Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

 

Васеъ гаштани муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ ба қабули қарори созанда суръат бахшид, ки он бояд барои рафъи бисёр омилҳои манфие, ки ба соҳаи ҳамкории давлат ва ҷомеаи соҳибкорон таъсир мерасонанд, мусоидат намуда, ба рушди иқтисодии кишвари мо таъсири мусбӣ расонад ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъетони фаъолияти соҳибкориро ҳимоят намояд.

Масоили ҳимояи ҳуқуқи конститутсионии пешбурди фаъолияти озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъалаи мтуобиқгардонии манфиатҳои соҳибкорон, ҷамъият ва давлат алоқамандии зич дорад. Озодии соҳибкорӣ аз рӯи сатҳи идоракунии муносибатҳои бозорӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ муайян карда мешавад, ки на танҳо ба дараҷаи танзими қонунгузории фаъолияти иқтисодӣ, балки ба сифати амалияи татбиқи ҳуқуқ низ вобаста аст.

Воқеан, бо истифода аз таҷрибаи кишварҳо метавон гуфт, ки баррасии баҳсҳо ҳам байни субъектони хоҷагидорӣ ва ҳам бо иштироки мақомоти давлатӣ асосан тавассути адолати судӣ сурат мегирад. Мавҷудияти ҳайати касбии судяҳо, таъмини принсипҳои мустақилият ва беғаразии ҳокимияти судӣ, амалӣ намудани фаъолият бо риояи қатъии тартиби танзимшаванда, инчунин эътирофи умумиҳатмии иҷрои санади судӣ аз рӯи парванда боиси афзоиши рағбати ҷомеаи соҳибкорон барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ дар мақомоти судӣ мегардад.

Бо вуҷуди ин, дар робита ба ҳифзи озодии фаъолияти иқтисодӣ, муроҷиат ба низоми судӣ ҳамчун тадбири интиҳоии нишон додани вокуниш ба поймолшавии ҳуқуқ мебошад. Дар сурати набудани устувории молиявии субъекти арзкунанда, мавҷуд будани муҳлати кӯтоҳи муқарраргардида барои муроҷиат ба суд, инчунин зарурати риояи расмии талаботи қонунгузории мурофиавӣ вобаста ба шикоят – пешниҳод намудани идао ҷиҳати ҳимояи судӣ ва барқарор намудани ҳуқуқи худ воситаи танҳо муассир ба шумор намеравад.

Аз ин лиҳоз, дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифаи муҳим гузошта шуд, ки мақоми махсусгардонидашуда, ки метавонад ва имконият пайдо мекунад баҳси бавуҷудомадаро бо дигар воситаҳои таъсиррасонии маъмурӣ танзим намояд.

Натиҷаи ин гуна фаъолият дар замони имрӯз, ҷорӣ шудани низоми ягонаи ниҳодҳои миллӣ, ки тавонистанд ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат намоянд, дониста мешавад.

Механизми миллии ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон ва истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ – таъсиси сохтори махсус тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2022, № 469 ба ҳайси мансаби муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон мебошад.

Таъсис додани  муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи банди 61 Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалӣ намудани “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №314 тасдиқ гардидааст, пешбинӣ карда шудааст.

Ҷиҳати тақвият бахшидан ба фаъолияти ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ мақсад гузоштааст, ки дар муҳлати муқарраргардида ба тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид намояд.

Ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон ҳамчун кафолати иловагӣ, ҳимоя ва татбиқи озоди ҳуқуқҳои субъектони фаъолияти хоҷагидориро таъмин намуда, дар муколамаи байни соҳибкорон ва давлат ҳамчун миёнарав баромад мекунад. Ба маънои васеъ, ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон ҳамчун ҷузъи сиёсати татбиқшавандагии давлат ба шумор рафта, бо ҷалби ҷамъиятҳои соҳибкорон ва коршиносон, ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар ҳалли мушкилоти такроршаванда, ки ба рушду нумуи фаъолияти соҳибкорӣ монеа мешаванд, инчунин усули бевоситаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии поймолшудаи субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дониста мешавад.

Бояд қайд сохт, ки таъсиси ин ниҳоди милли ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бо такя аз омӯзиш ва гузаронидани таҳлилҳои ҳамаҷонибаи таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ асос гирифтааст. Ҳол он, ки чунин ниҳодҳо дар ин кишварҳо хориҷӣ дар ин ё он шаклҳо муддати хеле тӯлонӣ фаъолият ва рушд карда истодаанд.

Сарфи назар аз тафовут дар номгузории мансабҳо, ваколатҳо ва вазифаҳои омбудсменҳои соҳибкорӣ дар кишварҳои гуногун, ҳадафи асосии фаъолияти онҳо – назорати риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷамъияти соҳибкорон, инчунин мусоидат дар ҳалли ихтилофоти байни бахши соҳибкорӣ ва давлат мебошад.

Ҷиҳати таҳким бахшидан ва тақвият додани фаъолияти пурсамари ниҳоди дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Низомномаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон амалӣ менамояд.

Мувофиқи Дастурамали Шуъба ва дигар санадҳое, ки фаъолияти Шуъбаро танзим менамоянд, Ваколатдор оид ба ҳуқуқ инсон – сохтор ва басти воҳидҳои кориро дар доираи лимити шумораи хизматчиёни давлатӣ муқаррар менамояд, ки аз сардори шуъба, муовини сардори шуъба, сармутахассис ва мутахассиси пешбари шуъба иборат мебошанд.

Бо мақсади ҷоннок намудани таъмини ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон дар Шуъба самтҳои асосии фаъолияти он таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Вобаста ба ҳар як самт иҷрои вазифа ва функсияҳои муайян муқаррар карда шуда, кормандони шуъба дар доираи дастурамали мансабии худ ин вазифаҳоро иҷро менамоянд.

Самтҳои фаъолияти Шуъба асосан дахл дорад ба:

  1. Ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ дар Бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ.
  2. Ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои суғуртавӣ.
  3. Ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони мол, кор ва хизматрасонӣ (сифат, бехатарӣ, маълумотдорӣ ва барқарорсозии зиёни расонидашуда).
  4. Ҳуқуқҳои субектҳои хоҷагидор (муассисон ва иштирокчиёни ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ).
  5. Ҳуқуқҳои сармоягузорон.
  6. Ҳуқуқи инсон ҳангоми поймол шудани ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои андозӣ ва гумрукӣ.
  7. Ҳуқуқҳои соҳибкорони инфиродӣ.
  8. Ҳуқуқ ба моликият ва фаъолияти озодии иқтисодӣ.
  9. Ҳуқуқҳои иштирокчиёни бозори қоғазҳои қимматнок.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самтҳои фаъолияти Шуъба, иҷрои вазифаҳои муқарраргадида дар Дастурамали Шуъба маҳаки асосии таъмини ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон ба шумор мераад. Вобаста ба ин Шуъба чунин вазифаҳоро амалӣ мегардонад:

  • фароҳам овардани шароит барои кори самарабахши мақомоти ВҲИ бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар самти истифодабарии хизматрасониҳои молиявӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ;
  • таъмини ҳамкории мақомоти Ваколатдор оил ба ҳуқуқи инсон бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти судӣ, инчунин бо созмонҳои ҷамъиятии ҳуқуқҳимояткунанда ва дигар ташкилоту сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;
  • таъмини фаъолияти таҳлилии шуъба, аз ҷумла ҳангоми тайёр намудани маърӯзаҳои ҳарсола ва махсус;
  • таъмини кор ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба суроғаи мақомоти Ваколатдор оил ба ҳуқуқи инсон ворид шудаанд;
  • таҳияи лоиҳаи хулосаҳо ва таклифҳо оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ;
  • ташкили инъикоси фаъолияти шуъба дар воситаҳои ахбори омма;

Дар охир мехостам қайд намоям, ки фаъолияти Омбудсмени соҳибкорӣ ё молиявӣ бо ҳалли мушкилоти гуногун алоқаманд аст. Дар робита бо ин, таъсис ва мавҷуд будани чунин ниҳод кафолати муҳими татбиқ ва ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорон ва истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мақоми ҳуқуқии омбудсменҳои соҳибкориро бояд ҳамчун дорандаи вазъи мақомоти мустақили ҳуқуқҳимояткунанда дар низоми дастгоҳи ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузорӣ муқарраргардида арзёбӣ намуд, зеро фаъолияти омбудсменҳои соҳибкорӣ баҳри баланд бардоштани самаранокии ҳифзи ҳуқуқии соҳибкорон ҳангоми анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ нигаронида мешавад.

Аз ҷониби дигар, ниҳоди Ваколатдори соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ташаккул қарор дошта, ба таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ, ки аллакай дар марҳилаи такмили қонунгузории танзими фаъолияти омбудсменҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон қарор доранд, нигаронида шудааст. Аммо низоми мавҷудаи меъёрҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа ба сатҳи рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва талаботи соҳибкорон комилан мувофиқ аст. Ба ин васила, таҷрибаи хориҷиро комилан инкор кардан мумкин нест, чунки онро дар оянда метавон барои такмили минбаъдаи қонунгузорӣ истифода бурд.

 

Сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ

ва ҳуқуқи соҳибкорон ВҲИ ҶТ 

Солеҳзода З.И.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор