Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» дар амал

 

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳи таърихи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд мавқеи худро пайдо намудааст.

 

Қонунгузории миллӣ дар ин соҳа аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, ҷиҳати пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷумҳурӣ пайваста санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва роҳандозӣ карда мешаванд.

Яке аз қадамҳои муҳим дар ин самт қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» аз 19 июли соли 2022 мебошад, ки тибқи он мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини иҷрои қонуни ба ҳисоб меравад.

Банди 3 моддаи 13-и қонуни мазкур тақозо менамояд, ки барои амалигардонии ваколатҳо дар самти таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди сохтории махсус таъсис дода шавад. Ин ҳам бошад, шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз мебошад.

Яке аз самтҳои фаъолияти шуъба ҷиҳати тарғибу ташвиқи Қонуни зикршуда ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотиву маърифатӣ дар самти ҳуқуқ ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз мебошад.

Вобаста ба ин дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хоруғ, Хуҷанд, Турсунзода, ноҳияҳои Рашту Шуғнон чорабиниҳои иттилоотӣ гузаронида шуд.

Дар назди қонун одамон аз лиҳози шаъну шараф ва ҳуқуқҳои худ озод ва баробаранд ва бояд бидуни ҳеҷ фарқият, аз ҷумла фарқияти нажодӣ, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, ақидаҳои сиёсӣ ё ақидаи дигар, баромади миллӣ ва иҷтимоӣ, вазъи иқтисодӣ ва вазъи дигар аз ҳамаи ҳуқуқҳо бархӯрдор бошанд.

Ин ду принсип, яъне принсипи баробарӣ ва манъи табъиз принсипҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалии ҳуқуқи инсон ба шумор мераванд ва риоя нашудани онҳо вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба амал меорад.

Мутаассифона, одамон дар давоми ҳаёти худ ба ҳолатҳои гуногуни табъиз рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ин рӯ, санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон давлатҳоро уҳдадор менамоянд, ки ҷиҳати таъмини принсипҳои баробарӣ ва манъи табъиз дар ҳудуди худ чораҳои зарурии қонунгузорӣ, институтсионалӣ, ташкилӣ ва дигар чораҳоро андешанд. Яке аз чунин тадбирҳо қабули қонуни ягонаи маҷмӯӣ оид ба баробарӣ ва барҳам додани табъиз мебошад.

 Қонуни мазкур дар баробари муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз, инчунин дигар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро низ дар амалисозии он муваззаф кардааст.

Табъиз ин ҳама гуна фарқиятгузорӣ, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятдиҳӣ мебошад, ки дар асосҳои воқеӣ ва (ё) эҳтимолӣ нисбат ба дилхоҳ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё гурӯҳи шахсон, хешовандони онҳо ё шахсони бо онҳо ба тариқи дигар алоқаманд ба вуҷуд омада, ба аломатҳои нажод, ранги пӯст, пайдоиш, ҷинс, забон, дин ва эътиқод, мансубияти миллӣ ва (ё) этникӣ, маъюбият, вазъи саломатӣ, синну сол, шаҳрвандӣ, ақида, вазъи молумулкӣ ё ҳолати дигар асос меёбад ва мақсад ё оқибати он бад кардан, нобуд сохтан ва (ё) кам нишон додани ҳуқуқу озодиҳои эътирофшуда, истифода ё амалӣ намудани тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар асоси баробарӣ мебошад.

Табъиз ин муносибати нобаробар нисбат ба одамони гуногун мебошад, ки ба ақидаҳои стереотипӣ нисбати гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ асос ёфта, намояндагони онҳоро дар ҳуқуқу озодиҳояшон маҳдуд месозад. Ин вожа аз лотинӣ тарҷума шуда, маънои «фарқият»-ро дорад ва моҳияти он ин аст - одамонро аз рӯи аломатҳои муайян ба гурӯҳҳо тақсим кардан ва дар бораи онҳо танҳо ҳамчун намояндаи як гурӯҳи муайян баҳо додан аст.

Табъиз дар муносибати беадолатона нисбат ба шахс бе сабабҳои объективӣ, танҳо аз рӯи шахсияти ӯ зоҳир мешавад. Ҳадафи он барҳам додан ё кам кардани эътирофи ҳуқуқи одамон ба барандагони ихтилоф мебошад. Он метавонад ҳам дар муносибатҳои шахсӣ ва ҳам дар сатҳи давлатӣ мавҷуд бошад.

Табъиз инсонро на танҳо аз имкониятҳои муайян маҳрум мекунад, балки ба саломатӣ низ таъсир мерасонад. Ҷабрдидагон аксар вақт фишори пешгӯинашавандаро аз сар мегузаронанд, ки хатари гирифторӣ ба бемории ҷисмонӣ ва рӯҳии онҳоро зиёд мекунад.

Аз ин лиҳоз, инсонҳо тариқи Қонуни мазкур аз табъиз шудан ҳифз карда мешаванд, то  ки дар ҷомеъа баробарҳуқуқӣ ҳукм фармо бошад ва дар ин замина яке аз вазифаҳои асосии сохтори навтаъсис дар Дастгоҳи ВҲИ – шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва манъи табъиз низ мусоидат ба таъмини баробарӣ ва манъи табъиз мебошад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин самт ҷиҳати амалисозии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда пайваста саъю талош менамояд. Дар ин раванд, дар назар аст, ки ҳамасола Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти ҳуқуқ ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз маърӯзаи махсус таҳия ва ба мақомоти дахлдори давлатӣ, инчунин ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пешниҳод менамояд.

 

П. Маҷидов – муовини сардори

шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ

ва озоди аз табъиз

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор