Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Таъсир ва оқибатҳои зӯроварӣ дар оила

(Ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон)       

Зӯроварӣ дар оила яке аз зуҳуроти густурдатарини нақзи ҳуқуқи инсон дар ҳама ҷомеаҳо, сарфи назар аз рушди иқтисодии кишвар, дин ва забон ба ҳисоб рафта, ҳамчун як шакли табъизи гендерӣ аз нобаробарии мардон ва занон бармеояд. Ин падидаи номатлуб занон ва духтаронро аз ҳуқуқи баробарӣ, зиндагии бехатар маҳрум карда, шаъну шарафи инсонро паст мезанад ва амалисозии ҳуқуқу озодиҳои асосиро маҳдуд мекунад. Зӯроварӣ нисбати занону духтарон танҳо бо хусусиятҳои муайяни иҷтимоӣ ё иқтисодӣ маҳдуд намешавад ва метавонад дар ҳаёти ҳар як зан ё духтар осори тира гузорад.

Бо назардошти аҳамияти саҳми занон дар некуаҳволии оила ва рушди ҷомеа Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи 54/134 аз 17 декабри соли 1999 санаи 25 ноябрро ҳамчун «Рӯзи  байналмилалии  мубориза бар зидди ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон»  эълон кард, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қайд карда мешавад. Чорабиниҳо ҳамасола дар доираи «16 рӯзи амал бар зидди зӯроварии гендерӣ» аз 25 ноябр оғоз гардида то 10 декабр- Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон» идома меёбанд.

Тибқи маълумоти оморӣ 35% занону духтарон аз ҳар се зан ё духтар як нафар дар тули умри худ  ба зӯроварии ҷисмонӣ, шаҳвонӣ ё дигар шаклҳои зӯроварӣ дучор мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла баробарҳуқуқии мардону занон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии мардону занонро кафолат додааст. Принсипи баробарҳуқуқии мардону занон дар моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи худро ёфтааст, ки тибқи он “Мардон ва занон баробарҳуқуқанд”.

Барои дар амал татбиқ шудани принсипи зикргардида дар ин раванд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ,  барномаҳои дахлдори давлатӣ таҳия ва қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, “Барномаи давлатӣи тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030” ва ғайраҳо аз ҷумлаи чунин ҳуҷҷатҳо мебошанд.

Рушди ҳамаҷонибаи шахсият, афзоиши эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аз раванди таълим вобастагӣ дорад. Ҷиҳати амалисозии ҳуқуқҳои занон, дастрасии онҳо ба таҳсил тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд.Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши соли 2021-2022 аз 1264 нафар тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои олии касбӣ дохилшуда 658 нафарашон духтарон мебошанд. Айни ҳол 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд.

Дар даврони истиқлолият таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлатӣ мавриди таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 қайд намуданд: “Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда  қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд”. Тибқи маълумоти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи занони роҳбарикунанда дар соли 2022 зиёд гардида, 1115 нафарро ташкил медиҳад.

Бо мақсади амалисозии баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд пайваста ҳамкорӣ менамояд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2021 барномаи муштараки ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо “Нури рушноӣ” тасдиқ гардида амалӣ шуда истодааст. Ҳадафи барнома хотима додан ба ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон ва бархурдор гардидани онҳо аз ҳуқуқҳояшон мебошад.

 Ҷиҳати татбиқи тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занон, таҳияи механизми самараноки кор бо шикоятҳои занон, духтарон-ҷабрдидагони зуроварии шаҳвонӣ ва гендерӣ ва беҳтар намудани низоми идоракунии парвандаҳо оид ба ҳолатҳои зӯроварӣ нисбати занону духтарон бо Фармоиши Ваколатдор оид оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон №46 аз 17 майи соли 2023 Тартиби қабул ва баррасии муроҷиати занон ва духтарон – ҷабрдидагони зӯроварии шаҳвонӣ ва гендерӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Тибқи нақшачорабинӣ дар доираи татбиқи Ташаббуси “Нури Рушнои дар Тоҷикистон” бо дастгирии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон  дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисор ва Исфара санаи 05 ва 15 июни соли 2023, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Бобоҷон Ғафуров  санаи 31 май ва 13 июни соли 2023 чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба муаррифии Тартиби мазкур гузаронида шуд.  Дар чорабиниҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони сохторҳои кор бо занон ва оила, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, раёсати маориф, кор бо ҷавонон, сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ иштирок намуданд. Дар чорабиниҳо масъалаҳои вобаста ба Стандартҳои байналмилалӣ ва пешгирии зӯроварӣ нисбати занон, духтарон ва кӯдакон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шудаанд.

Фаъолияти марказҳои бӯҳронӣ ва паноҳгоҳҳо барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила  муҳим аст. Тибқи маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ 4 маркази бӯҳронӣ амал мекунад, ки танҳо яке аз онҳо давлатӣ мебошад. Дар назди марказҳои саломатӣ 22 ҳуҷраҳои тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила амал менамоянд. Ҳамзамон 16 маркази захиравии занон ва 9 ташкилоти ҷамъиятӣ дар ин самт фаъолият мекунанд, ки ба ҷабрдидагон барои будубоши муваққатӣ паноҳгоҳ пешниҳод менамоянд, кӯмакҳои тиббию равонӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ расонида, барои касбомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи онҳо мусоидат менамоянд.

Нақши нозирони пешгирии зӯроварӣ дар оила ва нозирони минтақавӣ дар ин раванд хело мӯҳим аст. Айни ҳол дар 17 шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нозирони пешгирии зӯроварӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 14 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.

Муроҷиатҳои шаҳрвандон, маълумотҳо аз воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба ҳолатҳои мазкур дар назорати доимии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар ҷомеа ҳанӯз ҳолатҳои муносибати бад ва ғайриинсонӣ  нисбати занон, духтарон ва кӯдакон ҷой дорад.

Мутаасифона баъзе волидон маҳорати тарбияро надоранд ва онҳо амалҳои зӯроваронаро, ҳамчун як шакли  баинтизом даровардани фарзандонашон нодуруст фаҳмида истифода мебаранд. Ҷазои ҷисмонӣ роҳи ба зудӣ бароҳат итоаткор кардани кӯдак нест. Ҷазо рафтори бадро манъ намекунад (ё муваққатан аз тарс манъ мегардад), кӯдак рафтори нодурусти худро пурра дарк намекунад, зӯроварӣ дар тули солҳо  ба мушкилоти рушди шахсияти у оварда мерасонад.

Яке аз ҳуқуқҳои истисноии кӯдак ин  муносибат бо падару модаре, ки ҷудо зиндагӣ мекунанд ба ҳисоб меравад. Муошират бо падару модар ва хешу табор  ба тарбияи ӯ бетаъсир намемонад. Бекор кардани ақди никоҳ ё алоҳида зиндагонӣ намудани падару модар барои иҷрои ҳуқуқи мазкур монеа шуда наметавонад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки баъзе падару модар барои расидан ба мақсадҳои худ, ё ба гумони ҷазо додани тарафи дуюм ҳуқуқҳои кӯдаконро вайрон намуда нисбати онҳо амалҳои зӯроваронаро раво мебинанд, ки албатта ин амалҳо хилофи манфиатҳои беҳтарини кӯдак мебошанд.

Таъсир ва оқибатҳои зӯроварӣ дар оила дар ҷомеа аксар вақт нодида гирифта мешаванд, ки ба саломатии ҷабрдида таъсири манфӣ мерасонад.  Ҳатто агар   зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон нигаронида нашуда бошад ҳам, он ҳамеша ба руҳияи инкишофи онҳо бетаъсир намемонад. Аксар вақт кӯдакон модарони худро ҳифз намуда мавриди зӯроварӣ қарор мегиранд. Бинобар сабаби тарбияи нодуруст ва инкишофи шахсияти кӯдак,  писарони дар шароити зӯроварии доимӣ ба воя расида, бештар дар оянда ҷабрдиҳанда мешаванд ва духтарон низ дар муносибатҳои оилавии худ ҷабрдидаи зӯроварӣ мегарданд. Дар бисёр ҳолатҳо кӯдакон маҷбур мешаванд, ки чунин оилаҳои ноустуворро тарк намоянд ва дар оянда ҷабрдидаи ҷиноят гарданд, ё ба дасти гурӯҳҳои ҷинояткор меафтанд, ки ин барои тамоми ҷомеа оқибатҳои ҷиддӣ дорад.

Бинобар ин, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки нисбати ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбати занону духтарон бетараф набошад, ба ҷабрдидагон аз хушунат доғ назанад, дар таъмини баробарҳуқуқии мардону занон саҳми арзандаи худро гузорад.

Дар ин раванд мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати амалисозии баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила, риоя ва барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат менамояд.

 

                                                       Машрабзода А.- муовини сардори  

                                                      Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои 

                                                иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии

                                                       Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи

                                                       инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор