Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Санаи 23 феврали соли 2023 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баргузор гардид.

Дар чорабинии идона сараввал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Умед Бобозода баромад намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди ҷумҳуриро бо фарорасии сиюмин солгарди таъсисёбии ҷашни ҳомиёни Ватан самимона муборакбод намуданд.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис додани  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир аст, зеро бо иқдомҳои пайваста ва пайгиронаи Сарвари давлати тоҷикон дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ, ки дар ҷумҳурӣ заминаҳои моддиву техникӣ барои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ умуман вуҷуд надоштанд, артиши миллӣ таъсис дода шуд ва хатари аз байн рафтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил бартараф карда шуд.

Дар мизи мудаввар муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Ҳ. Нидоев баромад намуда, оид ба таърихи ташаккул ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар пешбурди ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ маърӯ за намуд.

Иштирокчиёни чорабинӣ маърӯзаи пешниҳодшударо муҳокима намуда, ҷиҳати тақвият додани фаъолияти мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ҳуввияти миллии ҷавонон фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

Дар фарҷоми чорабинии идона Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Умед Бобозода бори дигар ҳамагонро бо 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, изҳори боварӣ намуданд, ки Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди Ватан минбаъд низ баҳри ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодиамон рушд хоҳад ёфт ва дар ин ҷода мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ дар доираи ваколатҳои худ саҳмгузорӣ хоҳад кард.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор