Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

 

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

Октябр 2021
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

 

Санаи 1 октябри соли 2021 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Намояндаи навтаъйини вежаи Иттиҳоди Аврупо дар  Осиёи Марказӣ хонум Терҳи Хакала вохӯрӣ ва мулоқоти мустақим доир карданд.

Мақсади мулоқот баррасии масъалаҳои ҳамкорихои минбаъда дар самти пешрафти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баргузории чорабиниҳои муштарак, аз ҷумла масъалаҳои таъмини ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд (маъюбон), пешгирӣ ва вокуниш ба зӯроварӣ дар оила қонунгузории дохилӣ дар ин соҳа арзёбӣ ва мавриди муҳокима қарор гирифт.

У. Бобозода оид ба сиёсати давлат дар самти пешрафти ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла нақши занон дар масъалаҳои оиладорӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар бораи салоҳият, ваколат ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал дода, таъкид карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои инсон пайваста талош намуда, ҷиҳати таъмини эҳтиром ва риоя ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чораҳои дахлдорро роҳандозӣ менамояд.

Хонум Терҳи Хакала иброз доштанд, ки ҷаласаҳо ва мулоқотҳо, ки дар ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ва ченакҳои инсонӣ, ки ҳамасола бо мақсади дастгирии иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон баргузор мегардад,  платформаи муҳими муколамаи байни Ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Тавсияҳое, ки аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласаҳо пешниҳод мешаванд, барои  пешрафти ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, ҳамчун таҷрибаи хуб ва ибратомӯз барои дигар давлатҳои минтақа арзёбӣ мегарданд.

Аз ҷониби намояндаи навтаъйини вежаи Иттиҳоди Аврупо дар  Осиёи Марказӣ хонум Терҳи Хакала пешниҳод гардид, ки намояндагии минтақавии Иттиҳоди Аврупо омодааст барои дар якҷоягӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намоянд.

Дар фарҷоми мулоқот намояндаи навтаъйини вежаи Иттиҳоди Аврупо дар  Осиёи Марказӣ барои мулоқоти самимӣ ва идома додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор