Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омили асосии оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлат ва таъминкунандаи амнияти он ба шумор меравад. Аз ин рӯ, мустаҳкам намудани иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Маҳз ба туфайли ин кӯшишу дастгириҳо имрӯзҳо базаи моддию техникии он таҳким ёфта, барои хизматчиёни ҳарбӣ тамоми имкониятҳои зурурӣ фароҳам оварда шудааст.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи моддаи 43 – юми Конститутсияи Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад”.

Меъёри конститутсионии мазкур маънои онро дорад, ки ташкили қайди ҳарбӣ, омодасозӣ, даъват намудан, тартиби дохил шудан ба хизмати ҳарбӣ, адо кардан ва рухсат (озод) шудан аз хизмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба хизмати ҳарбӣ тибқи тартиби қатъии муқаррарнамудаи қонунгузорӣ анҷом дода мешаванд.

Бо мақсади танзими асосҳои ҳуқуқии фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин, ба мисли қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиа”, “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ”, “Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ”, Низомнома дар бораи тартиби даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, Низомнома дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ ва дигар санадҳо қабул ва амалӣ мешаванд.

Ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд тақозо менамояд, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ ва адои он шаффоф бошад.

Бояд қайд кард, ки мушкилоти вайронкунии ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ ва адои он то ҳол аз байн нарафтааст.

Яке аз сабабҳои асосии вайроншавии ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ ин ба таври дахлдор иҷро накардани меъёрҳои қонунгузорӣ аз ҷониби масъулони ташкил ва гузаронидани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба шумор меравад.

Вобаста ба риояи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ соли 2023 аз ҷониби кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо кормандони Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ва иштироки намояндаи Вазорати мудофиаи ҶТ дар қисмҳои ҳарбии 05170 дар шаҳри Панҷакент ва 04080- и дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд мониторинг гузаронида шуда, зимни мониторингҳо шароити хизмат ва таъминоти маишии хизматчиёни ҳарбӣ  мавриди санҷиш қарор дода шуданд. Аз натиҷаи мониторингҳои гузаронидашуда ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва боз ҳам беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ тавсияҳои дахлдор  пешниҳод шуданд.

Ҳамчунин бо мақсади таҳкими корҳои тарғиботӣ, дар байни ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии номбаршуда дар мавзуъҳои «Ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ», «Муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ», «Пешгирии терроризм ва ифротгароӣ» мизҳои мудаввар гузаронида шуданд.

Дар мизҳои мудаввар мазмун ва моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаҳмонида шуданд.

Бояд қайд кард, ки хизмат ба Ватан уҳдадории ҳар як шаҳрванд аст, ки дар сурати саркашӣ намудан, боиси ҷавобгарӣ мегардад. Дар баробари ҷавононе, ки ихтиёрӣ ва ҳувияти баланди миллӣ ба хизмати ҳарбӣ рафта онро сарбаландона адо менамоянд, ҷавоне ёфт мешаванд, ки бо ҳар гуна баҳона аз даъват ба хизмат саркашӣ мекунанд.

Қонунгузории амалкунанда барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва алтернативӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар намудааст. Aммo, новобаста аз ин, баъзе шаҳрвандони синни даъватӣ аз даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ менамоянд.

Тибқи иттилои Прокуратураи генералӣ соли 2022 барои саркашӣ намудан аз хизмати ҳарбӣ 108 даъватшаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омилҳои мусоидаткунандаи вайронкунии ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ иттилооти сусти шаҳрвандон дар бораи ҳуқуқҳои худ ва тарзу воситаҳои ҳифзи онҳо, риоя нашудани қонунгузори амалкунандаи самти мазкур аз ҷониби мақомоту шахсони мансабдори дахлдор мебошад.

Даъвати маҷбурӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба вайронкунии ҷиддии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳрики коррупсия ва норозигии ҷомеа оварда расонида, обрӯву манзалати хизмати ҳарбиро паст мезанад. 

Хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ марҳилаи муҳими ҳаёти ҳар ҷавон ва яке аз муҳимтарин мактаби обутоб ба шумор меравад.

Мутаассифона бадрафторӣ ва муносибатҳои ғайриоинномавӣ бо наваскарон ба обрӯву нуфузи ин мактаби обутоб латма зада, яке аз сабабҳои асосии саркашии аксар ҷавонони синни даъватӣ мегардад.

Ҳамчунин, лату кӯби наваскарон вайронкунии ҷиддии қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳисоб рафта, ба руҳияи аскарон таъсири манфӣ мерасонад.

 Сабабҳои асосии содиршавии ҷиноятҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ин сатҳи пасти донишҳои ҳуқуқӣ ва муносибати хунукназарона ба иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ, дар сатҳи дахлдор гузаронида нашудани корҳои тарбиявӣ-фаҳмонидадиҳӣ ва набудани ҳамкориҳои қисмҳои ҳарбӣ бо волидони сарбозҳо, ҳамчунин пинҳон кардани ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъ дар самти мазкур ва риояи ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ ва адои он пешниҳод мешавад, ки масъулияти шахсони мансабдори комиссияҳои даъватӣ ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ баланд бардошта шуда, оид ба таъмини иҷрои ҳатмии риояи қонунгузории самти мазкур ва ҳар як ҳодисаҳои бадрафторӣ ва муносибатҳои ғайриоинномавӣ чораҳои муассир андешида шуда, корҳои иттилоотӣ ва фаҳмонидадиҳӣ дар бораи ҳуқуқу уҳдадориҳои даъватшавандаҳо ва хизматчиёни ҳарбӣ тақвият дода шавад.

 

 

Муовини Сапдори шуъбаи

ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои

шаҳрвандӣ ва сиёсӣ                                                              

Нидоев Ҳ. Н.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор