Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

КОНСТИТУТСИЯ ЗАМИНАИ АСОСИИ РУШДИ  УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН

        

 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қавлу қасами миллати тоҷик дар назди худ ва халқи ҷаҳон дар мавриди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аст.

Эмомалӣ Раҳмон.

 

Дар муносибатҳои дохилию хориҷии давлатҳои соҳибихтиёр, яке аз санадҳои муҳими танзимкунандаи тамоми соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ конститутсияи онҳо мебошад.

Дар қатори дигар давлатҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ - бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Санаи 6 ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, яъне бевосита аз ҷониби худи халқ, бо дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда қабул карда шуд. Бо роҳи райъпурсии умумихалқи қабул шудани конститутсияи навини Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки он мувофиқи мақсаду мароми халқ қабул карда шуда,  меъёрҳояш барои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои халқи Тоҷикистон равона карда шудаанд ва маҳз ин ҳолат ифодакунандаи мақсаду моҳияти конститутсияи амалкунанда мебошад. Ин санади муқаддасу тақдирсоз азму иродаи мардум ва роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян менамояд.

Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз ва  муайянкунандаи рушди устувори Ватани азизамон гардид. Муҳимияти қабули Конститутсияи нави мамлакатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон 12 – декабри соли 1992 таъкид намуда, иброз доштанд, ки “Асоси қонунҳои Тоҷикистонро нав карда, онро бо назардошти меъёрҳои байналхалқӣ такмил дода, барои бунёди давлати ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст.”

Санади мазкур яке аз дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, таҳкурсии бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ки имрӯз баҳри ифодаи ҳуқуқии хусусияти давлатдории миллии тоҷикон дар арсаи байналхалқӣ нақши хоссаеро доро мебошад. Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар – таѓйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.

Тибқи Конститутсия эъмори давлати  демократӣ,  ҳуқуқбунёд,  дунявӣ  ва  иҷтимоӣ мақсади  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид, ки ин шакли давлатдории  эътирофшуда  ва  мутамаддини ҷомеаи  ҷаҳонӣ   мебошад. Дар Конститутсия халқи Тоҷикистон бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, уҳдадорӣ гирифтааст, ки ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи инсонро ҳифз менамояд. Маҳз ҳамин муқаррароти конститутсионӣ замина барои бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд маҳсуб меёбад. Қабули Конститутсия дар даврони Истиқлолияти давлатӣ заминаи мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард, чунки дар он арзишҳои муҳими миллӣ ва умумибашарӣ дарҷ гардид. Махсусан, арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногуншаклии моликият, гуногунандешии сиёсӣ, таҷзияи ҳокимият, эътибори олии ҳуқуқии меъёрҳои Конститутсия аз ҷумлаи меъёрҳои заминавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.  Давлати демокративу дунявӣ  ва  ягона  будани  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Конститутсия  мустаҳкам  гардида,  дар  заминаи он принсипҳои демократӣ ба монанди, эътирофи халқ  ҳамчун  баёнгари  соҳибихтиёрӣ  ва  сарчашмаи  ягонаи  ҳокимияти  давлатӣ,  иштироки  озодонаи   ҳар  шахс  дар  идоракунии  давлат,  афзалияти  ҳуқуқу  озодиҳои  инсон  ва  шаҳрванд ва дигар падидаҳои демократӣ таҷассуми худро пайдо намудаанд.

Маҳз дар натиҷаи риояи Конститутсия, волоияти қонун ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ иқтидори давлат меафзояд, таъмини амнияти ҷомеа ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои конститутсионӣ аз ҷониби ҳар як шаҳрванд, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ имконпазир мегарданд. Чуноне файласуфи Юнони қадим Демокрит гуфта буд: “мақсад аз қонун беҳтар намудани аҳволи зиндагии одамон аст. Вале ин мақсад вақте амалӣ мегардад, ки худи одамон хоҳиши беҳтар намудани аҳволашонро дошта бошанд. Чунки қонун танҳо ба шахсоне манфиат мерасонад, ки дар итоаташ бошанд”.

Ҳамин тариқ хулоса кардан мумкин аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии ҳимояи давлатиро муайян намудааст ва аз таъмин ва риояи онҳо раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд вобаста аст.

Боварӣ дорем, ки ҳамкории тамоми мақомотҳои давлатӣ барои таҳким бахшидани низоми миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.

 

                                  

Катахонова Лутфия-  мутахассиси

пешбари Шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор

оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор