Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Наврӯз ҷаҳонӣ шуд

        Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми форстабор ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷуманд ва куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва бузургтарин идҳои мардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз “рӯзи нав” маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи Соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Наврӯз ҷашнест тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ  Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, Соли нав фаро мерасад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯзро дар аввали моҳи Фарвардиняшт, ки бо солшумории имрӯзаи мо ба моҳи март рост меояд, ҷашн мегиранд.

      Аз таърихи ҷашни Наврӯз роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаву рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумоти мустақим ва пурмаъно дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Наврӯзнома”-и Умари Хайём, “Осор-ул-боқия” ва “Ат-тафҳим”-и Абурайҳони Берунӣ, “Зайн-ул-ахбор”-и Абулсаиди Гардезӣ, ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ Ҷамшеди Пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз хондаанд. Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ ба он далолат мекунанд, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён дар замони ҳукмронии шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст. Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки давраи салтанати шоҳ Ҷамшед давраи адлу инсоф ва пайдоиши якчанд ҷашнҳои суннатӣ ва онҳое, ки аз замони Зардушт боқӣ монда буданд, ба пуррагӣ қайд мешуданд.

       Чунончи дар асари машҳури Умари Хайём- “Наврӯзнома” роҷеъ ба бунёд гузоштани ҷашни мазкур чунин суханҳои пурмаънӣ омадааст: “...аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз як шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бар ин дақиқа натвонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ ибтидо карданд”.

       Аз ин китобҳои таърихӣ маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун қайд карда мешудааст, фарқи ҷашни Наврӯз аз дигар идҳо дар он маҳсуб меёбад, ки онро дар фасли баҳор ҷашн мегиранд ва оғози кишту кори баҳорист. Дар ин фасли сол табиат ба зиндашавӣ оғоз менамояд ва аз ҳама фасли зеботарин маҳсуб мешавад.

      Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намуд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хоссаро пайдо кард. Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо пазироии рӯҳияи замони нав созгор карда, имрӯз он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст. Барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат таҷлил мегардад. Дар яке аз суханрониашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз қайд карданд, ки: “ Мардуми тоҷик Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои  беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, то замони мо расонидаанд”.

       Ин барои мардуми куҳанбунёди тоҷик ифтихори бузург ва боиси сарбаландиву сарфарозии ҳар як сокинони Тоҷикистон мебошад. Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, некӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд.

      Ин масъала, хусусан дар замони мо, ки инсоният дар арсаи равандҳои ҷаҳонишавӣ ва гармшавии иқлим бо мушкилоти бесобиқа рӯ ба рӯ омадааст, аҳамияти фавқулодда муҳим дорад.

     Маҳз ҳамин омил боис гардид, ки Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ эътироф кард ва таҷлили онро дар манотиқи мухталифи сайёра тавсия намуд.  

 

Сабзов А. - муовини  сардори  шуъбаи  ташкилӣ,

иттилоотӣ ва тањлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор