо дарназардошти стандартҳои байналмиллалӣ ва принсипи таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак таҳия гардида, пайваста такмил дода мешавад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд. Аз ин рӯ, дар ҷумҳурӣ таъмини беҳтарини манфиатҳои кӯдакон ва наврасон, фароҳам овардани шароити муносиб барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо, таъмини эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу  манфиатҳои кӯдакон яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор меравад

Манфиатҳои беҳтарини кӯдак тавассути муқаррар намудани меъёрҳои давлатии ҳадди ақали хизматрасонии иҷтимоӣ дар соҳаи маориф, хизматрасонии ройгони тиббӣ ба кӯдак, ҳифзи меҳнат, хизматрасонии иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқи кӯдак ба манзил, ташкили тадбирҳои солимгардонӣ ва истироҳат, ба назар гирифтани манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор, расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ва равонӣ ба кӯдак таъмин карда мешавад.

Тибқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ҳар як кӯдак ба зиндагӣ ва шароите ҳуқуқ дорад, ки барои инкишофи мукаммали ҷисмонӣ, равонӣ ва маънавию ахлоқии ӯ заруранд. Кӯдак ба озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ ҳуқуқ дорад.

Ҳамаи кӯдакон, новобаста ба баромади иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ ва мазҳабӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ, нажод, ҷинс, забон, таҳсилот, эътиқоди динӣ, ҷойи зист, вазъи саломатӣ ва дигар ҳолатҳои ба кӯдак ва падару модар ё дигар намояндагони қонунии ӯ дахлдошта ҳуқуқҳои баробар доранд.

Дар баробари ташкили асосҳои қонунгузорӣ инчунин механизми муайяни мақомоти давлатӣ таъсис дода шудааст, ки  фаъолияти онҳо ба ин ё он васила ба таъмини ҳуқуқҳои кӯдак алоқаманд аст.

Соли 2008 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак таъсис дода шуд, ки мақоми доимоамалкунанда буда, сиёсати давлатиро ба хотири таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак амалӣ менамояд. Комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак низ дар ҳифзи ҳуқуқи кӯдак нақши муҳим мебозанд. Мақомотҳои дигари давлатӣ, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, адлия, прокуратура, кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш ва як қатор вазорату идораҳои дигар низ   ба таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак масъуланд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак таъсис дода шуда, вазифаҳои худро дар доираи салоҳияти бо қонун муқарраршуда тавассути қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, санҷиши вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак амалӣ мегардонад.

Бо талошҳои Ҳукумати кишвар ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи кӯдак рушд ёфтанд. Ҳамкориҳо хусусан бо Дафтари Хазинаи кӯдакони СММ хеле назаррас буда, дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ сурат мегиранд ва ба мусоидат ба таъмину риояи ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил, саломатӣ, ислоҳоти низоми адлияи ноболиғон, ислоҳоти соҳаи иҷтимоӣ, амалӣ гардонидании барномаю стратегияҳо дар ин самт равона карда шудаанд.

Дар ташаккули бомуваффақияти шахсияти кӯдак инчунин ҷомеа ва оила нақши муҳим мебозанд.  Кӯдак бояд дар муҳити меҳру муҳаббат, дар оила миёни ашхоси наздик ва меҳрубон ба воя расад. Калонсолон бояд ба кӯдакон дар омодагӣ ба ҳаёти мустақил, аъзои комилҳуқуқи ҷомеа гардидан, барои ташаккули муқаррарии ҷисмонӣ ва ақлонии ӯ шароити мусоид фароҳам оваранд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон риоя гардида, барои рушду камолоти онҳо дар шароити озоду арзанда тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.

 

Низомов А.Б.

Муовини сардори Шуъбаи

ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кўдак                       

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор