Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

 

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

Апрел 2021
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30

Нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тавассути таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон хеле назаррас мебошад.

Дар ин робита дар ҳамкорӣ бо мақомоту муассисаҳои давлатӣ Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 муваффақона амалӣ гардида, роҳбарият ва кормандони мақомот саҳми босазо гузоштанд.

Самараи чунин заҳматҳо буд, ки барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ Суҳайлӣ Қодирӣ, сардори шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2021, №350 бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида шуд.

С.Қодирӣ ҳануз аз солҳои 2006-ум фаъолияти илмӣ-таълимии худро оғоз намуда, барои хизматчиёни давлатӣ, магистрони соҳаи идоракунии давлатӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, Донишкадаи идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шунавандагони мактаби лидерони ҷавони ҲХДТ (соли 2015-2020), мактаби сиёсии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе (солҳои 2016-2017), мактаби сиёсии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе (солҳои 2017-2020) ва занони сарвари Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2020) дар мавзӯъҳои: «Сарварӣ дар низоми идоракунии давлатӣ», «Имиҷи зан - савар», «Амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавонон», «Ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ» ва ғайраҳо машғулиятҳо гузаронидааст.

 Зимни фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва эҷодӣ Қодирӣ С.А. 10 мақолаи илмӣ, 12 маводи иттилоотӣ (китоб, маҷмӯа), 6 модули таълимӣ ва 22 мақолаҳои публисистӣ таҳия ва чоп намудааст.

Роҳбарият ва ҳайати кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон С.Қодириро барои сазовор гардидан бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрику таҳният гуфта, ба ӯ муваффақиятҳои беназир таманно менамоянд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор