Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2009 бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, самтҳои фаъолияти худро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”   амалӣ менамояд.

Дар баробари ин, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, таҳти № 555 дар сохтори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воҳиди нави сохторӣ – шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон таъсис дода шуда,  фаъолияти худро дар пешбурд ва таъмини ҳимояи минбаъдаи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар соҳаи хизматрасониҳои молиявӣ ва соҳибкорӣ равона месозад.

Бо таъсиси шуъбаи болозикр мизоҷони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғурта метавонанд аз механизмҳои ҳуқуқии ҳимоявии муоссир ва дастрасии берун аз суд баҳра баранд, ки боиси ҷалби мизоҷон ва зиёд шудани эътимоди онҳо мегардад.

 Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон  фаъолияти худро дар пешбурд ва таъмини ҳимояи минбаъдаи  ҳуқуқу озодиҳои инсон дар соҳаи хизматрасониҳои молиявӣ ва соҳибкорӣ дар самтҳои зерин амали мегардонад:

 -ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ дар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ;

 -ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои суғуртавӣ;

- ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони мол, кор ва хизматрасониҳо (сифат, бехатарӣ, маълумотдорӣ ва зиёни расонидашуда);

- ҳуқуқҳои сармоягузорон;

- ҳуқуқҳои субъектҳои хоҷагидор (муассисон ва иштирокчиени ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидор);

- ҳуқуқҳои соҳибкорони инфиродӣ;

-ҳуқуқи инсон ҳангоми вайрон шудани ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои андозӣ ва гумрукӣ;

- ҳуқуқ ба моликият ва фаъолияти озоди иқтисодӣ;

- ҳуқуқҳои иштирокчиёни бозори коғазҳои қимматнок;

Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон   шикоятҳои истеъмолкунандагонро, ки бо низоми молиявӣ алоқаманданд, баррасӣ мекунад. Таъсиси чунин ниҳод ба истеъмолкунандагон, корхонаҳои хизматрасонии молиявӣ, танзимгарони бахши молиявӣ, давлат ва иқтисодиёт фоидаи назаррас меорад. Афзалиятҳои асосии сохтори мазкур дар он аст, ки ҷиҳати баррасии шикоятҳои инфиродии нисбати ширкатҳои хизматрасонии молиявӣ арзгардида назар ба суд соддатар, ройгон ва сарфи вақти камтаро пешниҳод мекунад.

 Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон мақсад дорад, ки ба истеъмолкунандагон роҳи зудтар, ройгон ва соддакардашуда барои ҳалли баҳсҳо нисбат ба низоми муқаррарии судӣ пешниҳод кунад.  Албата, шуъбаи мазкур дар иҷрои вазифаҳои худ намоён ва мустақил, одилона ва беғараз мебошад.

 

Муовини сардори шуъбаи  ҳифзи

давлатии ҳуқуқҳои истифодабарандагони

хизматрасониҳои молявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон

Расулзода Ҳ.Ҳ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор