Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

 

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

Октябр 2021
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Рӯзи 5 октябри соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати баланд бардоштани дониш ва малакаи касбии кормандони мақомоти давлатии ноҳия дар самти риояи ҳуқуқи инсон аз ҷониби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур кормандони вазорату идораҳои давлатии дар ҳудуди ноҳия фаъолиятбаранда, раисони ҷамотҳо ва маҳаллаҳо  иштирок намуданд.

Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ  ва фарҳангии Дасгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Раҷабов Ш. дар мавзӯи  “Сиёсати давлатӣ ва нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон” сипас сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дасгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Салоҳидинзода М дар мавзӯи “Омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” баромад намуданд.

Зимни чорабинӣ байни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавоб ва муҳокимарониҳо сурат гирифта, баромадкунандагон ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас доданд.

Дар охир Роҳбари Дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод Акрамзода Н. ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузор намудани чорабинии иттилоотӣ минатдорӣ баён намуда, иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо хеле бамаврид буда, дониш ва малакаи касбии кормандони мақомоти давлатиро баланд мебардорад.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор