Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолият самти барпо намудани ҷомеаи демократиро интихоб намуд, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла, намояндагони гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ арзиши олӣ эътироф шуданд.

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои намояндагони гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ Тоҷикистон санадҳои асосии ҳуқуқии байналмилалии ҳуқуқи инсон, ба монанди Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсияи дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва дигар санадҳоро ба тасвиб расонида, дар пешбурди сиёсати миллии худ онҳоро ба роҳбарӣ мегирад.

Имрӯзҳо муҳити таҳаммулпазирии босуботи байни миллату намояндагони гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ таъмин карда мешавад, ки яке аз дастовардҳои муҳим ба шумор меравад.

Санаи 15 майи соли 2023 мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Комиссари олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба корҳо бо ақаллиятҳои миллӣ Қайрат Абдураҳмонов баргузор гардида, дар рафти он маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳоди он оид ба корҳо бо аққалиятҳои миллӣ баррасӣ гардид. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки сиёсати Тоҷикистон ба таҳкими ҳамаҷонибаи суботи дохилӣ, инчунин таҳаммулпазирии байни миллатҳо ва динҳо нигаронида шуда, Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, новобаста аз аломатҳои миллат, нажод, дин ва забон чораҳои мушаххас меандешад.

Қонунгузории ҷумҳурӣ баробарҳуқуқии намояндагони тамоми миллату халқиятҳои дар ҳудуди он зиндагӣкунандаро кафолат додааст. Аз ҷумла, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи намояндагони гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забониро ба худмуайянкунӣ эътироф намуда, дар меъёрҳои Кодекси меҳнат ва Кодекси ҷиноятӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ”, “Дар бораи фарҳанг”, “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз ” манъи вайронкунии баробарии ҳуқуқ ва табъиз пешбинӣ шудаанд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» омадаст, ки дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин дахолати иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо манъ аст.

Манъи табъиз аз рӯи аломатҳои нажод, ранги пӯст, пайдоиш, ҷинс, забон, дин ва эътиқод, мансубияти миллӣ ва (ё) этникӣ дар ҷумҳурӣ ҳамчун стандарти умумиэътирофшудаи қонунгузории миллӣ эътироф шудааст. Принсипҳои баробарӣ ва  манъи табъиз аз рӯи аломатҳои зикршуда, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз ” мустаҳкам шудаанд, барои иштироки намояндагони гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ дар ҳаёти сиёсӣ заминаи ҳуқуқӣ муҳайё намуданд.

Дар ҷумҳурӣ намояндагони гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ амалан дорои ҳуқуқҳои баробар бо аҳолии таҳҷоӣ буда, ҳолатҳои табъиз нисбати онҳо ва ҷудокунии иҷтимоӣ мавҷуд нест.

Манъи табъиз қадами муҳим дар ҳифзи  ҳуқуқи намояндагони гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ ба шумор меравад.

Гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ дар тамоми сатҳҳои ҳокимияти давлатӣ (қонунгузор, иҷроия ва судӣ) намоянда ва ҳангоми ҳалли масъалаҳои ба онҳо дахлдошта ҳуқуқи овоз додан доранд.

Ба рушди хоси намояндагони гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ, аз ҷумла забони онҳо аҳамияти махсус дода шуда, гуруҳи мазкур метавонанд озодона аз забони модарӣ дар тамоми соҳа истифода намоянд ва таҳсил гиранд.

Бо мақсади таъмини интихоби озоди забони таҳсил шумораи зарурии муассисаҳои дахлдори таҳсилотӣ, синфхонаҳо, гурӯҳҳо, нашри китобҳо ва дастурҳои омӯзишӣ бо забони намояндагони гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ, инчунин муҳайё намудани шароити дахлдор барои фаъолияти онҳо таъмин карда мешавад.

Ҳамчунин намояндагони гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ тавассути рӯзномаю маҷаллаҳои гуногун аз иттилооти дахлдор бо забони модариашон бархӯрдоранд.

Воситаҳои ахбори омма воситаи муҳим ва самараноки рушди таҳаммулпазирии байни гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ, инчунин муколимаи фарҳангии онҳо буда, ба эҳтироми байниҳамдигарӣ ва ҳамкориҳои гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ мусоидат мекунад. Бо ин мақсадҳо дар ҷумҳурӣ ба намояндагони гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ имконият фароҳам оварда шудааст, ки дар ВАО бо забони модариашон баромад намоянд.

Тоҷикистон вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин самт чор маротиба ба  Кумитаи СММ оид ба барҳам додани табъизи нажодӣ  гузоришҳои муттаҳидаи миллии худро пешниҳод намудааст.

Аз ҷумла, рӯзҳои 20-21 апрели соли 2023 дар иҷлосияи 109-уми Кумитаи СММ оид ба барҳам додани табъизи нажодӣ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария гузориши муттаҳидаи дувоздаҳум ва сенздаҳуми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалинамоии муқаррароти Конвенсияи байналмилалӣ оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизи нажодӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз ҷониби намояндагони Тоҷикистон маълумоти муфассал оид ба корҳои анҷомдодашуда дар самти иҷрои Конвенсияи зикргардида пешниҳод шуда, ба саволҳои коршиносони Кумитаи  СММ оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизи нажодӣ ҷавобҳои мусбат дода шуданд.

Кумитаи СММ оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизи нажодӣ гузориши мазкурро мусбӣ арзёбӣ намуд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар фаъолияти худ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои намояндагони гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ аҳамияти махсус зоҳир намуда, ҳамкориҳои судманди худро бо мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҳуқуқҳимоякунанда мунтазам ба роҳ мондааст ва баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ мунтазам силсилаи вохӯрию ҷамъомадҳо ва чорабиниҳои иттилоотӣ дар маҳалҳо бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сокинон баргузор менамояд.

Ҳамчунин, бо мақсади пешбурд ва мониторинги ҳуқуқҳои дар Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи рафъи тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ пешбинишуда аз ҷониби кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мунтазам мониторинги фаъолияти мақомоту идораҳои давлатӣ гузаронида шуда, бо мақсади таъмини риояи ҳуқуқи намояндагони гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ тавсияҳои дахлдор пешниҳод мешаванд.

Тибқи супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон санаи 19 майи соли 2023 бо Комиссари олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба ақаллиятҳои миллӣ ҷаноби Қайрат Абдураҳмонов мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқу озодиҳои намояндагони гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ҳамкориҳои мақомот бо созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, вазъи ҳуқуқии  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, иҷрои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллии танзимкунандаи ҳуқуқу озодиҳои намояндагони гурӯҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ, таҳаммулпазирии байни миллату халқиятҳо, риояи меъёрҳои баробарӣ ва роҳ надодан ба табъиз аз рӯи нишонаҳои миллӣ ва нажодӣ ва дигар масъалаҳо вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи инсон матраҳ гардиданд.

Ҷаноби Қайрат Абдураҳмонов зимни суханронии худ изҳори қаноатмандӣ намуда, аз мандати ниҳоди худ, ки аз пешгирии низоъҳо аз рӯи нишонаҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ, рушди демократия ва волоияти ҳуқуқ, риояи ҳуқуқи инсон ва дигар масъалаҳо иборат аст, сухан намуд ва ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти пешбурд ва риояи ҳуқуқу озодиҳои намояндагони гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» ва ташвиқу тарғиби баробарӣ ва манъи табъиз, фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, нақши калонсолон ва ҷамоатчигӣ дар пешгирии низоъҳои наздисарҳадӣ, Гузоришҳои миллии Тоҷикистон аз натиҷаи иҷрои Конвенсияи байналмилалӣ оид ба рафъи ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ, муттаҳидии иҷтимоии аҳолии кишвар ва дигар масъалаҳо баҳои баланд дод.

Айни ҳол зарурати тақвияти ҳамкориҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии намояндагони гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, байни ҷамоатҳои гуруҳҳои мухталифи этникӣ, динӣ ва забонӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ба миён омадааст.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон омодааст, ки ба ҳамкориҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии намояндагони гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо мусоидат намояд.

 

 

Ашуров М., сардори шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор