Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

 

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардид ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст. Паём яке аз рукнҳои асосии давлатдории демократӣ ҳамчун роҳнамо барои рушду нумӯи кишварамон нигаронида шудааст. Як дастури муҳимест, ки барои фаъолияти минбаъда ҳамаи ҷабҳаҳои тараққиёти кишварро дар бар мегирад. Дар Паём сиёсати дохилию хориҷӣ ва шоҳроҳи ояндаи кишвар мустақилона муайян карда шуд. Дар ҳақиқат тантанаи давлатдории миллии мо ва амали шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи тоҷик аз Паём бармеояд, яъне дар Паём сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми неки насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ баён мегардад.

Пешвои миллат қайд намуданд, ки дар зарфи сиву ду соли соҳибистиқлолӣ, мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаем. Аз Паём бармеояд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо барои рушди соҳаҳои энергетика, саноат, сохтмон, алоқа, инфрасохтор, маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ рӯ ба тараққӣ ниҳодааст.

Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор оид ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба обу иқлим эътироф шудааст. Бо ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 инчунин, 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим ва мояи ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба илму маориф диққати махсус зоҳир намуда, зикр доштанд, ки рушди соҳаи илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаводи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорон дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардидааст. Дар ин раванд боз зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём хотирнишон намуданд, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми соҳаи маорифи муназзам, мустаҳкам ва айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарону масъулони соҳа ва аҳли маориф мебошад.

Вазорати маориф ва илм вазифадор шуд, ки тавассути роҳандозии барномаҳои таълимии муосир омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисосро таъмин намуда, лоиҳаи сармоягузории давлатии “Муҳити таълим-асоси таҳсилоти босифат”, “Чаҳорчӯбаи милии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таҳия намояд. Дар ин раванд ба масъалаи аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад. Ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.

Дар баробари ин, ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Сарвари давлат супориш доданд, ки аз 1-уми июли соли 2024 аз ҷумла музди маоши муассисаҳои маориф ва илм 40 фоиз зиёд карда шавад.

Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон насли замони истиқлол буда, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳо бузурги аср, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас доранд. Дар Паёми навбати нисбати касбомӯзии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Дар таълиму тарбияи насли наврас чӣ дар оила ва чӣ дар муассисаҳои таълимӣ бояд ҳар яки мо диққати ҷиддӣ диҳем.

Паёми навбатӣ бо як ҳиссиёту рӯҳияи баланди меҳанпарастӣ ироа гардид. Дар Паём дастоварду пешравиҳои дар зарфи солҳои охир ноилгардидаи Тоҷикистони соҳибистиқлол баён карда шуд. Зикр карда шуд, ки ин ҳама пешравиҳо бо заҳмати содиқонаву софдилона ва азму талоши ватандӯстонаи мардуми шарифи кишвар ба даст омадаанд.

Маҳз бо дарки ҳамин воқеият ва хиради азаливу тадбирандешии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” диққати хурду бузурги кишварро дар шароити пуртазоду пурҳаводиси имрӯза ҳимояи неъмати барои ҳар як инсони баномус бузургтарину муқаддас – истиқлолу озодӣ равона намудааст. Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият-сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.

Моро зарур аст, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноороми ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ аз ҳар вақта босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёр равона сохта, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, давлати соҳибистиқлолро пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем. Барои дар ҳаёт татбиқ намудани ҳар як нуқтаи Паём саъю кӯшиш намуда, сидқан талош намоем.

 

                                                                                                           

 Ҳабиба Ҳамидова - Роҳбари

Намояндагии Ваколатдор оид

ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор