Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

 

 Аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ташаккул ёфт аз ҷумла инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ эътироф гардид.Тибқи талаботи моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Аз ҷумла, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя ва ғамхории махсуси  давлатро нисбати модару кўдак кафолат додааст. Давлат барои ҳифзи кўдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо низ ғамхорӣ менамояд. Муқаррароти мазкур аз моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд.

Бо назардошти манфиатҳои беҳтарини кўдак ва инчунин кафолатҳои давлатии амалишавии онҳо соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак” қабул гардид, ки он ҳуқуқи кўдакро ба ҳаёт, озодӣ, дахлнопазирӣ шаъну эътибор, ҳаёти шахсӣ, ҳифзи саломатӣ, шахсият, озодии сухан ва виҷдон, иттилоот ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ, моликият, манзил, таҳсил, меҳнат, истироҳат ва фароғат, муттаҳидшавӣ дар ташкилотҳои ҷамъиятии кўдакон ва ҷавонон ва тарбия дар оиларо кафолат медиҳад.

Бо назардошти ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи муҳими ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқи кўдакони маъюб гузошта шуда, дар тамоми барнома, стратегия ва консепсияҳо, ки дар самтҳои алоҳидаи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар қабул мегарданд, ба масъалаи ба кўдакони маъюб фароҳам овардани имкониятҳои баробар, аз ҷумла ҳифзи иҷтимоии онҳо, пешгирии маъюбшавӣ, дастрасии онҳо ба таҳсил, тайёрии касбӣ, бо назардошти вазъи саломатӣ бо кор таъмин намудани онҳо, таъминот бо доруворӣ ва воситаҳои техникӣ  афзалият дода мешавад.

Тибқи маълумоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2023 шумораи кӯдакони маъюб дар ҷумҳурӣ 32382 нафарро ташкил медиҳад.                                                                                                                                                                                                        

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” пешбинӣ менамояд, ки кӯдакони маъюб бо ризояти падару модар метавонанд якҷоя бо кӯдакони солим дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил намоянд.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 61 мактаб – интернат фаъолият дорад, ки аз ин шумора 18 мактаб – интернат барои ятимон, 8 мактаб – интернати махсусгардонидашуда барои кӯдаконе, ки мушкилоти биноӣ ва шунавоӣ доранд, 1 мактаб – интернати низомаш махсус, 4 мактаб – интернати ёрирасон ва 1 мактаби махсус мебошанд.

Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар соли хониши 2022-2023 – 460 адад синфхонаҳои махсус барои кӯдакони маъюб ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо 7030 хонанда, аз ҷумла 2859 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.Инчунин, дар ҷумҳурӣ 1002 нафар кӯдакони маъюб, аз ҷумла 391 нафар духтарон дар хона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

  Соли 2021 барои муайян кардани самтҳои афзалиятноки Ваколатдор оид ба  ҳуқуқи инсон, Стратегияи фаъолияти макомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда шуд. Яке аз ҳадафҳои асосии Стратегия мусоидат ба пешниҳоди ҳамаҷонибаи хизматрасониҳо ва ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ мебошад, то ки кўдакони маъюб ҳуқуқи худро ба таҳсили босифат бидуни ҳар гуна табъиз дар муҳити фарогир (инклюзивӣ) амалӣ намоянд.

Дар доираи амалисозии Стратегияи мазкур тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ҷиҳати муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ ва  истироҳату фароғат дар ширхоргоҳ-кўдакистонҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаб-интернатҳо, марказҳои саломатӣ, ва истироҳатгоҳҳо мониторинг ва санҷиш гузаронида мешавад. Натиҷаи мониторинг ва санҷишҳо дар маърўзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар самтҳои алоҳида мавриди таҳлил қарор дода шуда, ҷиҳати беҳтар намудани вазъ дар ин самтҳо ба мақомотҳои давлатӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда мешавад.

Таҳлили санҷишҳо нишон медиҳад, ки дар муассисаҳои таълимӣ норасоии кадрҳои соҳибихтисос вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакони маъюб, муҳайё набудани шароити инфрасохтори дохилӣ ва атрофи бино барои кӯдакони маъюб мушкилӣ пеш меоранд.

Ин мушкилиҳо боиси он мегардад, ки кӯдакони маъюб таълимоти зарӯриро гирифта наметавонанд. Бинобар ин таъмин намудани дастрасии онҳо ба объектҳои инфрасохторӣ, ҷойҳои фароғатӣ, фарҳангӣ, мактабҳо, зиёд кардани шумораи марказҳои будубоши муваққатӣ ва рӯзона, таъсиси муассисаҳои тавонбахшӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳо мувофиқи мақсад аст.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии кӯдакони дорои маъюбият Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ аз 23 – декабри соли 2022 дастур доданд, ки то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кӯмаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда шавад, ки дар маҷмӯъ 285 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Бинобар ин  ҳар як падару модар уҳдадоранд, ки бар ивази ҳамаи ин заҳмату ғамхориҳо фарзандонро дар муҳити оила дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд.

Дар ин раванд мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати инкишоф, риоя ва барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон  ба зиндагӣ, ғамхории волидайн ва дар муҳити оила тарбия гирифтани кўдакон мусоидат менамояд.

 

 

 

 

Катахонова Лутфия

мутахассиси пешбари Шуъбаи ҳифзи

давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки  мақомоти

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор