Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

        Ҳамасола пешниҳод гардидани Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакат  аз як тараф тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи Тоҷикистон бошад, аз тарафи дигар яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд мебошад.

     Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози ҳуқуқӣ таҳлил гардида, нақши онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва афзудани обрўву эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ басо муҳим арзёбӣ шудааст.

     Дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани шароити арзандаи зиндагӣ ба аҳолии мамлакат, таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, риояи қонунгузорӣ ва дар маҷмўъ, баҳри рушду инкишофи Тоҷикистони соҳибистиқлол дастуру супоришҳои мушаххас дода мешавад.

     Дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти кишвар дарҷ мегардад  аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ сари вақт ва бо сатҳу сифати баланд иҷро мешаванд. Зеро дар амал татбиқ гардидани муҳтавои Паём дар баланд гардидани шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳар як шахс ва дар маҷмўъ  халқи Тоҷикистон мусоидат менамояд.

     Намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа оид ба  масъалаҳое, ки дар Паём нақши назаррас доранд, моҳият ва мундариҷаи ин санади муҳимро бо самимияти хос аз худ намуда, дар амалӣ гаштани муқаррароти он саъю талош менамоянд.

    Дар солҳои 2000-2023 баҳри дар амал татбиқ намудани он масъалаҳое, ки дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд, зиёда аз 100 адад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  қабул ва дар амал татбиқ шуда истодаанд.

      Инчунин, ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки ҷиҳати беҳтар шудани шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолии кишвар, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, адолати иҷтимоӣ, таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд гардидани обрўву эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудаанд.

      Нақши Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар дар рушду инкишофи  соҳаҳои ҳаёти мамлакат муҳим арзёбӣ  мешавад.

     Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон мавқеи намоёнро ишғол намудааст, зеро дар он  масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илму маориф, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди неруи инсонӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, таҳким ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, такмили низоми идоракунии давлатӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат дар бахши таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, соҳибкориву сармоягузорӣ, ҳифзи саломатӣ, сиёсати давлатии ҷавонону занон, рушди сайёҳӣ, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, рушду нумўи қонунгузорӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, тақвияти ватандўстиву ватанпарастӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, таълиму тарбияи фарзанд, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонун  ва тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиаи мамлакат, суботу амнияти ҷомеа ва давлат, муқовимат ба терроризм, экстремизм, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон, таҳкими иқтидори содиротии мамлакат, самаранокии бозори меҳнат ва дигар масъалаҳои ниҳоят муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ мегардад.

 

Сабзов А. - муовини  сардори  шуъбаи  ташкилӣ,

иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор