Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Мардуми бошарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил таҷлил мегиранд. Барои расидан ба ин рӯзи саид халқи мо аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар нишон дод, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро ҳифз намояд.

Дар ин маврид борҳо гуфтаанд, халқу миллати тоҷик бар он муътақид аст, сарони бисёр кишварҳо, сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ тавсифи онро кардаанд, ки агар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - ин сарвари далеру ҷасур, фидоии миллат намебуд, ки медонад нобасомониҳои кишвар, ҷангу ҷидолҳои ҷудохоҳӣ ва боз   манфиатҳои мазҳабӣ ва минтақавӣ рӯзгори халқи тоҷикро ба чи гуна тақдирсӯзиҳое меовард.

Мардуми тоҷик дар гирди Сарвари давлат ҷамъ омад. Ҳарчанд, ки баъзеҳо, ҳатто ба ном ҳомиёни халқ умед аз ваҳдату муттаҳидӣ канда буданд, домони бегонагонро гирифта ё дар сояи онҳо паноҳ бурда, нигарон буданд, ки кай ин ҷавонмарди ба саҳнаи сиёсӣ омада даст боло мекунад ва аз уҳдаи ин кори мушкил намебарояд. Аммо ин андешаҳои онҳо хато баромад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқу амалигардонии ниятҳои неку хайраш миёни корро маҳкам баст. Аввалин коре, ки анҷом дод, ин баргардонидани гурезаҳо аз кишварҳои дуру наздик ба хусус давлати Афғонистон буд.

Сарвари давлат барои гуфтушунид бо мухолифон ва баргардондани фирориён дар сатҳи давлатӣ комиссияҳо созмон дод. Вақте ба ин кор даст зад баъзе аз намояндагони мақомотҳо садди роҳ шуданд. Чӣ хел мешудааст: дирӯз ҷангу имрӯз сулҳ. Оқибати ҳама гуна ҷанг сулҳ аст.

Ҳамин тариқ, гуфтушунидҳо дар шаҳри Москва оғоз ёфтанд. Ва 27-июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  ба имзо расид.

Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ акнун созмони мардумие ё худ ҳаракати умумихалқие лозим буд, ки ҷанбаи таблиѓотии ин санади сарнавиштсозро амалӣ гардонад, ҳамаи қишрҳои ҷомеа, ҳизбу ҳаракатҳо, миллату халқиятҳоро ба ҳам биёрад ва зери парчами ободӣ ва осудагӣ мардумро дар ҷумҳурӣ муттаҳид ва сафарбар созад.

18-июли соли 1997 Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис ёфт ва дар Анҷумани нахустин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шӯрои Марказии он якдилона интихоб карданд. Ҳангоми суханронӣ Ҷаноби Олӣ таваҷҷуҳи ҳамаи сокинони кишвар, хурду калон маҳз ҷавононро ба он ҷалб намуд, ки акнун ба тақдири неки мардум вақте фаро расид, ки ҳамаи мо на ҷанг, балки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ меҳнату созандагӣ, ҳунару маҳорати худро нишон диҳем.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни баромаду суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки дар амри хайри бозсозии ҷомеа, амалӣ сохтани меъёрҳои демократӣ ва ислоҳоти иқисодию беҳдошти сатҳи зиндагӣ ба ҷавонон бештар боварӣ  доранд. Зеро, ки «ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсад аз он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ба хотири неки ояндаи Тоҷикистон аст». Чунин таваҷҷуҳ моро ифтихорманду руҳбаланд месозад. Тоҷикистон аз ҷумлаи давлате мебошад, ки аҳолиаш хеле ҷавон аст. Маҳз бо дар назардошти ҳамин воқеият Сарвари давлат ба ҷавонон ҳидоят медиҳанд, ки «шумо бояд дар маҷмӯъ сиёсати давлатро доир ба тамоми соҳаҳо ҳамчун сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда, дар татбиқи он такягоҳи асосӣ бошед». Мо ҷавонон ин дастурро хамчун супориши қатъӣ қабул карда то ҷое имконияту қувва дорем, баҳри татбиқи он ҳисса мегузорем. Кӯшиш менамоем, ки дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гардем, қувваи эҷодию илмӣ ва донишҳои андӯхтаи худро барои ободии ватан сарф кунем.

 Аз ин бештар умеду эътимоди роҳбарияти мамлакат нисбати ҷавонон дар саросари ҷумҳурӣ барои таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ризоияти ҷомеа, эҳтиром миёни дину мазҳаби миллатҳо, пешгирии ифротгароӣ, шомил гаштан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ иборат аст.

Бинобар ин вазифаи аввалиндараҷаи мо ҷавонон ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа иборат аз он аст, ки истиқлолият, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, оромию амнияти кишварро пос дошта ватан ва марзу буми онро ҳимоя намоем. Мақсад аз ҳамасола ҷашн гирифтани Рӯзи ваҳдати миллӣ аз он иборат аст, ки сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагии миллат боз ҳам таҳким ёбад.

Ба хотири ин ҷашни бузург бояд ҳар як фарди ҷомеа омодагии ҷиддӣ бинад, содиқонаву софдилона заҳмат кашад ва ҳар соату ҳар рӯзро барои ободии Ватан, пешрафти давлат, осоиши рӯзгори мардуми шарифии тоҷик самаранок истифода намояд.

 

Давлатов Ҳ.

Ёрдамчии муовини

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор