Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳои бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургеро иҷро кард.

    Барои давлатҳои миллӣ Ваҳдати миллӣ рукни асосии нигоҳдошти онҳо маҳсуб меёбад ва агар кишвар ба ин арзиш эҳтиром нагузорад, шикасти  он ногузир аст. Бо чунин дарк Ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун омили созандаю таҳкимбахши  истиқлолияти давлатӣ эътироф шудааст.

  Бояд гуфт, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мубталои ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ  гашт. Вазъи ноороми сиёсӣ ва даргириҳои дохилии шахрвандӣ дар он  давра садҳо ҳазор одамонро маҷбур сохт, ки тарки ватан намуда, ба дигар кишварҳо фирор намоянд. Бар асари ин ходиса шумораи умумии гурезагони кишварамон, ки дар ҳудуди дигар давлатҳо паноҳ ёфта буданд ва ҳамзамон муҳоҷирони иҷбории дохили кишвар гадиданд, дар солҳои 1992-1993 зиёда аз 900 ҳазорро ташкил дод. Вазъияти баамаломадаи он давра Ҷумҳурии Тоҷикистонро қариб буд, ки ба парокандагию парешонӣ оварда расонад.

Ёдовар мешавем, ки  иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  24 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор гардид,  роҳбарияти нави  Ҳукумати Ҷумҳуриро  интихоб намуд. Дар чунин вазъи душвор ва мураккаб маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорат ва дарки масъулияти баланд ин рисолати ҳаётан муҳим, яъне раҳо кардани давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз вартаи нестӣ ва таъмини сулҳу осоишро ба души худ гирифт. Ва аз ҳамон вақт сар карда, сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи мусбат комилан дигаргун гашт.

Зеро иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон танҳо  бо мақсади таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ  баргузор гардид ва ҳукумати нави Тоҷикистонро  рӯи кор овард, ки иқдомҳои аввалини он сарҷамъии миллат, таъмини сулҳ, ваҳдати миллӣ,  ҳифзи тамомияти арзӣ ва ҳимояи дастовардҳои  истиқлолияти давлатӣ буд. Яке аз суханони аввалини  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси  Роҳбари давлат  ин буд: ”Ман барои барқарор кардани сулҳу  субот дар Точикистон ва баргардонидани ҳамаи гурезаҳо ба Ватан тайёр ҳастам ҳаёти худро қурбон кунам”. Воқеан ҳам ин суханон ба қалби ҳамаи шаҳрвандони кишварамон умеди сулҳу осоишро нақш баст ва аз соли 1993 сар карда, пайи ҳам раванди бозгардонии мардуми ҷабрдидаю пареншонҳол ба Ватан, ҷойи зисти доимиашон оғоз ёфт. Бояд гуфт, ки ҳанӯз ҳамон давра Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақозои ҷомеаро сари вақт дарк намуд ва онро асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар марҳилаи такдирсоз қарор дод ва фаъолона пеш бурд.

Лозим ба ёдоварист, ки аз оғози соли 1993 сар карда, масъалаи дарёфти сулҳ ва оштии миллӣ ба тадриҷ ба масълаи меҳварии фаъолияти густурдаи Пешвои муаззами миллат дар соҳаи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ мубаддал гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли  1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафи сиёсии  сулҳҷӯёна ва таҳкиму  ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно сохта, давлати тозаистиқлоли моро ба ҳайси субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд.

Аммо бояд гуфт, ки музокироти сулҳи тоҷикон, ки соли 1993  оғоз гардид, яксон ва ҳамвор набуд. Ба ин мақсад, тайи  солҳои 1993-1997 Роҳбари кишварамон кушишҳои зиёде ба харҷ бурд, то ин ки сулҳу суботро ба хонадони мардуми Тоҷикистон бозгардонад. Силсилаи сафарҳои Роҳбари давлат ба кишварҳои хориҷӣ ба мақсади гуфтушунид бо рақибони сиёсии худ ва дар ин асно пайдо кардани роҳи ҳалли масъала, билохира ба натиҷаҳои назаррас оварда расонд. Бояд хотирнишон намуд гуфтушуниде, ки соли 1995 дар ҳудуди Ҷумхурии Исломии Афғонистон барпо гардид ва ба ҳаёти Роҳбари давлат эҳтимолияти хатар ҷой дошт, натавонист пеши ин роҳро гирад. Зеро ин фарзанди Ватан ба хотири  тинҷию оромӣ ва ободонии мардуми худ ҷони худро ба гарав монда буд.

Дар натиҷаи ҳашт гуфтушуниди байни ҳайати намояндагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифин, шаш мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин се машварати ҳайати тарафҳо, билохира 27 июни соли 1997 дар ш. Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди душвор, вале муҳимми сиёсие буд, ки сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуда, заминаи муттаҳидӣ ва якпорчагии онро фароҳам сохт. Бо тасвиби “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” марҳилаи басе душвор, вале тақдирсози таърихи навини Тоҷикистон оғоз гардид.

      Гузашти солҳо собит намуд, ки музокироти сулҳ роҳи асоситарини рафъи ихтилофоти дохилӣ ва асоси пешрафту ободии кишвар мебошад. Беҳуда нест, ки ҳоло таҷрибаи сулҳу оштии миллии мо мавриди омӯзишу истифодаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ҷомеаи башарӣ карор дорад. Мо ҳоло амиқ дарк кардем, ки Ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини рушди ҷомеа, шарти асосии пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳифзи Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худ мешуморем.

Бо чунин назардошт метавон гуфт, ки  дипломатияи тоҷик тавассути сиёсати дурандешона ва амалгарои худ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба сулҳу ваҳдат ва оштии миллӣ ноил гардида, монеаҳои ҷиддӣ ва мушкилоти гаронеро пушти сар  намояд. Лозим ба тазаккур аст, ки таҷрибаи бобарори сулҳи тоҷикон ва ба самар расидани он дастоварди беназир ва бузурги дипломатияи муосири тоҷик маҳсуб меёбад.

Воқеан, талошу ҷоннисориҳо ва иродаи созандагии Сарвари давлат ва  халқи тоҷик буд, ки сарзамини тоҷикон аз майдони муқовиматҳои сиёсию ҳарбӣ берун шуд ва имрӯз халқи тоҷик дар фазои неъмати бузурги суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа кору  зиндагӣ дорад.

Маврид ба зикр аст, ки  сулҳи тоҷикон  чун ифодагари якдилии миллӣ, бо ҳам омадани миллат, оғози бедорию худшиносии миллӣ,  таҳкими истиқлолияту дарки масъулият муаррифӣ  мегардад ва чун санаи таърихию фараҳбахш дар таърихи давлатдории навини тоҷикон сабт шудааст.

Умуман, устувории ваҳдати миллӣ омили асосии имконияти ҳалли проблемаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ дар ҷомеаро фароҳам меорад.  Ва агар ваҳдати миллӣ дар кишвар  ҳукмфармо набошад, новобаста аз сатҳи рушд давлат гирифтори буҳрон ва шикаст мешавад.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки айни замон истиқлолияти Тоҷикистонро 180 кишварҳои ҷаҳон расман эътироф карда, бо 150-тои он   робитаи дипломатӣ дорад, ки он натиҷаи  сулҳу субот ва ваҳдати миллии кишвар аст. Илова бар ин, Тоҷикистон дар  созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз арзишҳо ва манофеи миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад.

Ҳамин тариқ, бо шарофати Ваҳдати миллӣ Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо такя ба сиёсати “дарҳои кушода” ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро таҳким бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард.

 

Қодирқулов Х.

Мутахассиси пешбари

Шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилӣ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор