Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

 

ПАЁМ. ТАТБИҚИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АМАЛ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Паём ироа намуда, дар он натиҷаҳои фаъолияти тамоми сохторҳои ҳукуматро мавриди таҳлил қарор медиҳанд ва нақшаву дурнамои фаъолияти минбаъдаро тарҳрезию вазифагузорӣ менамоянд. Аз ин рў Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон меҳвари фаъолияти ҳар як вазорату кумита, корхонаву ташкилот ва муассисаю ниҳодҳо номид.

Тавре аз таҳлили ин ҳуҷҷати муҳиму роҳнамо бармеояд, соҳае нест, ки Сардори давлат дар хусуси он андешаронӣ накарда бошанд. Ҳамагон шоҳидем, ки бисёр иқдому ташаббусҳо маҳз баъди ироаи Паёми Пешвои миллат сар мезанад. Масалан, соли 2018 Сардори давлат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд. Ин иқдоми Сардори давлатро сокинони мамлакат бо ҳамовозии гарму ҷўшон истиқбол карданд. Дар доираи санаи мазкур дар деҳоти мамлакат ҳазорон иншооти хизматрасонию маишӣ, мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, китобхонаву кохи фарҳанг ва роҳу пулҳо сохта ба истифода дода шуданд. Инчунин  ҳунарҳои азбайнрафта эҳё гардида, садҳо корхонаю муассисаҳо  таъсис ёфтанд, ки ҳазорон нафар дар онҳо соҳиби ҷойи кор гаштанд.

Чун солҳои қаблӣ 23 декабри соли 2022 низ Пешвои миллат дар Паём аз дастовардҳои соли сипаригардида сухан ронда, рушди иқтисодию  иҷтимоии кишварро дар панҷ соли охир бо далелҳои муътамад таҳлил намуданд.

Аз ҷумла, Президенти мамлакат иброз доштанд, ки «Дар 5 соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои  маориф  ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии  хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил дод. Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст».

Воқеан, дар бобати сохта ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ дар 31 соли соҳибистиқлолӣ нисбат ба 70 соли даврони собиқ шўравӣ комёбиҳо бештар ба назар мерасанд. Агар дар 70 соли  замони гузашта дар ҷумҳурӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида бошад, дар даврони соҳибистиқлолӣ 3430 мактаб сохта шуд.

Инчунин, агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони шўравӣ дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Пешвои миллат дар самти сиёсати пулӣ ибрози андеша намуда, чунин таъкид намуданд: «Бо мақсади мусоидат ба рушди бахши молиявӣ зарур аст, ки аз 1-уми июли соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо,ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра таври  ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад. Вобаста ба ин, аз ҷониби Вазорати молия  ва Бонки миллӣ ҷиҳати таъсис додани махзани ягонаи  маълумот доир ба суратҳисоби ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, тавсеаи инфрасохтори пардохти ғайринақдӣ ва ташкили равзанаи ягонаи пардохти тамоми хизматрасониҳои давлатӣ бояд тадбирҳои зарурии фаврӣ ва қатъӣ андешида шаванд».

Мувофиқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон тайи нимсолаи якуми соли равон дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба 17 фоиз расида, афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  6 банди фоизиро ташкил дод. Шумораи кортҳои пардохтии бонкии ба муомилот баровардашуда 5,9 миллион ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42 фоиз  зиёд мебошад. Теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзӣ 7,5 миллион ададро ташкил дода, дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,6 миллион адад (52,6 фоиз) афзоиш ёфт.

Барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ, дар маҷмуъ 1947 банкомат ва 7434 терминалҳои электронӣ насб карда шудаанд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022 шумораи банкоматҳо 418 адад ва теъдоди терминалҳои  электронӣ 1661 адад зиёд шуданд. Аз шумораи умумии терминалҳои электронӣ 2797 адад дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд ва 4640 адад дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонии кишвар ҷойгир карда шудаанд.

Сардори давлат ба масоили истифодаи самаранокии «энергияи сабз» дахл намуда, чунин иброз намуданд: «Дар сурати истифодаи неруи барқи «тоза»-и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи мамлакатро ба маҳсулоти нефтӣ коҳиш дода, ба ин васила ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат мусоидат намуд.

Дар робита ба ин, ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав ва нақлиёт супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар дохили кишвар ба роҳ  мондани истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ  тадбирҳои мушаххас андешанд».

Мувофиқи иттилои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар 6 моҳи аввали соли равон ба мамлакат 800 мошини барқӣ ворид гардид. Дар маҷмўъ, ҳоло дар мамлакат 1600 мошини барқӣ мавриди истифода қарор дорад.

Расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ яке аз ҳадафҳои асосиест, ки Пешвои миллат ҳамасола дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро таъкид менамоянд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ низ ба ин масъалаи  муҳим таваҷҷуҳ намуда чунин иброз доштанд: «Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад. Аз ҷумла, имсол таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» бо тавоноии 270 мегаватт ба маблағи 1 миллиарду 360 миллион сомонӣ пурра ба охир расида, таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак» ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ, инчунин, сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияҳои Роштқалъаи ВМКБ ва неругоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ бомаром идома дорад».

16-уми августи соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Себзор» боздид намуданд. Баъди дигар кардани маҷрои дарёи Шоҳдара корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии нергоҳ оғоз ёфт. Сарбанди асосии неругоҳ бо дарозии 60 метр ва баландии 8 метр сохта шуда, ғунҷоиши оби он 5 миллион метри мукаабро ташкил хоҳад дод. Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори 11 мегаватт бунёд мегардад ва дар маҷмўъ, дар давраи сохтмони иншооти мазкур то 300 нафар ба кор таъмин хоҳанд шуд.

Чунин пешрафту ободкориҳо дар ҳама соҳаҳо ба чашм мерасанд.

Итминони комил дорем, ки мардуми шарафманди кишвар дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар ҳама соҳаҳо  шарафмандона  меҳнат карда, дар шукуфоии мамлакат ҳиссаи босазо мегузоранд.

 

Абдуқодир Сабзов, муовини сардори шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии

дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

     

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор