Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Ташрифи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои ислоҳӣ

 

Санаи 30 марти соли 2023 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Умед ва ҳайати ҳамроҳон Нидоев Ҳусниддин ва Солеҳзода Зафар ҷиҳати муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқҳои маҳкумшудаҳо дар Муассисаҳои ислоҳии ЯС 3/10 ва ЯС 3/13 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат боздид ба амал оварданд.

Дар рафти боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз шароити нигоҳдошти маҳкумшудагон, аз ҷумла ҷойи хоб, ҳуҷраҳои мулоқот (кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат), литсейи касбӣ, толори фарҳангӣ, ошхона, чойхона ва ҷойи кори маҳкумшудаҳо дидан намуд.

Шиносоӣ бо шароити нигоҳдошти маҳкумшудаҳо нишон дод, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда барои маҳкумшудаҳо шароитҳо муҳайё шудааст.

Зимни боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо маҳкумшудаҳо  суҳбат намуда, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас дод.

Инчунин, дар рафти боздид ВҲИ дар Муассисаи ислоҳии МИ ЯС 3/13 (муолиҷавӣ) бо беморон суҳбат намуда, аз тарзи муолиҷа ва шароити табобат суҳбат намуд. Дар рафти суҳбат беморон иброз намуданд, ки шароит хуб мебошад. Маҳкумшуда К. Б., ки ба  ҳайси ҷарроҳ кор мекунад, илова намуд, ки таҷҳизотҳо барои ҷарроҳӣ намудан замонавӣ буда, ҳама шароит барои табобат муҳайёст.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар оянда низ ташриф ба муассисаҳои ислоҳиро ба нақша гирифтааст.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор