Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Таърих ва анъанаҳои ҷашни қадимии Наврӯз.

            Наврӯз – яке аз қадимтарин ҷашнҳои рӯи Замин ба шумор рафта, на танҳо рамзи бедоршавии табиат, оғози кишту кор, балки вақти пок шудани қалбҳо ва оғози зиндагии нав аст.

             Наврӯз иди эҳёи табиат буда, ҳамчун ҷашни Соли нав низ шинохта мешавад. Наврӯзро дар баробари мардуми Эрону Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунин қавму миллатҳои зиёде таҷлил ва арҷгузорӣ мекунанд.

           Наврӯз  ҷашни қадимӣ ва анъанавӣ буда, ба рӯзи аввали моҳи ҳамали ё 21 – уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе  ноҳияи Тоҷикистон “Иди сари сол” низ меноманд. Бояд гуфт ки манша аз замони пайдоиши Наврӯз ба дурустӣ маълум нест. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст.

         Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст. Вожаи Наврӯз аз форсии миёна баргирифта маънои рӯзи навро дорад.

         Бояд қайд кард, ки Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21 – уми март шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи киштукори деҳқон низ ба шумор меравад.

          Дар замонҳои қадим аз Наврӯз 13 рӯз ҷашн мегирифтанд. Дар анҷоми таҷлил мардум ба саҳро баромада, аз Соли ҷадид истиқбол мекарданд. Ин як рамзе аст, ки мардум бар ин назар буданд, ки нафаре ба саҳро баромада ва аз табиат роҳат медидаро дар тӯли сол хушбахтӣ ва фаровонӣ интизор аст.

          Дар китоби “Наврӯзнома”- и Умари Хайём дар бораи пайдоиши ҷашни Наврӯз ва одоби он навишта шудааст. “Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт “Наврӯз” ном ниҳод ва ҷашн оин овард. Ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад – ӯ иқтидо карданд. Ва қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарси аввал дар мулки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном диҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз бомдод Офтоб ба аввали дақиқаи ҳамал омада. Муъбадон гирд карда ва бифармуд, ки таърих аз он ҷо оғоз кунанд. Ва чунин гуфтанд муъбадони Аҷам, ки доноёни рӯзгор буданд, ки Эзиди таборак ва таоло дувоздаҳ фаришта овардааст: аз ин чаҳор фаришта бар осмонҳо гумоштааст, то осмонро ба ҳар чи андар ӯст, аз аҳриманон нигоҳ доранд; ва чаҳор фариштаро бар чаҳор гӯшаи ҷаҳон гумоштааст, то аҳриманонро гузар надиҳанд, ки аз кӯҳи Қоф баргузаранд.  Ва чунин ки чаҳор фаришта дар осмонҳо ва заминҳо мегарданд ва аҳриманонро дур медоранд аз халоиқ. Ва чунин мегӯянд, ки ин ҷаҳон андар миёни он ҷаҳон чун хонаест нав, андар сарои куҳан бар оварда. Ва Эзиди таоло Офтобро аз нур биёфарид ва осмонҳову заминҳоро бад – ӯ парвариш дод.”

         Дар рисолаи “Наврӯзнома” сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки: “Чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бадин дақиқа натавонад омадан чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад”.  

          Наврӯз рӯзи баробаршавии шабу рӯз – 21 март ҷашн гирифта мешавад. Дар таърихи ҳазорсолаи ин ҷашн анъанаҳои зиёде мавқеи худро пайдо кардаанд.

          Рамзи Наврӯз инҳо мебошанд.

  • Эҳёи олами ҳастӣ – табиат ва инсон
  • Ваҳдат, ҳамбастагии ғояҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ, нуқтаи назарҳо
  • Умед, зебоӣ ва шукуфоии офаридаҳои табиат ва инсон
  • Сулҳ, пок шудан аз ғазабу нафрат, пок кардани руҳу ҷон

Яке аз навъҳои мизи Наврӯзӣ ин - Ҳафтсин мебошад, ки  ҳафт намуди таомро дар бар мегирад. Дар Ҳафтсин ҳама чиз дорои рамзи махсус мебошад.

  • Санҷид – рамзи ҳикмат ва даъват ба андешаи нав
  • Себ – рамзи тансиҳатии инсон ва ҷомеа
  •     Сир – рамзи ҳимоя аз бемориҳо
  • Сирко – рамзи ризоият ва фурӯтанӣ
  • Сабза – муваффақият, меҳрубонӣ, шодмонӣ
  •     Суманак – рамзи қувват ва ҳосили хуб
  •     Сумах – рамзи адолат ва умед.

         Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврӯз ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ ва ҷашни муқаддаси ниёгон мазмуну шукӯҳи тоза пайдо кард. Боиси ифтихор аст, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола дар сарзамини камназирамон дар фазои мубораки истиқлолу ваҳдати миллӣ бо самимияти хосса ва шукргузории том таҷлил мегардад.

         Иди Наврӯз моҳи сентябри соли 2009 аз  ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман  ба феҳристи ЮНЕСКО ба рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд. 19 – уми феврали соли 2010 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Истиқболи “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” баъд аз қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад. 21 – 24 март  дар Тоҷикистон ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз баргузор мегардад.

        Тибқи маълумоти расмӣ Наврӯз ҳоло дар 13 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат башумор меравад.

        Афғонистон  - 21 март; Эрон – аз 20 то 24 март; Озарбойҷон – аз 20 то 26 март; Қазоқистон – аз 21 то 24 март; Туркманистон – аз 20 то 23 март; Қирғизистон ва Узбекистон – 21 март; Албания (Рӯзи Баҳор) – аз 20 то 23 март;  Косово – 21 март; Курдистон – 21 март; Гурҷистон – 21 март; Муғулистон – 21 март; Ироқ – 21 март  рӯзҳои истироҳат аст.

         Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзҳои 21 – 24 март Иди байналмилалии Наврӯз (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.07.10 с., №611) эълон намудааст.

        Ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфтани иди Наврӯз аз бузургию шаҳомат, решаҳои амиқи фарҳангию таърихӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ доштани он шаҳодат дода, далели эътирофи тамаддуни ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон мебошад.

        Наврӯз ба иди баҳору меҳнат, бардамию нишот, чусту чолокӣ, сабзу хуррамии шаҳру деҳот ва дӯстии халқҳо мубаддал гардидааст. Мо, ки Наврӯзро ҳар сол ҷашн мегирем, бояд бидонем, ки пайдоиш ва таҳаввули минбаъдаи он чӣ гуна аст.  Наврӯз яке аз бузургтарин ва мондагортарин ойинҳои ҷашнҳои тоисломии мардуми олитабори ориёӣ мебошад, ки бо ҷашнҳои Меҳргон, Сада, Тиргон ва ғайра тавъам аст. Он ҷашну маросимҳо якдигарро комил мегардонанду тақвият мебахшанд. Наврӯз ҷашни муқаддастарин, зеботарин сури миллӣ ва фарогири ҳамагон аст. Метавон пиндошт,  ки ҷашни Наврӯз дар ҳақиқат тағйиру такмили табиати ҷаҳону инсонҳо, кӯшиш барои навшавӣ, навгароӣ, навандешӣ, тағйири тозаи зоҳир ботин, андешидани нақшаҳои навин барои беҳбудии оянда, барои дар ҷаҳони моддӣ нав шудан аст.

         Наврӯз бо умедҳо ва орзӯю ормонҳои нек ҳамроҳ буда, инсонро ба ояндаи фараҳбахш дилбаста месозад, завқи ӯро нисбат ба зиндагиву кор ва эҷод афзун мегардонад.

Ҳамасола бахти ту пирӯз бод,

Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!

Сафаргули Шамсулло-

сармутахассиси шуъбаи

ташкилӣ, иттилоотӣ ва

таҳлилии Дастгоҳи ВҲИ                     

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор