Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

    Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади муҳими сиёсӣ, қонуни асосии мамлакат мебошад, ки эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои  он дар қаламрави ҷумҳурӣ  мустақиман амал мекунанд. Он қонунҳо ва дигар санадҳои  ҳуқуқие, ки хилофи  Конститутсияанд, эътибори  ҳуқуқӣ надоранд.

    Конститутсия сарчашмаи асосии ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб рафта, дигар қонунҳо, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, қонунҳои соҳавӣ дар асоси он қабул мегарданд.

    Конститутсия ҳуҷҷати муҳими сиёсиву таърихӣ буда, муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамеша муҳаррики асосии  пешрафти ҷомеа ва таҷасумгари сохтори давлат ва ҷамъият ба ҳисоб мерафт.

    Боиси зикр аст, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин рӯйдоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, ин қабули  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 6 ноябри соли 1994 ба ҳисоб меравад.

    Бо шарофати қабули Конститутсия, Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд.

    Аз нигоҳи ҳуқуқи инсон таҳлил ва муқоисаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо конститутсияҳои даврони шӯравии Тоҷикистон бартарии Конститутсия даврони истиқлолро баръало нишон медиҳад, ки муҳимтарини онҳоро метавон номбар намуд:

    Якум, бартарии Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар он зоҳир мегардад, ки ҳангоми ташаккули низоми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва таҳияи матни Конститутсия муқарраротҳои санадҳои муҳими ҳуқуқи байналмилалӣ, алахусус Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва ду Паймони байналмилалӣ, аз ҷумла Паймони байналмиллалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрандӣ ва сиёсӣ ва Паймони байналмиллалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба роҳбарӣ гирифта шуда, меъёрҳои ин санадҳои муҳим дар қонуни асосии мамлакат дарҷи худро ёфтанд. Агар ба номи Боби 2-ми Конститутсия – Ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд назар намоем, мебинем, ки номгузории ин боб айнан бо ҳамон тартибе, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (аз 10 декабри соли 1948) омадааст, дар конститутсия ҷой ёфтааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайравӣ ба ҳуқуқи инсон қабул гардида, ба стандартҳои байналмиллалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон пурра мутобиқат менамояд.

    Дуюм, бартарӣ ва хусусияти хоси ин Конститутсия аз он иборат аст, ки он шакли идораи Ҷумҳурии Президентиро муқаррар намуд, ки ин шакл дар ҳамон замон ва макон имконият фароҳам овард, ки низоми ягонаи мақомоти давлатӣ барпо гардад ва бо ин васила сулҳу салоҳ, ваҳдату оромӣ ва қонунияту тартибот таъмин гардид, ки он дар навбати худ ба инкишофи ҷомеа ва рушди ҳуқуқи инсон мусоидат намуд.

    Сеюм, Тоҷикистонро давлати демократӣ эълон намуд, ки тибқи он дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад, эътироф карда шуд. Яъне халқ баёнгари асосии ҳокимияти давлатӣ буда, рушди минбаъдаи давлатро танҳо мардуми Тоҷикистон мустақилона муайян менамояд.

    Чорум, Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ эълон намуд, ки тибқи он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам оварда мешавад. Ин муқарраротҳо пеш аз ҳама дар ҳуқуқ ба ҳифзи меҳнат, таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор, хизматрасониҳои дастрас дар соҳаи маориф, тандурустӣ, маданият инъикос меёбанд.

    Конститутсия ба ҳуқуқи инсонро арзиши олӣ эътироф намуд. Дар Боби дуюми Конститутсия тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсон, ба мисли паҳлуҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ дарҷ гардидааст, аз ҷумла: ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба дахлноразири шахсӣ, баробарӣ дар назди қонун, кафолати ҳифзи судӣ, ҳуқуқ ба мерос,  ҳуқуқ ба моликияти шахсӣ, ҳуқуқ ба саломатӣ, меҳнат, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ оварда шудааст, ки иҷроиши онҳоро давлат кафолат додааст.

    Қрбили қайд аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони намоён ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла мутахассисони Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва кишварҳои Аврупо баҳои сазовор гирифт. Маҳз таҷассуми меъёрҳои ҳуқуқи инсон дар Конститутсия буд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумули панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф гардид.

    Маҳз ҳамин таҷассуми меъёрҳои ҳуқуқи инсон дар Конститутсия буд, ки  шароит фароҳам овард, ки соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи миллии ҳуқуқи инсон - мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёбад. Вазифаи асосии макомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ин ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти хуидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, қафолат медиҳад.

    Дар баробари зикр намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, набояд дар бораи уҳдадориҳои шаҳрвандон ҷиҳати эҳтиром ва риояи қонунҳо фаромуш кард, зеро танҳо дар ҳолати риоя гардидани ин ду қоидаи муҳим тартиботи ҷамъиятӣ ва оромиву осоиштагиро метавон таъмин намуд.

    Ҷунончи мегуянд, Конститутсия и шиносномаи миллат аст, муқаддасоти милии мардуми куҳанбунёди тоҷик аст ва эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ метавонад миллату давлатро пойдор ва сарбаланд созад.

    Аз ин лиҳоз, гуфтан мумкин аст, ки ҷойгоҳ ва нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули ҷомеаи навини Тоҷикистон хеле бузург аст.

 

Роҳбари Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҷабзода Ҳ.Р.

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор