Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

     «Ғояи сиёсиву мафкуравии мо ваҳдат,

     ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ,

     таҳкими давлатдорӣ ва ободонии

     Ватани азизамон мебошад».

                                                                 Эмомалӣ Раҳмон

 

Ваҳдат ва худшиносии миллӣ барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ заминаҳои устувор гузошта, давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хоса касб ва низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро мустақилона пеш бурда истодааст.

Ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он аст, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳилаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Ваҳдату Истиқлолият ин арзишҳои бебаҳо ва бо ҳам тавъаманд. Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии худ марҳилаҳои хеле вазнину пурхатар, санҷишҳои вазнини иҷтимоиву сиёсиро паси сар намуд. Имрӯз Тоҷикистон аз як кишвари ҷангзадаву буҳронӣ ба мамлакати аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёбанда табдил ёфтааст.

Тоҷикистони имрӯза, ки дар арсаи байналмилалӣ соҳиби ҷойгоҳи хоса мебошад, далели он аст, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти кишварамонро дигар кишварҳо дастгирӣ менамоянд ва имрӯз пойтахти Тоҷикистон ба яке аз марказҳои фаъоли сиёсиву фарҳангӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла дар соҳаҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, садҳо лоиҳаҳоро амалӣ менамояд.

Ваҳдат, Истиқлолият ва Президент – ин се неруи қавӣ бо ҳам тавъам ва кафили рушди устувори Тоҷикистон мебошанд. Фаромӯш набояд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, таъмини суботи сиёсию ҳамгироии ҷомеа, пойдориву бардавомии давлати демокративу ҳуқуқбунёд, қабули аввалин Конститутсияи давлати мустақил, такмили заминаҳои ҳуқуқии кишвар ва таъсиси низоми самарабахши мақомоти ҳокимияти давлатӣ саҳми беандоза дошта, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Пойдории сулҳу субот ба рушди устувори соҳаҳои иқтисодӣ — иҷтимоӣ ва сиёсию ҳуқуқии мамлакат мусоидат намуда, боиси рӯз аз рӯз дар арсаи байналмилалӣ боло гардидани обрӯ ва нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудани он гардид. Маҳз бо кӯшишу талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо тавонистем худро аз вартаи фоҷиаи миллӣ наҷот бахшем. Тоҷикистон имрӯз дар ҷаҳони муосир намунаи барҷастаи сулҳофарӣ ва сулҳу ваҳдати пойдор мебошад. Ин таҷрибаи Тоҷикистон барои бисёр кишварҳое, ки ба чанголи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шудаанду хатари фоҷиаи экологию демографӣ таҳдидашон мекунад, қобили истифода мебошад.

Маҳз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои рушди ҳуқуқи инсон, волояти қонун ва таҳкими механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон замима гузошта, омили рушди ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа гардид.

Яке аз ниҳодҳои муҳим дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон таъсис додани мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки фаъолияти он ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа равона гардидааст.

Воқеан, ин ниҳод яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии он таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат аст.

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар баробари назорати риояи қонунҳо ва ҳифзи сулҳу субот ва амният дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми босазо дорад.

Моро зарур аст, ки ҳамарӯза барои баланд бардоштани сатҳи маърифату ҳуқуқи миллии мардуми кишвар, фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, беҳсозии шароити иқтисодиву иҷтимоии аҳли ҷомеа ва рушду тараққиёти мамлакатамон аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоем.

Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва омили рушди ҷомеа мебошад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло ҳаминро бояд қайд кард, қи ҳамаи ин дастовардҳо асоси пешрафти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷумҳурӣ мебошад.

 

 

Корманди мақомоти Ваколатдор

оид ба ҳуқуқи инсон дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             

М. Салоҳидинзода

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор