Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Ҳуқуқи кӯдак ба эҳтироми шаъну эътибори инсонӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озод будан аз тамоми шаклҳои зўроварӣ ҳуқуқи бунёдии кӯдакон ба шумор рафта, андешидани тадбирҳои зарурии қонунгузорӣ, маъмурӣ, иҷтимоӣ ва маърифатиро тақозо менамояд.

Вобаста ба ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, аз ҷумла, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Точикистон, Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва дигарҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд.

Дар тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак аз натиҷаи баррасии маърӯзаи даврии 3-5-и Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак омадааст, ки кӯдакон аз зӯроварӣ, ҷазо, муносибати бад ва таҳқиркунандаи шаъну эътибор бояд озод бошанд.

Ҷиҳати иҷрои тавсияҳои мазкур дар Нақшаи миллии амалҳо андешидани тадбирҳои мушаххас пешбинӣ гардидааст. Дар самти муайян намудани сабабу омилҳои зӯроварӣ дар ҷомеа нисбати кӯдакон, баланд бардоштани иқтидори кормандони давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон ва дастгирии кӯдакони ҷабрдида, таъмини дастрасии онҳо ба хадамоти муносиби барқароршавӣ ва машваратдиҳӣ, ба роҳ мондани ҳамоҳангсозии фаъолияти марказҳои дастгирӣ ва офиятбахшии кӯдакон-ҷабрдидагон корҳои муайян амалӣ гардонида мешаванд.

Аксари ҳолатҳои зӯроварӣ нисбати кӯдакон ҳадди аққал ба яке аз шаш намуди асосии зӯроварии байнишахсӣ, ки дар марҳилаҳои гуногуни инкишофи кӯдак содир мешаванд, алоқаманд аст.

  1. Муносибати бераҳмона (аз ҷумла ҷазои бераҳмона) – ин зӯроварии ҷисмонӣ, ҷинсӣ ва равонӣ/эҳсосотӣ буда, ғамхорӣ накардан ба кӯдакони хурдсол ва дигар гурӯҳҳои синнусолӣ ва наврасонро аз ҷониби падару модар, шахсони ивазкунандаи онҳо ва дигар шахсон асосан дар хона, ҳамчунин дар чунин муассисаҳое, аз қабили мактаб ва паноҳгоҳҳо дар бар мегирад.
  2. Таҳқир (аз ҷумла дар фазои маҷозӣ) - ин рафтори номатлуби хашмгинонаи дигар кӯдак ё гурӯҳи кӯдакон, ки бародару хоҳар нестанд ва бо ҷабрдида муносибати дўстона надоранд. Чунин муносибат зарари такрории ҷисмонӣ, равонӣ ё иҷтимоӣ расонида, аксар вақт дар мактаб ва дигар муассисаҳои кӯдакона, инчунин тавассути Интернет рух медиҳад.
  3. Зӯроварӣ дар байни наврасон ва ҷавонон – зўроварӣ дар байни кӯдакону ҷавонони 10-29-сола мебошад, ки асосан дар ҷомеаҳо байни одамони шинос ва ношинос рух медиҳад. Он таҳқир ва ҳамлаи ҷисмониро бо силоҳ (ба монанди силоҳи оташфишон ва корд) ё бе силоҳ дар бар мегирад ва метавонад зӯроварии гурӯҳҳои ҷиноиро низ дар бар гирад.
  4. Зӯроварӣ дар доираи муносибатҳои ошиқона (ё зӯроварии хонаводагӣ) – ин зӯроварии ҷисмонӣ, ҷинсӣ ва эҳсосотӣ аз ҷониби ошиқон ё шахсони муносибати маҳрамонадошта мебошад. Дар ҳоле ки мардон низ метавонанд қурбонии чунин зӯроварӣ шаванд, вале таносуби занони ҷабрдида бештар мебошад. Чунин зӯроварӣ одатан нисбати духтароне, ки дар издивоҷҳои бармаҳал/иҷборӣ қарор доранд, рух медиҳад. Дар байни наврасоне, ки муносибати ошиқона доранд, вале издивоҷ накардаанд бештар ба назар мерасад.
  5. Зӯроварии ҷинсӣ - ин алоқаи ҷинсӣ ё ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё кӯшиши амалӣ намудани чунин алоқа ва ҳаракатро дар бар мегирад. Ҳамчунин, хариду фурўш бо мақсади истисмори шаҳвонӣ нисбат ба шахсоне, ки қобилияти розӣ шудан ё рад карданро надоранд ва истисмор тавассути Интернет.
  6. Зӯроварии эҳсосотӣ ё равонӣ – ин маҳдуд кардани рушди кӯдак, таҳқир, тамасхур, таҳдид ва тарсондан, табъиз, радкунӣ ва дигар шаклҳои ғайриҷисмонии рафтори хусуматомезро дар бар мегирад.

Ҳар яке аз ин намудҳои зӯроварӣ нисбати духтарон ё писарон, ки ба ҷинс нигаронида шуда, инчунин метавонад зӯроварии гендериро ташкил диҳад ва таъсири муайянро ба бор орад.

Зӯроварӣ нисбати кӯдакон оқибатҳои ҳаётӣ дошта, ба саломатӣ ва некӯаҳволии кӯдакон, оилаҳо, ҷомеаҳо ва кишварҳо таъсир мерасонад.

Зӯроварӣ нисбати кӯдакон метавонад:

  • ба марг оварда расонад. Куштор, ки аксар вақт бо силоҳ ба мисли корд ва яроқи оташфишон содир мешавад, яке аз се сабаби асосии марги наврасон ба ҳисоб меравад, ки писарон зиёда аз 80% қурбониён ва ҷинояткоронро ташкил медиҳанд.
  • ҷароҳати вазнин расонад. Ба ҳар як куштор садҳо ҷабрдидаи зӯроварӣ дар байни ҷавонон (аксаран мардон) рост меояд, ки дар задухӯрдҳо ва ҳамлаҳо маҷрӯҳ мешаванд.
  • ба инкишофи мағз ва системаи асаб таъсир расонад. Зӯроварии дар синни хурдсолӣ рухдода, метавонад боиси халалдор шудани рушди мағзи сар гардад ва ба узвҳои дигари системаи асаб, инчунин ба системаи ғадуд, гардиши хун, мушакҳо, репродуктивӣ, нафаскашӣ ва масуният таъсири манфии якумрӣ расонад. Дар робита ба ин, зӯроварӣ нисбати кӯдакон метавонад ба рушди маърифатӣ ва ба муваффақият дар таҳсил ва фаъолияти касбӣ таъсири манфӣ расонад.
  • ба вокуниши манфӣ ба стресс ва рафторҳое, ки ба саломатӣ хатар доранд, оварда расонад. Кӯдаконе, ки ба зӯроварӣ ва дигар омилҳои номатлуб дучор мешаванд, эҳтимоли зиёд аст, ба тамокукашӣ, сӯиистифода аз машрубот, истеъмоли маводи мухаддир ва муносибатҳои ҷинсии хатарнок даст зананд. Дар байни онҳо, инчунин сатҳи баланди изтироб, афсурдагӣ, дигар мушкилоти солимии равонӣ ва худкушӣ ба қайд гирифта шудааст.
  • ба ҳомиладории нохоста, исқоти ҳамл, мушкилоти гинекологӣ ва бемориҳои бо роҳи ҷинсӣ гузаранда, аз ҷумла ВНМО оварда расонад.
  • ба инкишофи доираи васеи бемориҳои ғайрисироятӣ дар оянда оварда расонад. Афзоиши хатари рушди бемориҳои дилу раг, саратон, диабети қанд ва дигар ҳолатҳои бад шудани саломатӣ, асосан ба зӯроварӣ ва таъсири манфии стресс алоқаманд аст.
  • ба имкониятҳо ва наслҳои оянда таъсир расонад. Кӯдаконе, ки ба зӯроварӣ ва таъсири дигар омилҳои номусоид дучор мегарданд, эҳтимолан тарки мактаб мекунанд ва дар ёфтани ҷои кор ба мушкилӣ гирифтор мешаванд. Онҳо ҳамчунин, эҳтимолан қурбонии зўроварии байнишахсӣ ва зӯроварӣ ба муқобили худ гардида ва/ё чунин зӯровариро баъдтар дар ҳаёти худ содир мекунанд. Аз ин лиҳоз, зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ба наслҳои оянда таъсир мерасонад.

Гарчанде ҳар як ҳодисаи хушунат нисбати кӯдакон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди тафтиш ва таҳқиқи ҳамаҷониба қарор дода шуда, гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, зарари ба кӯдакон дар натиҷаи ҷиноятҳои хусусияти шаҳвонидошта расонидашуда ба инкишофи ҷисмонӣ, равонӣ, ахлоқии кӯдакон ва маънавиёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.

Муҳим аст, ки барои пешгирии расонидани зарари иловагӣ ба кӯдак зимни тафтишот ва баррасии судии  ин парвандаҳо стандартҳои муносибат бо кӯдакон-ҷабрдидагони чунин ҷиноятҳо риоя карда шавад.

Кӯдакон-ҷабрдидагони ҷиноятҳои зўроварӣ на ҳама вақт ба кўмаки касбии психологӣ таъмин мегарданд. Аз ин рӯ масъалаҳои таъмини муассисаҳои кӯдакона бо психологҳои касбӣ, кор бо оилаҳои носолим ҷиҳати муайян намудани эҳтимолияти ба зӯроварӣ гирифтор шудани кӯдакон, мавриди назорати доимӣ қарор додани шахсони дар содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили озодӣ ва дахлнопазирии ҷинсии кӯдакон гунаҳгор донисташуда, пешбурд ва ҷоннок намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ, бахусус падару модарон бояд дар авлавияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеа қарор гиранд.

 

Қодирӣ С.А.,

сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои кӯдак

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор