Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Ҳамасола дар ҷаҳон 10-уми декабр ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил мегардад. Таҷлили ин ҷашни сатҳи ҷаҳонӣ ба он асос меёбад, ки маҳз дар ҳамин рӯз - 10 декабри соли 1948 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро қабул кард, ки ҳар як давлати узви СММ уҳдадор гардидааст, ки ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, меъёрҳои дар Эъломияи мазкур пешбинишударо риоя кунад.

Имрӯз Эъломияи ҳуқуқи башар бо 30 моддаи худ фарогири тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Айни замон меъёрҳои онро дар конститутсияи давлатҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон ба пуррагӣ вохӯрдан мумкин аст. Масалан, дар моддаи 1-и он омадааст, ки: “Тамоми одамон озод ва аз лиҳози шарафу ҳуқуқ бо ҳам баробар ба дунё меоянд. Онҳо соҳиби ақлу виҷдонанд ва бояд бо якдигар муносибати бародарона дошта бошанд”. Чунин меъёрҳо дар моддаи дуюми Эъломияи мазкур низ омадааст. Аз ҷумла, дар моддаи 2-и Эъломия гуфта мешавад, ки: “Ҳap як инсон бояд бидуни тафовуте, махсусан аз лиҳози нажод, ранги пӯст, ҷинсият, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ё ақидаи дигар, асли миллӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молӣ, хонаводагӣ ё вазъи дигар тамоми ҳуқуқ ва тамоми озодиҳоро, ки дар ҳамин Эъломия зикр шудаанд, дошта бошад. Ғайp аз ин дар заминаи мақоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ё байналмилалии кишвар ё қаламраве, ки фард ба он тааллуқ дорад, сарфи назар аз он, ки оё ин қаламрав мустақил аст, таҳти васоят қарор дорад, худидора намебошад ё истиқлолияти он бо ягон тарз маҳдуд гардонида шудааст, набояд тафовуте гузошта шавад”.

Ин ҳама меъёрҳоест, ки бобати баробар зиндагӣ кардани тамоми одамони сайёра гуфта мешавад. Бобати меъёрҳои мазкур агар мо ба  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар намоем, меъёрҳои мазкурро ба пуррагӣ вомехӯрем. Ҳатто дар баъзе моддаҳо фарохтар аз меъёрҳои мазкурро дидан мумкин аст, ки ҷавобгӯи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад. Чунин меъёрҳоро мо дар моддаҳои 5, 15 ва 30-и Конститутсияи кишварамон дида метавонем. Дар моддаи 5 омадааст, ки: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.

Дар моддаи 17 бошад, зикр мешавад, ки: “Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд”.

Яъне, ҳамон гунае, ки дар моддаҳои дахлдори Эъломияи ҳуқуқи башар ҳуқуқу озодиҳои инсон дахлнопазиру инсон сарфи назар аз миллат, нажод, пуст ва равия баробар дониста мешавад, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шаҳрвандон новобаста аз ин ҳама ҳуқуқи баробар доранд.

Ҳамин тавр, меъёрҳои 30 моддаи Эъломияи ҳуқуқи башар дар Конститутсияи кишвар ба пуррагӣ ва фарохтар аз он дарҷ гардида, риояи он барои тамоми шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад ва давлату Ҳуқумати кишвар барои риояи онҳо пайваста назорати қатъӣ менамояд.

Хулоса, Тоҷикистон на танҳо меъёрҳои дар Эъломияи ҳуқуқи башар бударо дар Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҷой додааст, балки фарохтар аз ин ҳама барои кафолати ҳуқуқии шаҳрвандон заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.

 

Сабзов Абдуқодир Раҳмонович - муовини

сардори шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва  

таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба      

ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор