Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

       Чӣ хеле ки ба ҳар яки мо маълум аст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 соли ҷориро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд. Ин иқдоми Пешвои миллат ба раванди бунёди давлати демократӣ ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такони тоза мебахшад. Мусаллам аст, ки иқдоми мазкур ба ифтихори 30 солагии қабул шудани санади олии ҳуқуқӣ - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол мардуми шарифи кишвар онро ҷашн мегирад, бахшида шудааст.

       Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шуда, ба он 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тавассути райъпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дебоча, 10 боб, 100 модда ва муқаррароти интиқолӣ иборат мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикстон заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаётии мардуми кишварро фароҳам овардааст, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзимкунандаи муносибатҳои ахлоқӣ ва  ҳуқуқиро дар бар мегирад.

         Маърифати ҳуқуқӣ бошад, маҷмӯи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст. Аз ин лиҳоз, тарбияи ҳуқуқӣ ва тарбияи кадрҳои ҳуқуқӣ  ҳамчун шарти баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва механизмҳои ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа бояд яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифатнокии ҳуқуқӣ гардад.

       Дар зеҳни одамон бояд эътиқод пайдо шавад, ки танҳо шахсе, ки дониши ҳуқуқӣ дорад ва дар амал татбиқ кардани онҳоро медонад, фарҳангӣ ва маълумотнок ҳисобида мешавад. Ҳамзамон, вазъи кунунии рушди ҷомеа ва давлат дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шахс  саводнокии ҳуқуқии ҳамаи иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқиро тақозо мекунад.

       Чӣ хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон қайд карданд: “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.

       Дар боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд оварда шудааст, ки 28 моддаи он (аз моддаи 14 то моддаи 41) ҳуқуқҳои шаҳрванд ва  моддаҳои 42, 43, 44 ва 45 уҳдарориҳои шаҳрвандро дар бар мегирад. Ҳар як шахс ҳадди ақалл ҳуқуқу уҳдадориҳои худро бояд дарк кунад ва донад ва танҳо дар ин ҳолат ҷомеаи демократӣ пеш меравад. Риояи қонун аз оила, аз маҳалла, аз ҳар яки мо вобаста мебошад. Аз ин рӯ ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар шароити муосир ташаккул ёфтааст, қодир аст кафили арзишҳои ҳуқуқии демократӣ бошад. Эҳтироми ҳуқуқи инсон заминаи асосии фаъолияти субъектони ҷомеаи демократӣ мебошад.

      Маърифати баланди ҳуқуқӣ риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонунро дар назар дорад. Одамони дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бар зидди равандҳои ҷамъиятӣ нестанд, балки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок менамоянд. Мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки  ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад. 

      Баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар замони соҳибистиқлолии кишвар як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул шудааст. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 9–уми апрели соли 1997, №691 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 “Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ” аз ҷумлаи чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошанд. Дар ин асос санади муҳими ҳуқуқӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон – “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2019” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29–уми апрели соли 2019, №253 тасдиқ ва амалӣ гашт. Баъди иҷрои ин барнома санади навбатӣ дар ин самт – “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27–уми ноябри соли 2019, № 599 тасдиқ гашт. Айни замон дар роҳи амалӣ гаштани ин Барномаи муҳими ҳуқуқии барои ҷомеа зарурӣ корҳои лозимаро анҷом дода истодаанд.

       Ҳамзамон,  Барномаи  таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020  бо қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012 тасдиқ ва амалисози он муваффақона анҷом ёфта, амалисозии Барномаи дуюми таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои  2022 – 2026,  ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021 қабул гардидааст, бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд идома дорад.

       Боиси қайд аст, ки қабули Барномаи зикргардида ташаббуси бевоситаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон сурат гирифта, ҷиҳати амалишавии бандҳои алоҳидаи он дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ таъсиис дода шудааст.

       Барнома  низоми таълимро дар марҳилаи нави рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, тақвият додани донишҳои касбии кормандони соҳаи маориф, судяҳо, хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ, ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ҷавонон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар соҳаи ҳуқуқи инсон мутобиқи меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ равона шудааст. Яке аз самтҳои асосии татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои баланд бардоштани малакаи касбии омӯзгорони фанни “Ҳуқуқи инсон” мебошад.

      Кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии Барномаи мазкур, аз ҷумла дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда пайваста саъю талош меварзанд.

 

 

Сафаргули Шамсулло - сармутахассиси шуъбаи

ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи ВҲИ                     

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор