Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

                                

75 – сол муқаддам Созмони Милали Муттаҳид санади арзишмандтарини таърихи инсоният – Эъломияи умумии ҳуқуқи инсонро  қабул намуд, ки ба рушди  ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳия ва қабули санадҳои байналмилалӣ асоси воқеӣ гузошт. Ба хотири ин санади тақдирсози инсоният рӯзи қабули он ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар кишвари мо ҷашн гирифта мешавад.

         Қобили зикр аст, ки санади мазкур агарчи хусусияти эъломиявӣ дошта башад ҳам, дар тамоми ҷаҳон ҳамчун санади универсалӣ эътироф гардида, дар ассоси он стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон қабул гардидаанд. Эъломия сарфи назар аз сохти давлатдорӣ тавонист, мафкураву эътиқоди динӣ ва одату анъанаҳои халқҳои ҷаҳон, ҳуқуқу озодиҳои асосии инсонро дар бар гирад ва ба ин хотир метавон гуфт, ки меъёрҳои Эъломия ба воқеияти имрӯза пурра ҷавобгу боқӣ мондаанд.

         Саҳми сазовори гузаштагони халқи тоҷик дар мазмун ва муҳтавои Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон низ баръало таҷассум ёфтаанд. Ҳануз соли 539-и пеш аз мелод Куруши Кабир дар Эъломияи худ дар бораи ҳуқуқ ба ҳаёти арзанда, озодӣ ва баробарии одамон, аз байн бурдани зулм нисбат ба инсон, ғуломӣ хамчун таҳқир ба шаъну эътибори инсонӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳуқуқи инсон таъкид карда буд, ки онҳо ҳамчун арзишҳои бунёдӣ дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дарҷ гардиданд.

Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ руйдодҳои муҳим, ки барои ташаккул ва таҳкими ҳуқуқи инсон заминаи устувор гузоштанд, қабул гардидани Тоҷикистон ба узвияти СММ (2 марти соли 1992) ва қабули Конститутсия (6 ноябри соли 1994) буд.

Дар Конститутсияи Тоҷикистон инсон, ҳуқуқу озодиҳои он ба сифати арзиши олӣ эътироф шуда, онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия гардида, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мешаванд. Тибқи Конститутсия давлат барои таъмини ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахс, баробарии ҳама дар назди қонун, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад.

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофгардида нисбат ба қонунгузорӣ мустаҳкам карда шудааст. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон қасми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил дода, дар сурати мутобиқат накардани онҳо ба қонунҳои ҷумҳурӣ, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

Дар ин марҳила барои амалисозии уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳамроҳшавӣ ба санадҳои байналмилалӣ ва такмили қонунгузории миллӣ дар ҳамбастагӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ба вуқуъ омад. Аз ҷумла, Тоҷикистон аз 9 ҳуҷҷати универсалӣ 7 ҳуҷҷат дар соҳаи ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонид:

  1. Конвенсия оид ба барҳам дадани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон (соли1993);
  2. Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак (соли1993);
  3. Конвенсияи байналмилалӣ оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ (соли 1995);
  4. Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф (соли 1995);
  5. Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (соли 1999);
  6. Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (соли 1999);
  7. Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо (соли 2002).

Тавассути батасвибрасонии санадҳои байналмилалӣ ва эътирофи онҳо ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқӣ,  Тоҷикистон ба саҳнаи байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ворид гардида, баҳри иҷроиши онҳо уҳдадор гардид.  Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ мунтазам ба Шӯрои ҳуқуқи инсон ва сохторҳои шартномавии СММ гузоришҳои миллӣ  пешниҳод менамояд.

Дар давраи солҳои 2010-2023 Тоҷикистон се маротиба расмиёти Шарҳи универсалии давриро гузашта, гузоришҳоро ба мақомоти қарордодии СММ оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод намуд. Ҳамчунин ёздаҳ мандати Расмиёти махсус бо даъвати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвар дидан кард. Дар натиҷа, зиёда аз 1000 тавсия пешниҳод карда шуд, ки қариб ҳамаи масъалаҳои дастгирӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсонро фаро гирифтаанд.

Аз соли 2013 сар карда, 20 нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои СММ қабул карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ташаккули ҷомеаи демократӣ ва таҳкими воситаҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон соли 2009 тадбирҳои муассир андешида шуданд. Ин пеш аз ҳама,  таъсис  додани мақоми миллии ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон буд, ки фаъолияти он воситаҳои мавҷудаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро пурра менамояд.

Таъсис додани мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон - давлате, ки ҷонибдории худро ба принсипҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ баён намудааст, аҳамияти басо муҳим дорад, зеро ноил шудан ба баробарӣ, озодӣ, дастрасии мақомотҳо ва баланд бардоштани иқтидори институтҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ танҳо тавассути эътироф, эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон имконпазир аст.

Мақомоти  мазкур барои пешгирӣ ва барқарорсозии ҳуқук ва озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон вазифадор гардида, инчунин қабул ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, таҳлили қонунгузорӣ ва амалияи истифодабарии он, санҷиши риояи ҳуқуқи инсон, таҳлил ва омӯзиши ҳолатҳои риоя нашудани ҳуқуқҳо, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқи инсон, гузаронидани мониторингҳои вазъи ҳуқуқи инсон, ҷамъбаст ва пешниҳоди тавсияҳоро ба амал мебарорад. Давлат зимни таҳияи ҚҶТ “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ” барои пешбурди фаъолият ба мақомот мандати бисёр дода, инчунин муқаррар намудааст, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои худ мустақил буда, ба ягон мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор ҳисоботдиҳанда намебошад.

Ҳамин тавр, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  талош дорад бо назардошти Принсипҳои марбут ба мақоми муассисаҳои миллӣ, ки ба  пешбурд ва ҳимояи ҳуқуқи инсон машғуланд (Принсипҳои Париж, Қатъномаи 48/134-и Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 декабри соли 1993) мустақил, дастрас, салоҳиятнок  ва бидуни табъиз амал карда, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба  мақомот муроҷиат менамоянд, кӯмаки ҳуқуқӣ ва амалии худро расонад.

Беш аз ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муътамад гардид, ки танҳо як заминаи ҳуқуқӣ барои таъмини ҳимояи муносиби ҳуқуқи инсон дар давлат кифоя нест. Барои ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи самарабахши ҳуқуқҳои инсон қабули сиёсат, ташкил ва такмил додани ниҳодҳои давлатӣ ва таҳияи ҷорабиниҳои маҷмуӣ зарур аст. Бинобар ин, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2023 Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон табқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ барои солҳои 2023-2026 қабул карда шуд. Дар заминаи ин ҳуҷҷат бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2023, № 357 Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 қабул гардид.

Стратегия ҳамаи барномаҳои ҷойдоштаро муттаҳид ва ҳамоҳанг намуда, самтҳои асосии он то ба давраи соли 2038 пурзӯр намудани механизмҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон; таъмини ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ аз шиканҷа, ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ; муқовимат ба савдои одамон ва расонидани ёрӣ ба қурбониёни савдои одамон; мустаҳкам намудани низоми адолати судии мустақил; ҳуқуқ ба озодии изҳори ақида; баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила; ҳуқуқ ба таълими босифат; ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ; ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони паноҳҷӯянда, гуреза ва пешгирии бешаҳрвандӣ ва ғайраҳо муайян намуд.  

Қабули Стратегия дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ба татбиқи самарабахши сиёсати давлатӣ дар ин самт, ташаккули муносибати эҳтиромона ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими минбаъдаи нуфузи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ ва беҳтар шудани нишондиҳандаҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон мусоидат мекунад.

         Қобили зикр аст, ки дар баробари ноил гаштан ба ин дастовардҳо соли ҷорӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон бисёр соли пурмаҳсул буд, зеро он бо таҷлили санаҳои муҳим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба анҷом расида истодааст. Аз ҷумла таҷлил гардидани 75 – соглагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, 30 – солагии принсипҳои Париж,  30 – солагии ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияҳои СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон тасдиқи гуфтаҳои болост.

Ҳамаи ин дастовардҳо, баёнгари онанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи нави рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ворид гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ шинохта шудааст.

Минбаъд низ мавқеи Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ба Оинномаи СММ, муқаррароти Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро тасдиқ кардааст, асос ёфта, дар фаъолияти ҳуқуқҳимоякунӣ меъёрҳои онҳо ба роҳбарӣ гирифта мешаванд.

 

                                                                       Сармутахассиси шуъбаи

                                                                       ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои

                                                                       кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ ҶТ                                                                                                З.Икрамова                                                                                                                                     

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор