Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

January 2026
M T W T F S S
1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31

Ҷаъбасти фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025

  

Санаи 8 январи соли 2026 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомот дар соли 2025 баргузор гардид.

         Дар кори ҷаласа инчунин намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳууқуқӣ Саидзода Исфандиёр иштирок намуд.

         Сараввал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ҷаласаи кориро ифтитоҳ бахшида, вобаста ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар тули соли 2025, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон, нишондиҳандаҳои мақомот ва камбудиҳои ҷойдошта дар самти корӣ суханронӣ намуд.

         Инчунин, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳууқуқӣ Саидзода Исфандиёр дар кори ҷаласа суханронӣ намуда, аз ташаббуси инсондӯстонаи сатҳи байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» ёдовар шуд.

         Ҳамзамон, дар рафти ҷаласаи ҷамъбастӣ ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, сардорони шуъбаҳои дахлдори мақомот ва Намояндагиҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилоятҳо манзур гардида, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

         Аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвият додани фаъолияти минбаъда дар соли 2026 ба роҳбарони сохторҳои дахлдори мақомот дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

         Дар фарҷом Умед Бобозода Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии пайвастаашон дар самти ҳуқуқи инсон баён намуда, қайд намуданд, ки минбаъд низ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидоятҳои дар паёми навбати ироагардида тамоми кушишҳоро ба харҷ дода мешаванд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор