Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

ДУШАНБЕ, 25.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар ҳодисаҳои фоҷиабори зери ях мондани ноболиғон дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Муъминобод, ки сабаби марги 4 кўдаки хурдсол гардидаанд, изҳори нигаронӣ намуда, сабаби онро беназоратии падару модар ва шахсони ивазкунандаи онҳо медонад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 

Дар изҳороти мақомоти мазкур, аз ҷумла омадааст, ки “ҳуқуқи кўдак ба ҳаёт, эҳтироми шаъну эътибори инсонӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озод будан аз тамоми шаклҳои зўроварӣ ҳуқуқи бунёдии кўдакон ба шумор рафта, андешидани тадбирҳои зарурии қонунгузорӣ, маъмурӣ, иҷтимоӣ ва маърифатиро талаб менамояд”.

Новобаста аз тадбирҳои андешидашаванда, ҳолатҳои алоҳидаи фавт ва ҷароҳат бардоштани кўдакон аз беназоратӣ, ки давоми моҳи равон ба вуқўъ омаданд, ташвишовар боқӣ мемонанд.

«Ҳодисаҳои фоҷеабори зери ях мондани ноболиғон дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Муъминобод, ки сабаби марги 4 кўдаки хурдсол гардидаанд, боиси нигаронии амиқи мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа буда, тадбирҳои таъхирнопазирро дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кўдакон тақозо менамоянд.

Таҳлилу омўзиши ҳодисаҳои нохуш, ки сабаби марги кўдакон гардидаанд, нишон медиҳад, ки дар аксар ҳолатҳо кўдакон бе назорати падару модар ва шахсони ивазкунандаи онҳо дар ҷойҳои ба ҳаёт ва саломатиашон хатарнок гашту гузор мекунанд»,-омадааст дар изҳорот.

Фарқ нагузоштан миёни муҳит барои калонсолон ва хурдсолон, шакл нагирифтани муҳити муҳофизаткунанда ва бетафовутӣ ба тарбияву назорати кўдакон дар ҷомеа метавонад оқибатҳои манфӣ ба бор оварад.

Дар Тоҷикистон модару кўдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дошта, кўдакон дар сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷойгоҳи хосса бархурдоранд. Дар ин замина давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайваста тадбир меандешанд.

Бояд гуфт, ки масъалаи дигаре, ки таваҷҷуҳи махсус талаб менамояд, мушкилоти кўдакони муҳоҷирони меҳнатист, ки ҳам падар ва ҳам модарашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, бе назардошти расмиёти қонунгузорӣ кўдакони хурдсоли худро дар тарбияи хешу табор мегузоранд. Дар натиҷа кўдакон метавонанд бо таъминоти иҷтимоӣ, тарбия, таълим ва назорати дуруст фаро гирифта нашаванд.

Назорати кўдакон махсусан дар шароити кўҳистон, дар ҷойҳои наздик ба роҳҳои мошингард, ҳавзу дарёҳо диққати махсус талаб менамояд. Дар ин ҳолатҳо бояд падару модар ва аҳли ҷомеа масъулият ҳис намуда, назорати ҷиддӣ баранд.

«Аз ин лиҳоз, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кўдакон аз мақомот, муассисаву ташкилот, падару модарон ва аҳли ҷомеа даъват ба амал меорад, ки дар шаклгирии муҳити муҳофизаткунанда барои кўдакон тадбир андешида, барои боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар  самти ҳифз, тарбия, таълим, назорат ва рушди кўдакон корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшанд»,-омадааст дар изҳорот.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, се кӯдаки хурдсол, сокинони деҳаи Ғарабдараи Ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ҳангоми лижаронӣ дар болои яхи обанбори сунъӣ ба об афтодаанд. Ҳамзамон  ҳангоми гузаштан аз дарёи Хонақоҳ, ки ях баста буд, як хоҳар ва бародари 16 ва 7 – сола, сокинони деҳаи Гачаки Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор ба зери ях фурӯ рафтаанд. Бо талоши ҳамсояҳо писарбача аз  марг наҷот дода шуд.

Вобаста ба ин ҳодиса  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз шаҳрвандон хоҳиш намуд, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд ва ба онҳо зарурати риояи қоидаҳои бехатариро фаҳмонанд.

Бознашр аз АМИТ «Ховар»

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор