Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Қабули Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон – Кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқҳои инсон

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ҳуқуқ ва озодиҳои шахсро арзиши олӣ, ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф намуда, амалишавии тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоиро кафолат медиҳад.                                      

Имрӯз Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд сиёсатеро пеш гирифтааст, ки ба амалишавии тамоми ҳуқуқҳои инсон равона гардидааст. Таъмини амалишавии тамоми ҳуқуқҳои инсонро давлат кафолат дода, онро арзиши олӣ эътироф намудааст ва вобаста ба ин дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шудааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”. Ҳамзамон боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд” ном дошта, ки  боби калонтарини Конститутсия ба ҳисоб меравад. Дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 300 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шудааст, ки соҳаҳои гуногуни ҳуқуқи инсонро ба танзим медароранд. Қабули Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 низ идомадиҳандаи ҳамин сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 5 августи соли 2023 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тавсияҳои Созмони Миллали Муттаҳид дар самти ҳуқуқи инсон, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2023 пешниҳод гардида буданд, инчунин Ҳадафҳои рушди  устувор, ки то соли 2030 қабул гардид, дастоварди назарраси кишвар дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳисоб меравад. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳадафҳо, самтҳо ва афзалияти асосиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои 15 соли оянда муайян менамояд, ки аз 5 принсип, 8 вазифаи асосӣ, 20 самт  ва 5 қисму 53 банд иборат мебошад. Мутобиқи банди 1 стратегияи мазкур “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ҳадафҳои дарозмуддат ва вазифаҳо дар самти ҳуқуқи инсонро муайян карда, масъалаи таҳияи сиёсати пешрафта ва ягонаи байнисоҳавиро пешбинӣ мекунад, ки ба мустаҳкам кардани ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар кишвар равона гардидааст”. Қайд кардан зарур аст, ки Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон воситаи самараноки амалӣ гардонидани  сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Қабули чунин стратегия саривақтӣ буда, амалишавии тамоми ҳуқуқҳои инсонро кафолат дода, ба ташаккули муносибати эҳтиромона ба ҳуқуқи инсон ва ба баланд бардоштани нуфузи кишвар дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон дар арсаи байналмилалӣ муосидат мекунад.  Ҳадафи асосии стратегияи мазкур таъмини афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун омили асосии сиёсати давлатӣ буда, дорои чунин вазифаҳо мебошад: такмили минбаъдаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон, тавсияҳои ниҳодҳои гуногуни СММ ва мақомоти дигари байналмилалӣ ва байниҳукуматӣ оид ба ҳуқуқ инсон; таҳия ва қабули чораҳои маҷмуӣ оид ба татбиқи қонунгузорӣ, ки ба пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон мутобиқи тавсияҳои ниҳодҳои гуногуни СММ равона гардидаанд; беҳтар намудани механизми ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ оид ба ҳуқуқи инсон миёни мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар ҳамкории зич бо ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ; тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва дигар вазифаҳое, ки бевосита ба ҳифзи ҳуқуқи инсон нигаронида шудаанд. Таҳлили самтҳои стратегия нишон медиҳад, ки он тамоми соҳаҳои ҳуқуқи инсонро дар бар гирифта, ба беҳтаршавӣ ва ҳалли мушкилиҳо дар самти ҳуқуқи инсон аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи қишри ниёзманди ҷомеа, аз қабили кӯдакон, занон ва маъюбон нигаронида шудааст. Зеро он, ки ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, тавсияҳои ниҳодҳои соҳавии Созмони Миллали Муттаҳид таҳия гардидааст. Амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон нақшаи амали он бо фаъолияти якҷояи мақомоти давлатӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дастгирии Созмони Миллали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ дар ҳама давраҳо таъмин карда мешавад. Ҳамзамон амалисозии Стратегияи миллӣ ба ҷорӣ намудани муносибати бонизом ҷиҳати ба даст овардани мақсадҳо ва таъмини амалҳои мувофиқашудаи мақомоти давлатӣ, муассисаҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, муқаррар намудани механизми самаранок ва дастраси механизми риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар кишвар оварда мерасонад. Бояд қайд намуд, ки қабули Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 яъне барои 15 соли оянда шаҳодат аз он медиҳад, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амалишавии ҳуқуқҳои инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад.

 

корманди Дастгоҳи Ваколатдор оид ба  

ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Ҳайдарзода Муҳаммад Ҳайдар                                                                 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор